logo

иҷтимоиёт

ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар кишвар ҳамчун сарзамини родмардону донишмандон, санъаткорону суханварони асил, дорои табиати афсонавию манзараҳои зебову дилфиреб шинохта мешавад. Сарояндагони хушовоз  Одина Ҳошим, Давлатманд Холов, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Ҷумъахон Сафаров, ҳунармандони мумтоз Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Исо Абдурашидов, суханварони ширингуфтор Ашӯр Сафар ва Хайрандеш зодагони ин диёри таърихиву бостонӣ мебошанд, ки бо ҳунари волои хеш фарҳангу ҳунари нотакрору беназири миллати тамаддунофари тоҷикро дар гӯшаву канори гуногуни олам муаррифӣ намудаанд.
Ноҳия бо ҳавои софу беғубор, кӯҳҳои сарбаафлок, чашмаҳои зулолу мусаффо, рӯду дарёҳои пурхурӯшу тезҷараён ва ҳайвоноту набототи нодир на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он шуҳрати зиёд дорад. Дар баробари ин, мақбараҳои шахсиятҳои бузурги таърихӣ, ба монанди Эмоми Аскарӣ дар деҳаи Доғистон, Имом Ҷаъфари Содиқ дар деҳаи Даштиҷум, шайх Муҳаммадамини Валӣ дар деҳаи Поргвор, Саидабибии Робиямоҳ дар деҳаи Ҳоҷидара, шайх Ёрмуҳаммади Валӣ дар деҳаи Бахорак, домулло Абдулфайзи Малак дар деҳаи Оҳангарон, зиёратгоҳи хосу ом мебошанд.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат сол ба сол  ободтару зебо мегардад. Ҳоло баҳри пешвози сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар ин диёри зархези Ватани маҳбубамон корҳои ободониву созандагӣ беш аз пеш вусъати тоза мегиранд. Қобили зикр аст, ки дар ин ҷода дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин, шахсони саховатманд низ саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин давра бо ибтикору дастгирии онҳо як қатор иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Аз ҷумла, соҳибкори маҳаллӣ Шамс Назаров дар шафати Шоҳроҳи бузурги Абрешим, ки аз маркази ноҳия мегузарад, боғи намунавӣ бунёд намуд. Боғ дорои 5 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадор буда, дар дохилаш меҳмонхонаи замонавӣ қомат меафрозад. Соҳибкори дигари маҳаллӣ Аламхон Нуров низ дар шафати шоҳроҳ, дар доманаи кӯҳҳои осмонбӯс, меҳмонхонаи хуштарҳу замонавии дуошёна бунёд намуд, ки барои қабули меҳмонон бо тамоми шароити будубошаш омодаи хизмат аст.
Тавре муовини раиси ноҳия Санам Ғаффорзода иттилоъ дод, ин ҳама ободкориву созандагиҳо ва навгониҳо аз он далолат медиҳанд, ки мардуми сарбаланду баору номуси ноҳияи баландкӯҳи овозадори Шамсиддини Шоҳин ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакатро сармашқи кори худ карда, баҳри боз ҳам шукуфо намудани ин диёри маҳбуб камари ҳиммат бастаанд. Солҳои охир сохтмони даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, эъмор ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ бо муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба анҷом расонда шудаанд. Ҳоло бошад, навсозии қитъаи роҳи автомобилгарди 32,7 километраи   Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо маром идома дорад. Мардуми заҳматкаши ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо такя ба таҷрибаи созандаи гузаштагони худ, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ корҳои ободонии диёри куҳанбунёду зебоманзари худро вусъат бахшида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 656
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед