logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНИ РУСӢ – КАЛИДИ ДАРКУШОИ МАЪРИФАТ

Президенти  кишварамон Эмомалӣ  Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  таҳия  намудани Барномаи нави такмили таълими забони русиро  барои давраи то соли 2030  дар баробари забони англисӣ, яке аз масъалаҳои басо ҷиддии  соҳаи маориф арзёбӣ  карданд.
Алҳол  замоне фаро расидааст, ки   соҳаи маорифи мо низ  оҳиста – оҳиста барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагониро ба меъёрҳои талаботи ҷаҳонӣ, яъне давлатҳои пешрафта  мутобиқ намояд. Ҳамакнун мебояд  аз усули куҳна даст кашида, тарзи  муосири таълими забони русиро дар дарсҳои таълимии худ роҳандозӣ намуд. Тавре раванди таҳсил нишон медиҳад, як идда   ҷавонони мо  баъди хатми  муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ   ҷиҳати таҳсил ба  дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия,  мераванд.   Қисме аз онҳо  барои аз  худ кардани  касбу ҳунарҳои муосир  таълимгирандаи литсейҳои касбҳои техникӣ  мешаванд. Бархеи дигар бошанд,  донишҷӯи  донишкадаву донишгоҳҳои  ин кишвар мегарданд. Ё ин ки ҳамчун  муҳоҷирони  меҳнатӣ  бо  оне,  ки  забони русиро ба дараҷаи зарурӣ аз бар нанамудаанд,  барои пешбурди  рӯзгорашон кор мекунанд. Таҷрибаҳои ҳаётӣ нишон доданд, ки баъзе  ҷавонони муҳоҷиршуда аз сабаби дониши номукаммал муомилаву муоширати баландро соҳиб нестанд. Ҳол он ки ҳар  як  ҷавони берун аз Ватан қарордошта  миллатро намояндагӣ мекунад.
Албатта, барои   оне ки оянда  ҷавонон хоҳ дар Россия ва ё ҷои дигар донишомӯзу таълимгиранда бошанд, барояшон забондонӣ, аз ҷумла забони русӣ, хеле муҳим мебошад.  Солҳо боз дар муассисаи таълимӣ кор мекунам ва  хеле  хуб мушоҳида   кардаам, ки надонистани забонҳои байналмилалӣ, махсусан забони русӣ ба чӣ оварда расонд. 
Боз манфиати дигари забони русиро аз бар намудани  наврасон дар он аст, ки  онҳо тавассути   ин забон забони англисиро низ осон аз худ менамоянд. Агар  хонанда  ҳамон қадар хуб  забони русиро аз бар намояд, ба ҳамон дараҷа забони англисиро  мукаммалтар аз худ   мекунад. Тавре  ки ҳамагон мушоҳида кардаем,  давоми садсолаҳо ин халқи донишманду закӣ бисёр китобҳои адибони барҷастаи ҷаҳониро ба забони русӣ тарҷума кардаанд. Забони русӣ  калиди даркушо ба сӯи маърифат мебошад.  Аз ин рӯ, агар хонанда  забони русиро хуб  биомӯзад, ҳамон андоза бештар  майлу рағбаташ  ба  мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ  бедору бештар  мегардад.  Пас,  мо – омӯзгоронро мебояд  ба сатҳи дарсазхудкунии хонандагон, махсусан таълими ин забон, диққати ҷиддӣ  бидиҳем. 
Ман ҳамчун омӯзгори собиқадори фанни забону адабиёти рус  аз  талаботи бамиёнгузоштаи  Президенти кишварамон дар назди олимон, мутасаддиён  ва устодони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ хеле рӯҳбаланд ҳастам. Мехоҳам шогирдонеро ба камол расонам, ки оянда  забондонони  сазовори ин миллати куҳантамаддуну фарҳанги  володошта   ба воя расанд.     

Шарофат ҲАКИМОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№ 52, ноҳияи  Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2019    №: 225    Мутолиа карданд: 522
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед