logo

иҷтимоиёт

ЭКСПЕРТИЗАИ ХАТ. АЗ ОШКОРСОЗИИ ҶИНОЯТ ТО ШИНОХТИ ХИСЛАТИ ОДАМОН

Мутахассисони соҳа бар инанд, ки аз рӯйи ҳусни хат каму беш 17 хислати инсонро метавон ошкор намуд. Дар ҷаҳон ду ҳусни хати якхела вуҷуд надорад. Агар аз нигоҳи аввал ба назар расад, ки ҳусни хат ва ё хислати баъзе одамон мисли ду қатраи об ба ҳам монанданд, дар асл ин тавр нест. Агар инсон кӯшиш кунад, ки ҳусни хаташро тағйир диҳад, коршиноси пуртаҷриба бо муқоиса кардани ҳусни хати одӣ бо тағйиршуда унсурҳои умумии онро муайян намуда, шахси иҷрокунандаро ошкор менамоянд.
Экспертизаи давлатии судӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳим дар роҳи ошкор кардани ҷиноят мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷиноят танҳо бо роҳи таъйин ва гузарондани экспертиза исботи худро меёбад. Дар зимн, хатшиносии судӣ аз бахшҳои муҳими илми криминалистика ба ҳисоб меравад, ки тавассути он инкишофи малакаи хаттӣ - ҳаракатии шахс мавриди омӯзиш қарор мегирад ва он усулу роҳҳои ҳалли масъалаҳои ташхиси судии хатшиносиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Ба гуфтаи Шаҳодат Икромова, мутахассиси пешбар оид ба экспертизаи хатшиносии маркази экспертизаи криминалии вилояти Хатлон, дар солҳои охир шумораи ҷиноятҳо дар бахши молиявӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, тасарруфи маблағҳо бо истифодаи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, кафолатҳои қалбакии бонкӣ ва «шустушӯи» маблағҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст омадаанд, васеъ паҳн шудааст.
- Дар айни замон, ҳангоми баррасии ҷиноятҳои дар соҳаи иқтисодӣ содиршуда ҳазорҳо ҳуҷҷатҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта мешаванд. Дар ин ҳолатҳо объекти тадқиқот, яъне сабтҳои дастнавис ва имзоҳо дар ҳисобномаҳо, борхатҳо, ҳисоботҳо, расидҳо ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ низ аслӣ будани сабти дастнависҳо ва имзоҳо дар шартномаҳо, ваколатномаҳо, васиятномаҳо, инчунин, дигар мукотибаҳои корӣ ва шахсӣ мавриди баҳс қарор мегиранд, - изҳор дошт Шаҳодат Икромова.
Омӯзиши ҳусни хат решаи амиқи таърихӣ дорад. Дар замонҳои қадим одамон ҳусни хат ва хислати шахсро дар алоқамандӣ бо ҳам меомӯхтанд. Император Нерон дар яке аз номаҳояш нигоштааст: «Ман аз ин одам метарсам, зеро ҳусни хати ӯ табиати хиёнаткориашро нишон медиҳад!». Таърихшиноси Румӣ Светоний хасисии император Августро нишон дода гуфтааст: «Ӯ калимаҳоро ба ҳамдигар бисёр наздик менавишт ва ҳатто дар зери хатҳо низ қайдҳо мегузошт». Академик В. Бехтеров дар ҳошияи иҷлосияе бо равоншиносон ва асабшиносон дар бораи натиҷаҳои ташхиси номаи Сталин суханронӣ карда, аз ҷумла гуфт: «Ин ҳусни хати шахси хашмгин аст»…
Дар замони муосир давлатҳои пешрафта ба соҳаи графология таваҷҷуҳи хоса доранд. Дар ИМА ва давлатҳои Аврупо дар факултетҳои равоншиносӣ ҳусни хатро меомӯзанд. Дар кишвари мо илми хатшиносӣ танҳо дар факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олӣ омӯзонда мешавад. Вале, мутаассифона, ба криминалистон моҳияти равонии муаллифи ҳусни хат амиқ омӯзонда намешавад.
Ба қавли мутахассисони маркази экспертизаи судӣ - криминалии вилояти Хатлон, хатшиносон ҳусни хати одамонро вобаста ба хусусиятҳои гуногунашон ба хатҳои зебо, нофаҳмо, ороишӣ, калон, хурд, каҷ, ноустувор, номуайян ва ғайраҳо раддабандӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки аз ҳусни хат дар бораи шахс маълумоти бисёр гирифта мешавад. Яъне байни ҳусни хат ва хислати шахс алоқамандии муайян вуҷуд дорад. Ҳангоми навиштан ҳаракатҳои дастҳо тавассути майнаи сар идора карда мешаванд. Аз ин рӯ, дар ҳусни хат таассуроти равандҳои рӯҳии шахс дарҷ мегардад.
Таҳлилҳои графологӣ дар асоси як қатор унсурҳо гузаронда мешаванд. Масалан, ҳам самти ҳаракат (ба тарафи рост, чап, боло, поён), ҳам хусусияти иҷрои ҳарфҳо, ҳам майл, ҳам дараҷаи фишурдани даст ва ҳам  ҷойгиршавӣ дар варақ муҳим аст. Дар маҷмӯъ, дар асоси ҳамаи ин ва дигар  меъёрҳо тавсифи инфиродӣ ба вуҷуд меояд.
Анвар ҲАФИЗ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2019    №: 224    Мутолиа карданд: 663
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед