logo

фарҳанг

ТАЪЛИМИ МУСИҚИРО АНДАК ПИНДОШТЕД?

Айни замон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мактабҳои бачагонаи мусиқӣ амал мекунанд, ки зинаи якуми таълими мусиқиро фаро гирифта, дар тарбияи мутахассисони ояндаи соҳа нақши асосиро мебозанд.
Саволе ба миён меояд, ки оё ин мактабҳо бо мутахассиси соҳа, созҳои гуногуни мусиқӣ, дастуру маҷмӯаҳои таълимӣ таъминанд?
Чанде пеш муаллифони ин сатрҳо бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар коллеҷу мактабҳои мусиқӣ ба Кӯлоб сафари хизматӣ доштем. Даставвал вазъи таълимро дар коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов мавриди санҷиш қарор додем.
Ин коллеҷ гарчанде ба бинои нав кӯчида бошад ҳам, толори консертӣ ва хобгоҳ надорад. Ба гуфтаи роҳбари муассиса, оҳангсози шинохта Шариф Бедаков созҳои скрипка, фортепиано, рубоби бадахшонӣ, қонун, виолончел, контрабас, созҳои оркестрии нафасӣ - мисин - кларнет, тромбон ва мутахассисони ин созҳо намерасанд. Дар муассиса созҳои мусиқии зиёд мавҷуданд, аммо қисми зиёди онҳо куҳнаву фарсуда гашта, таъмирталабанд. Аксари донишҷӯён аз созҳои шахсӣ ва ё ориятӣ истифода менамоянд. Махсусан, коллеҷ ба созҳои мусиқии тории камончадор, нафасӣ-мисини оркестрӣ, зарбӣ, торӣ-зарбӣ, фортепиано ва ғайра эҳтиёҷ дорад. Нарасидани адабиёти дарсӣ, бахусус маҷмӯаҳои мусиқӣ (нотавӣ) дар ҳама шуъбаҳо ба қайд гирифта шуд. Коллеҷ сомонаи махсуси худро надорад.
Сипас, аз мактаби мусиқии бачагонаи рақами 1, шаҳри Кӯлоб дидан намудем. Дар мактаб 11 омӯзгор ба 156 хонанда аз маҳорати навозандагиву сарояндагӣ ва рақс дарс медиҳад. Шуъбаҳои фортепиано, аккордеон, созҳои зарбӣ, созҳои халқӣ, рақс ва синфи компютер амал мекунад. Муаллимону хонандагони мактаби мазкур дар тамоми ҷашну чорабиниҳои фарҳангии шаҳрӣ иштироки фаъол доранд. Лекин набудани мутахассисони сози рубоб, скрипка, назарияи мусиқӣ, солфеҷо, консертмейстерҳо ва созҳои мусиқии фортепиано, дутор, доира, маводи таълимӣ, инчунин, маҷмӯаҳои дарсии мусиқӣ ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонанд.
Ба гуфтаи директори он Ҳ. Давлатов ҳар сол доир ба камбудиҳои ҷойдошта ба шуъбаи фарҳанги шаҳру вилоят муроҷиат мекунанд, вале чора андешида намешавад.
Дар мактаби мусиқии бачагонаи № 2 - и ин шаҳр вазъият хело ташвишовар аст. Аз гуфти директори мактаб Қурбон Султонов ва дигар омӯзгорон маълум гардид, ки ба сабаби вайрон кардани қасри фарҳанг, ки мактаб дар он ҷойгир буд, онҳоро ба биное, ки мо дар он қарор доштем, кӯчондаанд. Он ба талаботи таълими мусиқӣ, умуман, ҷавобгӯ нест. Дар як синфхонаи хурди болояш кушода дарси рубоб мегузашту дар қисми дигари синфхона дарси аккордеон. Дар севумӣ, дарси созҳои зарбӣ, ки садои созҳои мусиқӣ ба ҳам омехта, рафти дарсҳоро сахт халалдор месохт. Мувофиқ набудани бинои мактаб ва синфхонаҳо барои гузарондани дарси мусиқӣ, нарасидани мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла омӯзгорони фанҳои назарияи мусиқӣ, адабиёти мусиқӣ, солфеҷо, созҳои фортепиано, чанг, қонун, ғижак, консертмейстерҳо, созҳои мусиқии фортепиано, скрипка, дутор, аккордеон, маводи таълим, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаҳои мусиқӣ, воситаҳои аёнӣ, ба раванди таълиму тарбия халали ҷиддӣ ворид месохт.
Мактаби мусиқии бачагонаи № 3 - и шаҳр дар деҳаи наздишаҳрии Зиракӣ ҷойгир аст. Тавре ки директори таълимгоҳ Баҳриддин Ҳабибов изҳор дошт, мактаб бинои махсуси худро надорад ва дар бинои қасри фарҳанги хоҷагии «Ҳамадонӣ» иҷорашин аст. Мутахассисони соҳавӣ, аз ҷумла омӯзгорони рақс, дарсҳои назарияи мусиқӣ, солфеҷо, созҳои фортепиано, чанг, қонун, ғижак, созҳои нафасӣ, консертмейстерҳо, намерасанд. Созҳои мусиқии фортепиано, скрипка, дутор, аккордеон, най нестанд. Маводи таълим, маҷмӯаҳои дарси мусиқӣ, воситаҳои аёнӣ вуҷуд надоранд.
Аксари мутахассисон ва омӯзгорон маълумоти касбӣ надоранд. Ҳол он ки дар ин мактабҳо бояд хатмкардагони коллеҷҳои санъат, Консерваторияи миллии ба номи Т. Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дарс гӯянд. Барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ қариб, ки вуҷуд надоранд. Маҷмӯаву дастурҳои таълимӣ, ки то солҳои 90 - уми асри гузашта нашр шуда буданд, фарсуда гаштаанд. Аз сабаби набудани барномаҳои таълимӣ омӯзгорон аз рӯи фаҳмиши худ барномаи фардӣ тартиб додаанд, ки ба талаботи таълими мусиқӣ мувофиқ нест. Бинобар нарасидани созҳои мусиқӣ омӯзгорон маҷбуранд, ки бо сози мусиқии шахсиашон бо талабагон дарс гузаронанд. Шогирдон, ки сози мусиқии худро надоранд, наметавонанд вазифаи супурдаи устодро то дарси дигар дар хона машқ кунанд. Созҳои фортепиано, ки солҳои 60 - уми асри гузашта ба ҷумҳурӣ ворид шуда буданд, куҳнаву корношоям гардидаанд. Ҳол он ки гузарондани дарсҳои назарияи мусиқӣ, солфеҷо, фортепианои умумӣ ва консертмейстерӣ бе ин сози мусиқӣ ғайри имкон аст. Бо сози фарсудаву ноҷур гузарондани дарси мусиқӣ ба шунавоии кӯдакон зарар дорад.
Дар рафти сафар мо бо тарзи гузарондани дарси мусиқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 1, 3 ва 42 шинос шудем. Дар ин таълимгоҳҳо дарси мусиқиро муаллимони синфҳои ибтидоӣ мегузаронанд, ки, умуман, саводи мусиқӣ надоранд. Аз ин рӯ, китобҳои мусиқии барои синфҳои 1 - 4 - и бо теъдоди зиёд нашрнамудаи Вазорати маориф ва илмро дуруст истифода карда наметавонанд.
Мувофиқи нақшаи таълимӣ бояд дарси мусиқӣ дар синфҳои 5 - 6 низ гузаронда шавад. Лекин дар макотиби номбурда, аз сабаби набудани синфи алоҳидаи мусиқӣ ин дарсро намегузаранд.
Маҳфилҳои ҳаваскорони санъатро барҳам додаанд. Васоити аёнӣ бо забони давлатӣ вуҷуд надоранд.
Аз натиҷаи санҷиш хулоса кардан мумкин аст, ки таълими дарси мусиқӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Хуб мебуд, агар аз ҷониби вазоратҳои фарҳанг ва маориф ва илми ҷумҳурӣ комиссияи босалоҳияте таъсис меёфт то барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешида мешуд. 

Ҷӯрахон ОБИДПУР, ходими пешбари илмии шуъбаи
илмӣ-методии ПИТФИ, профессор,
Абубакр ЗУБАЙДӢ, муовини директор оид ба корҳои илмии
ПИТФИ,  номзади илмҳои таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2019    №: 225    Мутолиа карданд: 537
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед