logo

иҷтимоиёт

ТИББИ ОИЛАВӢ. АНДЕШАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

Тибби оилавӣ ҳамчун раванди нав ва самаранок дар соҳаи тандурустӣ на танҳо имконият фароҳам меорад, ки тандурустии саросари аҳолӣ беҳбудӣ ёбад, балки тӯли солҳои мадид назорати муттасилу бардавоми саломатии як оиларо аз бобою бобокалону бибиҳо то набераю абераҳо таъмин менамояд. Бо ин тарз табиби оилавӣ метавонад ба бемориҳои ирсӣ, тағйироти номатлуб дар бунёни аъзои як оила табобати дурусту аниқ фармуда, роҳҳои пешгирии бемориҳои хавфноку сироятӣ ва ҳам меросиро бо усулҳои замонавии табобат рӯи кор оварад.
Махсусан дар шаҳри Душанбе солҳои охир тибби оилавӣ хеле рушд намудааст. Танҳо муроҷиат кардан ба Маркази тибби оилавӣ кофист, ки мариз барои таҳқиқи бемориаш ва роҳҳои табобати он бо ҳама воситаҳо таъмин гардад. Ба шарофати сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти замони муосир пурра таъмин гаштааст. Табибони ҳозиқ метавонанд бо ёрии онҳо дарди беморро аниқ муайян намоянд ва ба табобаташ пардозанд. Дар ин ҷо барои ҳам пирон ва ҳам кӯдакону ҷавонон шароити мусоиди табобату ташхис муҳайёст.
Дар ҳамин радиф донишгоҳҳои давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино курси тибби оилавиро фаъол намуда, дар он табибони оянда аз рӯи равияи нави илмӣ омода мегарданд. Дар бисёр беморхонаҳои клиникӣ барномаҳои ординатурӣ барои омодасозии насли нави табибон, яъне табибони оилавӣ ва баланд бардоштани дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо тарҳрезӣ шудаанд. Сол ба сол аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои тиббии ҷумҳурӣ ҳаёти минбаъдаи худро бо ин равия пайваста, дар деҳаҳои дурдасти кӯҳистон анъанаи духтури умумӣ – дармонбахши ҳама бемориҳоро зинда месозанд.
Табибони оилавӣ кулли беморонро новобаста аз ҷинсу синну сол ва намудҳои беморӣ муоина менамоянд. Солимии кӯдаконро аз назар мегузаронанд, рафти инкишофи онҳоро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам ақлӣ ба мушоҳида мегиранд. Ин тарзи фаъолият имкон медиҳад, ки бисёр бемориҳо, аз қабили кузоз (шах шуда мондан), гулузиндонак, шалшавӣ ва ғайра бо роҳи эмгузаронӣ пешгирӣ шаванд. Ҳамчунин, табиби оилавӣ ҳамрози модарони оянда  аст, онҳоро аз рӯзҳои нахустини ҳомиладорӣ то ба ҳастӣ овардани тифли батнашон бо суханони гарму нарм рӯҳбаланд месозанд.  
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки табиби оилавӣ на танҳо дармонбахши аҳли оила, балки дӯсти ҳар хонадон мебошад.

Жанна САИДОВА, номзади илми тиб,
Миҷгон САЛИМОВА, табиби оилавии Муассисаи давлатии
маркази саломатии № 8, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.12.2019    №: 228    Мутолиа карданд: 623
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед