logo

фарҳанг

ОЗМУНЕ САРШОР АЗ МУҲАББАТ

Бардошт аз озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин шеъри бачагона”, ки зиёда аз 100 муаллиф дар он иштирок дошт ва беш аз 300 шеъри тозаэҷодашон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуд.
Хурсанд аз он ҳастам, ки ба шарофати ин иқдоми наҷиб ва роҳ ёфтан ба озмун таассуроти хотирмоне бардоштам. Дар ин сафару дидор ва мулоқотҳо, истироҳату фароғатҳо ҳама чӣ дар сатҳи олӣ буд. Аз суханронии раиси вилояти Суғд маълум гардид, ки дар як худи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд чандин маҳфилҳои ҳунарӣ, ансамблҳои бачагонаи рақсу тарона фаъолият менамоянд, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи баланди зебоипарастӣ, ҳунаромӯзӣ ба камол мерасонанд ва барои оянда заминаи боэътимод тайёр мекунанд. Баромади онрӯзаи санъаткорони наврас далели ин гуфтаҳо мебошад.
Ҳузур ва суханронии самимонаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хеле дилгармкунанда буд. Мавсуф бо дили пур ва ифтихор аз корҳои анҷомдодашуда ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба хотири рушди фарҳангу адаб, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва ҷалби наврасон, ҷавонони вилоят ба корҳои созанда сухан гуфт. Аз ҷумла, изҳор намуд, ки ҳамеша аз чунин ташаббусҳо, ҳамкориҳо ҷонибдорӣ хоҳад кард ва омодааст, ки чорабинии  бошукӯҳеро  бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят баргузор намоянд. Бо мақсади дастгирӣ ва илҳомбахшии аҳли қалами вилоят тасмим доранд, ки асарҳои онҳоро дар алоҳидагӣ ба табъ расонанд ва хазинаи китобхонаи вилоятиро боз ҳам ғанитар гардонанд.
Шуҳрат Азиззода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар баробари расондани паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шеърҳои дар саҳифаи рӯзнома нашргардида дар як китоби дастаҷамъӣ таҳия ва чоп гарданд.
Рӯзи баргузории ҷамъбасти озмун лаби дарёи Сир идгоҳеро мемонд. Хурду бузург бо як ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ, ба тан либосҳои зебою идона ҷамъ омада, роҳи Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералиро пеш гирифтанд. Бахусус, шодию ҳаяҷони иштирокчиёни хурдсол, наврас ва ҷавон интиҳо надошт. Онҳо бо як беқарории хоси худ оғози чорабиниро интизорӣ мекашиданд, зеро ин рӯзро дер боз орзу мекарданд.
Ҷиҳати дигари хотирмони базм дар он буд, ки адибони маъруфи ҷумҳурӣ Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло, Фарзона, Озарахш, Ҷӯра Ҳошимӣ, Ато Мирхоҷа - муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Алӣ Бобоҷон, Латофат Кенҷаева, Раҷаби Мусулмониён, Абдусаттори Раҳмон ва дигарон, ки аксарашонро ғоибона мешинохтам, аз ҳусни маҳфил буданд.
Ҳақ ба ҷониби Стасиа Тошер мебошад, ки гуфтааст: “Мо ҳамеша нигарон ҳастем, кӯдак дар оянда кӣ мешавад, вале фаромӯш мекунем, ки ӯ имрӯз чӣ касе аст.” Бо ин маънӣ таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба насли наврас аз ҷониби роҳбарияти кишвар сол ба сол зиёд мегардад. Даҳҳо муассисаҳои томактабӣ, литсею гимназияҳо, маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фароғатӣ, Боғи кӯдакон ва Театри бачагонаи “Лӯхтак”дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, истироҳатгоҳҳои тобистона дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар хизмати бачаҳо қарор дода шудаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр намуданд: “Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдакон, таъмини шароит барои эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ гаштааст. Бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ба шарофати  сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа Тоҷикистон дар самти ҳуқуқҳои кӯдак ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Бо кулборе пур аз ғанимати маънавӣ баргаштан  аз соҳили дарёи  Сир, ки замоне Темурмалики қаҳрамон тавассути киштиҳои худ шинокунон истилогарони муғулро тирборон менамуду то охирин нафас баҳри озодии миллату сарзамин бо онҳо дар ҷанг буд ва ба эҳтиромаш рамзан тарабхонаи “Темурмалик”  дар шакли киштӣ бунёд гашта буд, хеле муассиркунанда менамуд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,
корманди рӯзномаи “Садои мардум”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 1344
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед