logo

иҷтимоиёт

ЭНЕРГЕТИКА."РОҒУН" МАКТАБИ БУЗУРГИ КАДРҲОИ ОЯНДАСОЗ

Бо заковат ва маҳорати дастпарварони мактаби сохтмони «Роғун», ки эстафетаи мактаби машҳури Норакро муваффақона идома дода истодаанд, на танҳо ин неругоҳи азим, ҳамчунин даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд ёфта, захираҳои нуҳуфта баҳри шукуфоии бештари Ватани азизамон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Муҳандисону  сохтмончиёне, ки дар раванди бунёди ин неругоҳ рӯйи кор омадаанд, дар сатҳи беҳтарин ҳамтоёни хориҷии худ қарор доранд. Алъон ду нафари онҳоро муаррифӣ мекунем. Ба таъбире “Ватан бояд қаҳрамононашро донад”.

ВОХӮРИИ ТАҚДИРСОЗ
Муҳандиси ҷавон Комрон Сафаров тақдири хешро бо сохтмони неругоҳи “Роғун” соли 2011 пайваст ва то имрӯз аз ҷумлаи ҳазорҳо бунёдкорони ин иншооти аср аст. Дар ин муддат дар кору рӯзгораш воқеаҳои ҷолиб кам набуданд. Аммо аз ин миён ӯ соли 2015, аниқтараш сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмонро дар ҳаёти худ тақдирсоз мешуморад.
- Баъди хатми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар сохтмони неругоҳ корро дар бахши назорати техникӣ ба ҳайси муҳандис оғоз намудам. Тахтасангҳои сементиро аз рӯи стандарти байналмилалӣ санҷида мебаромадем. Корҳои васлгарӣ ва арматурбандиро анҷом медодем. Тӯли се соли кор бо лоиҳаҳои иншооти неругоҳ хуб шинос шуда,  қисме аз масъалаҳои мураккаби сохтмониро амиқ омӯхтам, ки баъдан сабаби ба кори илмӣ рӯ оварданам шуданд. Ростӣ, дар хусуси рисолаи илмӣ баъзан орзу мекардам, аммо ҳанӯз ба хулосае наомада будам, - ба хотир меорад Комрон.
Соли 2015, вақте Сарвари давлат ба Роғун омада, бо аҳли сохтмон вохӯрданд, ба бахташ ӯ аз сомеони суханронияшон буд. Зимни сафар Пешвои миллат ба роҳбарияти неругоҳ супориш медиҳанд, ки озмоишгоҳи марказии сохтмонро ташкил кунанд. “Ҷаноби Олӣ на танҳо аз ҳаётан муҳим будани сифату назорати корҳо баҳри таъмини амнияти иншоот сухан карданд. Махсус афзуданд, ки пайваста санҷидани сифати корҳои анҷомдода зарур аст, зеро НБО “Роғун” умеди имрӯзу фардои халқ буда, бояд даҳсолаҳо бенуқс хизмат кунад. Ва ин корро  мутахассисони ватандӯсти худамон бояд анҷом диҳанд. Яъне, кадрҳое тарбия кардан зарур, ки дар донишу маҳорат аз ҳамтоҳои хориҷии худ кам набошанд”, - нақли он вохӯрӣ мекунад Комрон.
Ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки рӯ ба ҷавонон аз ору номуси ватандорӣ басо заминию самимӣ ҳарф мезаданд, ба ҷисму ҷонаш таъсир карданд ва эътимодашро қавӣ гардонданд. Қатъӣ қарор дод, ки роҳи илмро дар асоси корҳои бунёди неругоҳ пеш гирад. Ба аспирантураи Донишгоҳи сохтмонии шаҳри Москва дохил гашта,  чор сол таҳсил кард. Сипас, дар мавзӯи коррозияи бетонҳои гидротехникӣ рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои техникӣ шуд. Мавзӯи тадқиқоташ “Роҳҳои зиёд намудани дарозумрӣ ва беҳтарсозии сифати  иншооти оҳану бетонӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ” буд. Олими ҷавон соли гузашта ба корзори  “Роғун” баргашт. Ва аз ҳамон вақт ба ҳайси муовини сардори озмоишгоҳи марказии неругоҳ фаъолият дорад. Ширкат дар бунёди иншооти нодир ба мутахассиси ҷавон илҳому неру бахшид, ки масъалаҳои мураккаби сохтмони иншооти гидроэнергетикиро аз нуқтаи назари илми муосир баррасӣ карда, ҷиҳати устуворию боэътимодии иншооти неругоҳ хулосаю пешниҳодҳои амалию муфид пешниҳод созад.

ХАНДАИ БАХТ
Маҳз ифтитоҳи озмоишгоҳи марказӣ, ки аз ҷиҳати таъминот бо техникаю таҷҳизоти муосир дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад,  мутахассисони ҷавони неругоҳро ба омӯзишу пажӯҳиши усулҳои нави кор ва таҷрибаи пешқадами сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ водор кард. Мисли Комрон Сафаров бисёр ҷавонон бо истифода аз беҳтарин шароити фароҳамшудаи корӣ аз лиҳози тахассусӣ  камол меёбанд ва мутахассисони баландпоя мешаванд.  Қисме аз онҳо аспирантони донишгоҳҳо ҳастанд ва корҳои илмӣ мебаранд. Фарҳод Розиқзода, сардори шуъбаи маршедии раёсати  муҳандисии НБО “Роғун”  низ аз зумраи ҳамон “кадрҳои тиллоиест”, ки ба шарофати дастгириҳои Президенти кишвар дар неругоҳсозӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхта, имрӯз ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳаи энергетика шинохта шудааст. Номбурда кори тамоми  ширкатҳои сохтмонии дохилию хориҷиро назорат мебарад.
– Сипоси бепоён ба Роҳбари хирадмандамон, ки барои пешрафти мо, кормандони ҷавон,  тамоми шароити заруриро фароҳам овардаанд, - гуфт зимни суҳбат Фарҳод. – Бахти мо, мутахассисони ҷавон, дар Роғун воқеан хандид. Вақте барои озмоишгоҳи марказӣ техникаю таҷҳизоти навтарини санҷишии гидроэнергетикӣ  аз ширкатҳои Канадаю Швейтсария  харид мешуданд, дар  шартномаи харид махсус қайд мегардид, ки тарзи истифодаи онҳо ба коргарони маҳаллӣ омӯзонда шавад. Чунин созишномабандӣ имкон дод, ки   ман ва садҳо кормандони дигари тоҷик  давоми фаъолияти худ идора кардани онҳоро  бо ҳамаи нозукиҳо омӯзем. 

ТАКЯ БА КАДРҲОИ МИЛЛӢ
Бахтиёр Мирзоев, яке аз олимони варзидаи соҳаи гидроэнергетика, мутмаин аст, ки фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзиш барои кадрҳои ҷавони кишвар дар бахши энергетика ҷиҳати табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати аз лиҳози гидроэнергетикӣ пешрафта заминаи асосӣ мегузорад.
- Давлатҳои дунё  вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ дар соҳае пешрафта мегарданд. Дар Тоҷикистони азизи мо захираҳои гидроэнергетикӣ афзалияти бештар доранд. Ҳамчунин, то ҳамон андозае, ки саноати минтақа ва ҷаҳон пеш равад, эҳтиёҷот ба неруи барқ, хусусан “неруи сабз” зиёдтар мегардад. Бо дарки чунин аҳамияти бузурги иқтисодӣ Пешвои муаззами миллат роҳи тараққӣ додани саноати энергетика бо такя ба кадрҳои ватаниро пеш гирифтанд. Барои расидан ба ин ҳадафи олии иқтисодӣ тарбияи кадрҳои болаёқат нақши бориз дорад. Дар сохтмони “Роғун” аксари коргарону кормандони муҳандисию техникиро ташкил додани мутахассисони маҳаллӣ далели рӯшани он аст, ки дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта мешаванд. 

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 1188
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед