logo

иҷтимоиёт

КӮШОНИЁН. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки бо мақсади таъмини зиндагии хубу шоиста барои ҳар сокини кишвар аз марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ то дурдасттарин деҳаҳо бояд дорои инфрасохтори зарурӣ бошанд. Татбиқи нисбатан хуби ин дастури Сарвари давлатро дар ноҳияи Кӯшониён ҳам дар марказ – Ҷамоати шаҳраки ба номи Исмоили Сомонӣ ва ҳам дар аксар деҳаҳо мушоҳида кардан мумкин аст.
Бисёр навгониҳоеро вомехӯрем, ки маҳсули ҳамагӣ се - чор моҳи охиранд. Шоҳроҳе, ки кӯчаи марказиро бо ноҳияи Вахш мепайвандад, симои муосир гирифтааст. Пиёдароҳҳо ба таври дилкаш кошинкорӣ шуда, дар гӯшаҳои мувофиқ шиору овезаҳои ҷолиб, ки мазмуни ватандӯстона ва ободгароӣ доранд, насб гардидаанд.
Шоми шаҳрак низ дигар мисли солиёни қабл тира нест. Кӯчаи марказӣ аз даромадгоҳ то охир бо чароғпояҳои зебо, симчароғҳои рангрези мунаққаш оро ёфта, атрофи биноҳо ҳам дилкашанд.
Бунёдкориҳо дар маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ, бинои истиқоматии бисёрқабата, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, марказҳои замонавии хидматрасонӣ бомаром идома доранд.
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тадбирҳои ободонии маҳали зист, кӯчаву роҳҳо, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаю ташкилотҳо, таъмиру рангубори истгоҳҳо ва насб кардани шиору навиштаҷоти ватандорӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагӣ дар ҳама деҳот таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Аксияҳои “Субҳи босафои Ватан”, “Тоҷикистони биҳиштосои ман!”, “Созандагӣ ва бунёдкорӣ мароми мост!”, “Деҳаамро дӯст медорам!” аз ҷумлаи ҳамин иқдомҳоянд.
Бо мақсади муҳайё сохтани мавзеъҳои варзишӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳрак ва деҳоти Исмоили Сомонӣ, “Сарвати Истиқлол”, Бӯстонқалъа ва “Меҳнатобод” дар маҷмӯъ, ҳафт майдон ва толор бунёд ёфт.
Дар ҳошияи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба фароҳамсозии истироҳату фароғати сокинон дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа парки оббозӣ сохта, ба истифода дода шуд. 
Соҳибкорон ва ҳам аҳолӣ дар самти беҳтар кардани таъминот бо оби тозаи ошомиданӣ ташаббуси қобили ситоиш нишон дода, ба деҳаи Зарафшон аз масофаи 500 метр, ба деҳаҳои Орзу ва Чорсӯ аз масофаи 1,5 километр ва ба деҳаи Тоҷикобод аз масофаи 5,1 километр об оварданд.
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 326 иншооти таъйиноти гуногун бояд сохта шавад. Аллакай, 110 иншоот ба истифода дода шуд.
Маҳз маҷмӯи ҳамин тадбирҳои татбиқшуда буданд, ки дар 10 моҳ барои аҳолии ниёзманд ба кори доимию муваққатӣ 2 ҳазору 137 ҷойи нави кор ташкил гардид.
Бо назардошти сол ба сол афзудани хонандагон, дар назди муассисаҳои таълимӣ 28 синфхонаи иловагии дорои 700 ҷойи нишаст бунёд ёфт ва феълан дар назди нуҳ муассиса сохтмони 33 синфхона бо 775 ҷойи нишаст идома дорад, ки дар моҳҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 вазъи хуб надошт. Пас аз маблағгузорӣ аз буҷети вилоят, бинои нави дуошёнаи таълимии иборат аз 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Қобили зикр аст, ки бунёдкории бештар баъд аз мавриди амал қарор гирифтани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кӯшониён барои солҳои 2016 - 2020” ба вуқӯъ пайвастанд. Барномаи мазкур бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси коркарди маҳсулоти саноатӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар кардани хизматрасонии иҷтимоӣ мураттаб гардидааст. Амалишавии 217 лоиҳа ба маблағи умумии 248 миллиону 806  ҳазор сомонӣ пешбинӣ гаштааст. Аз ин шумора 70 ба бахши иқтисодӣ, 94 ба иҷтимоӣ, 36 ба инфрасохтор, 10 ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода ва 7 лоиҳа ба бахши таъминоти захиравӣ мансуб мебошад. То кунун 83 лоиҳа ба маблағи умумии 65 миллиону 154 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст.
Алҳол дар ноҳия иҷрои нуҳ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 1 миллиону 69 ҳазор доллари амрикоӣ дар нақша ҳаст. Дар натиҷаи амалисозии комили онҳо ноҳияи Кӯшониён ба марҳилаи нисбатан тозаи рушд ворид хоҳад гашт. 
Роҳҳои автомобилгарди ноҳия, ки 231,9 километр мебошанд, ҳам бо маблағи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмиру нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар ҷодаи кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои асосии ноҳия дониста мешавад, муваффақиятҳои назаррас кам нестанд. Пахтакорон дар вилоят яке аз аввалинҳо шуда 10 ноябр дурнаморо 100,4 дарсад иҷро карданд. Аз майдони 11 ҳазору 300 гектар 25 ҳазору 11 тонна “тиллои сафед” ба даст оварданд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 768,7 тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра ба хориҷи кишвар 4 ҳазору 156 тонна маҳсулот содирот шуд, ки ин 100,1 дарсади нақшаро дар бар мегирад.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. Ҳоло баҳри истифодаи сайёҳони хориҷиву дохилӣ 4 меҳмонхона, 6 тарабхона, 5 мабрази сарироҳӣ ва 30 китобхонаи деҳотӣ муҳайё буда, баҳри тамошои сайёҳон дар ҳудуди шаҳраку деҳоти ноҳия 7 ёдгории таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоб пешниҳод мегарданд. Мағозаи фурӯши армуғон, гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ва харитаи сарироҳии ноҳия низ мавҷуданд. Ҳамзамон, 279 ҳунарманде, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият мекунад, бо маҳсули ҳунарҳои гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, танӯрсозӣ, оҳангарӣ, шерозбофӣ, гилембофӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, кулолӣ ва ҳоказо ҳам чорабиниҳои ноҳияро зинат мебахшанд ва ҳам меҳмонони хориҷиро шефтаи офаридаҳояшон мекунанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 613
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед