logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. САФИ ФАЪОЛЗАНОН РӮ БА АФЗОИШ ДОРАД

Ба муносибати 20 - умин соли мавриди амал қарор гирифтани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон” нахустфоруми бошукӯҳи сарварбонувон доир гардид.

Сиёсатмадорон, ҷомеашиносон, собиқадорони арсаи меҳнат ва донишмандон зимни суханрониҳои хеш қабули ин фармони таърихан муҳимро барои ба зинаҳои роҳбарӣ ва дараҷаҳои баланди тахассусӣ роҳ ёфтани занони воқеан арзанда як иқдоми ҷиддии айёми соҳибистиқлолии кишвар унвон карданд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, иброз дошт: "Ҳоло ягон соҳае нест, ки дар он бе ҳузури занон муваффақиятҳои меҳнатӣ ба даст оварда бошем. 439 зан ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаъолият мекунад. 73 дарсади кормандони соҳаи тибби вилоятро низ занон ташкил медиҳанд. Шумораи бонувон дар ҷодаи илм низ тамоюли афзоиш дошта, аз 350 олими дорои  дараҷаи илмӣ 47 нафараш зан мебошад. Аз ҷумла, 3 нафар доктори илм, профессор ҳаст”, - афзуд раиси вилоят.
Гуфта шуд, ки бо мувофиқшавӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ тафовути касбҳои занонаву мардона аз байн рафта истодаанд. Ин аст, ки аз ҳисоби занон нисбат ба соли гузашта 600 соҳибкори дигар афзуда, роҳбарии 12 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон ба зимма доранд.
Шумораи занони ҳунарманд дар миқёси вилоят ба ҳазорҳо нафар расида, дар ҳошияи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат санъати заргарӣ, чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои дастиро ривоҷ бахшида истодаанд.
Саҳми занон дар бобати ободкориҳои марбут ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки дар баробари сохтану ба истифода додани чандин иншооти ҷашнӣ аз ҷониби бонувон, ҳамзамон, онҳо дар тозаю озода ва гулпӯшу сабзкории ҷойҳои ҷамъиятӣ ва кӯчаву манзилҳои хусусияшон саҳми бағоят калон доранд. 
Дар ҳамоиш тасмим гирифта шуд, ки соли оянда шумораи занони роҳбар 2 - 3 маротиба афзоиш дода шавад. Масъулиятшиносии бештар ва хоҳиши ободкории бонувон омили аслии ин иқдом аст.
Қурбон Ҳакимзода аз ҳозирин хоҳиш кард, ки дар баробари ин ҳама фаъолиятҳои наҷиб ба масоили татбиқи беҳтари сарфаю сариштакорӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, солим нигоҳ доштани муҳити оила ва тарбияи дурусти фарзандон таваҷҷуҳи амиқ зоҳир кунанд. “Барои бонувони ҷавон бояд корнамоиҳои меҳнатии занони сарбаланди хатлонӣ: Гавҳарбӣ Пиракова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Саодат Амиршоева, аввалин гинералзани тоҷик, Латофат Сироҷева, Корманди шоистаи Тоҷикистон, омӯзгори собиқадор, Латофат Шарифова, собиқадори хизмати давлатӣ, Табассум Тағоева, доктори илмҳои филология, профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав, Тӯтихон Назарова, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар, Зайнура Мӯсоева, собиқадори меҳнат ва дигарон намунаи ибрат бошанд”, - зикр кард раис.
Ташкили гӯшаҳои ҳунарҳои дастӣ, эҷодиёти чопӣ ва суруду таронахонӣ дар васфи Меҳан, арзишҳои миллӣ ва зан-модар аз бахшҳои дигари ин ҷамъомад буд, ки ба ҳамагон писанд афтод.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият” 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 1058
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед