logo

фарҳанг

ФОТЕҲИ ҚУЛЛАҲОИ ОРМОН. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Фотеҳи қуллаҳои ормони миллат» баргузор гардид. Аз номаш пайдост, ки ҳамоиши мазкур ба хидматҳои бедареғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи дубораи миллат ва пойдории сулҳу амният дар кишвар бахшида шуд.
Иштирокчиён якдилона ба корҳои созандагӣ, ободонӣ ва пешрафти давлат дар соҳаҳои гуногун, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат сурат гирифта истодаанд, арҷ гузошта, барои сабақ аз рӯзҳои вазнини солҳои навадуми асри ХХ ёд карданд.
Ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ба қудрат, ҷасорат ва якқавлии Пешвои миллат ишора карда, гуфт: «Баъди кӯтоҳтарин муддати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азм карданд, ки баҳри осудагии кишвар ва озодона нафас кашидани сокинони аз ҷанг озордида ба Афғонистон сафар намоянд. Аз ҷониби Афғонистон ҳар замон огоҳ мекарданд, ки ба бехатарии намояндагони Тоҷикистон ҷавоб дода наметавонем. Вазъ хеле муташанниҷ аст, гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳар лаҳза метавонанд ҳуҷум созанд ва ба амният рахна зананд. Аммо Сарвари кишвар бо иродаи матин дил ба дарё зада, сафарро ба Афғонистон анҷом доданд. Воқеан, сафарашон бо пирӯзӣ анҷом ёфт. На танҳо замон нишон дод, ки дар эъмори давлати навини тоҷикон ибтикороти ҷиддиву қатъӣ доранд, балки ба мухолифин низ собит шуд, ки давлат соҳибашро ёфтааст ва ба ҷуз аз сулҳу салоҳ чорае нест». Айнан ҳамин сафар заминаи воқеии сулҳи тоҷиконро поя гузошт.
Дар баробари шунидани маърузаҳо, инчунин, донишҷӯён филмҳои ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ва «Президенти мардумӣ» - ро тамошо карданд. Дар он наворҳои таърихӣ аксари лаҳзаҳои ҳассоси сафарҳои Президенти кишвар ба Афғонистон ва давлатҳои дигар сабт шудаанд.
Рудоба Мустаҷоб, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар суханронии хеш таваҷҷуҳи Сарвари давлатро ба оромии ҷомеа ва баргардондани гурезагон махсус таъкид карда, изҳор дошт: «Пешвои муаззами миллат ба ҳазорон достону шеър арзандаанд. Коре, ки он кас барои миллат сомон доданд, номашонро барои ҳамеша дар дилу дидаҳо зинда нигаҳ медорад. Ашки шодии гурезагон баъди бозгашт, дуои модарони фарзандгумкарда, пирони рӯшандил, хандаҳои кӯдакони ба сулҳ расида ба мисоли дуоҳо ба номи Сарвари кишвар нисор мешавад. Самимияту миннатдории замири онҳоро Пешвои миллат аз чашмонашон эҳсос мекунанд ва аз ин хотир, дар сафарҳои хеш ба манотиқи гуногуни мамлакат бо мардум чун хешу ақрабо муносибат карда, дилёбиву дилҷӯӣ мекунанд».
Дар ҳақиқат, хидматҳои Сарвари далат дар роҳи пойдор мондани халқу миллат калон аст. Инро намоёнтарин чеҳраҳои сиёсии ҷаҳон зикр кардаанд. Бештари онҳо ба боздоштани ҷанг аз тарафи Пешвои миллат ишора мекунанд, ки дар таърих назир надорад. Дар мисоли миллати аз ҷанг ранҷдидаи афғон мебинем, ки аз оташи ҷанг бурун кашидани мамлакат чӣ қадар душвор аст.
Муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода дар меҳвари сиёсати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштани ҷавононро зикр карда, аз ҷумла гуфт: «Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, дар ҳоле ки алангаи ҷанги  шаҳрвандӣ кишварро фаро гирифт, мардум парокандаю бесоҳиб монда буд, эҳсоси яъсу навмедӣ на танҳо мардуми одӣ,  балки аксари  чеҳраҳои аввали сиёсату амалро низ фаро гирифта буд. Пешвои шуҷоъ ва хайрхоҳи миллат ба халқи худ хитоб намуданд:  "Ман ба шумо сулҳ меоварам!». Дар он замони мураккаб ягона шахсе буданд, ки мардуми азияткашида чун умеди охирин ба ӯ ҳамчун фариштаи наҷот  бо чашми умед нигаристанд. Ин ҷавонмард бо қатъият ва ҷиддият аз нияти неки худ башорат дода,  дар дили мардум шуълаи боварро фурӯзон ва ба ваъдаи худ вафо намуданд.
Мардум шоҳиди он гаштанд, ки  роҳи сулҳ чӣ сон мушкилу пурпечутоб буд, вале ин абармард аз байни обу оташ гузашта, машъали сулҳро дар ин  кишвари ҷангзада дубора афрӯхтанд».
Аз ишораҳои рӯшани Зулфия Давлатзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум гашт, ки сулҳи деринтизори миллатро аз ҳама бештар занону модарон ба ҷон мехостанд.
- Барои зан - модар, ки давом-диҳандаи ҳаёт дар рӯи Замин аст, дидани марги офаридаҳояш сахт сангин аст. Барои ҳамин, модаронро аксар маврид чун намоди осоиштагӣ ва оромӣ мешиносанд. Хушбахтона, ба толеи баланди ҳазорон модари дилсӯхта Пешвои миллат парчами ваҳдатро парафшон карданд. Кам набуданд бонувоне, ки шукр аз зинда мондани дуюм ё сеюм фарзанди худ мекарданд. Ҷои писари шаҳидамро ин писарам мегирад, муҳим Тоҷикистон ором бошад, мегуфтанд модарони дарёдил, - изҳор дошт Зулфия Давлатзода.
Ширкатварзидагон дар муроҷиат ба ҷавонони фаъол ва ояндасоз таъкид доштанд, ки ҳаёту фаъолияти фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун сабақ бояд бипазирем ва дар рӯзгор, кору фаъолият ва иқдомҳои илмиву эҷодии хеш иродаи қавӣ ва якқавлии Пешвои муаззамро чун намуна истифода барем.
Дар ҳамоиш донишҷӯён бо як барномаи зебову хотирмон ва муназзаму омӯхтанӣ дили ҳозиринро шод карданд. Дар рафти барнома садоқату самимият ва эҳтироми хешро ба Сарвари давлат, Ҳукумат, арзишҳои миллӣ ва бузургони илму адаб баён доштанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 1901
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед