logo

фарҳанг

"БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА". САБҚАТ ДАР РОҲИ БАЁНИ МЕҲРУ МУҲАББАТ БА ВАТАН

Бисёр рамзист, ки маросими ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи давлатдорӣ ва худшиносии миллии мост, баргузор гардид.
Иқдомоти неке, ки аз тарафи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар самти баргузор намудани озмунҳо доир мегардад, ба болоравии сатҳи маърифат ва фарҳанги миллӣ, эҳсоси масъулият ва ноил шудан ба дастовардҳои шоиста ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат мекунад. Яке аз чунин озмунҳо, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки адибони шинохта, аҳли сухан ва қаламкашони маъруфи ҷумҳурӣ доир гардид, озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» мебошад.
Чуноне Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, сатҳи донишу маърифати мардум, хусусан наврасону ҷавононро баланд бардоштан, ҳисси ифтихори миллии онҳоро бедор сохтан ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ асолат ва арзишҳои миллиро ҳифз кардан рисолати ҳар як шахси ватандӯст ба шумор меравад.
Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки шахсони соҳибфарҳангу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо, неруи тавонои зеҳнӣ ва кафили пешрафти давлату ҷомеа мебошанд. Аз ин дидгоҳ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва дар замири онҳо ҳамеша фурӯзон нигоҳ доштани ҳисси баланди ватандӯстию миллатпарастӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои муҳими воқеӣ ва ояндасоз тарҳрезӣ мегарданд.
Дар ҳамин радиф Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худогоҳиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва илмомӯзиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» - ро эълон намуд.
Дар озмун, ки аз 1 июни соли 2018 то 15 ноябри соли 2019 идома дошт зиёда аз 100 муаллиф иштирок карда, бо салоҳдиди ҳайати эҷодӣ бештар аз 300 шеъри тозаэҷоди онҳо дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд.
Баррасӣ ва натиҷагирии шеърҳои пешниҳодшуда муайян намуд, ки идораи рӯзнома ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамчун ташкилкунанлагони озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ гардиданд. Зеро дар озмун баробари шоирони маъруфу шинохтаи кишвар – Муҳаммад Ғоиб, Гулназар, Алӣ Бобоҷон, Латофати Кенҷа, Ҷӯра Ҳошимӣ, Озар Салим, Раҷаби Мусулмониён, Абдусаттори Раҳмон, ҳамчунин худи наврасон аз тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбуб ширкат варзида, бо шеърҳои шогирдона, вале пурмуҳтавои худ онро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Дар маҷмӯъ, шеърҳое, ки дар доираи озмун мунташир гардиданд, пеш аз ҳама, дар замири худи кӯдакону наврасон шавқу завқи аз худ намудани осори шеъриву насрии адибони гузашта ва имрӯзаи халқи тамаддунофари тоҷикро бедор менамоянд ва боварии комил дорам, ки дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ ба камол расидани кӯдакону наврасон нақши шоиста хоҳанд гузошт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он минбаъд низ бо ин рӯзномаи бонуфуз, ки баёнгари ормонҳои миллӣ ва инъикосгари воқеии рӯзгори мардуми босаодати мост, ҳамкориро тавсеа хоҳад бахшид.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 2073
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед