logo

иҷтимоиёт

МОЯИ ИФТИХОР

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муқаддасоти миллист, ба ҳангоми эҷоди он муаллифон аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангии аҷдодонамон истифода бурдаанд. Дар Иҷлосияи таърихии тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт,  Парчами давлатии Тоҷикистон  аз ҷониби вакилон қабул гардид.
Аломату рангҳое, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо агар,  аз як тараф, гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.
Ранги сурхи парчам мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед - бахту иқбол ва покизагӣ буда, ранги  сабз - саъю кӯшиш ва заҳмати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардондани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора ҳафт иқлим, ҳафт минтақаи Тоҷикистон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон,  ҳафт рӯзро ифода менамояд.
Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, давлатдорӣ, ягонагии халқҳои як сарзамин буда, ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Он симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Халқи тоҷик аз замонҳои хеле қадим то даврони навин ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад».
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар  тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо парчами дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонда, ҳисси ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Мусаллам РАҲИМОВА, омӯзгори МТМУ № 52, ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 540
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед