logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ

Дар мактаб - интернати ёрирасони № 1, шаҳри Кӯлоб  кӯдакони фикран қафомонда ба таълиму тарбия ва касбомӯзи фаро гирифта шудаанд. Ба қавли директори он  мекӯшад то камбудиҳоро бартараф карда, дар муассиса дигаргуниҳоро рӯи кор биёрад. Аз рӯи мушоҳидаҳо ҳам шароиту буду боши хонандагон агар дар сатҳи олӣ ҳам набошад, аммо нигаронкунанда ҳам нест ва ҳаддалимкон шароитҳои зисту таълим фароҳаманд.
Сурайё Бадарғаева, директори мактаб - интернати ёрирасони №1, шаҳри Кӯлоб зикр кард, ки “дар муассиса 150 кӯдаки фикран қафомонда таълиму тарбия мегиранд, ки 2 нафараш ятими кул, 21 нафараш нимятимон ва боқимонда аз оилаҳои нодору камбизоат ҳастанд. Имсол ҷевонҳои нав, қолин, пойпӯшҳои нав харида овардем, синфхонаю роҳравҳои қабати якумро таъмир кардем. Се синфхонаи касбомӯзӣ, аз ҷумла чӯбтарошӣ, пойафзолдӯзӣ ва заргарӣ амал мекунанд, ки онҷо толибилмон касб меомӯзанд. Дар синфхонаи чӯбтарошӣ шогирдон ба тарошидани чӯб, сохтани курсии бе такягоҳ (табуретка) афзоли покиза кардани фарши хона (ба истилоҳ швабра) машғул мешаванд. Ҳамзамон дар муассиса як синфхонаи заргарӣ таъсис додем, ки толибилмон нозукиҳои ин касбро меомӯзанд”.
Дастгирӣ ва кумаки сарпарастон ва ашхоси саховатпеша ба ин табақаи ҷомеа хеле назаррас аст. Ба иловаи манбаъ: “Сарпарасти кул ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки онро бо сару либоси мактабӣ, мавсимӣ ва пойафзол таъмин мекунад.
Ба назар мерасид, ки дар ҳавлии мактаб - интернат ҳарҷо - ҳарҷо қитъаи замин ҷудо гардидаву дар он номи гурӯҳе сабт гардидааст. Сабаби инро Сарвари таълимгоҳ чунин арзёбӣ кард: “Азбаски хонандагон фикран қафомондаанд, бештар ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Дар саҳни ҳавлии мактаб барои ҳар як гурӯҳ қитъаи замин ҷудо шудааст, ки хонандагон дар вақти фориғ аз дарс ва баъди хӯрдани таоми нисфирӯзӣ дар он ҷойҳо ба миқдори як соат ба кор ҷалб мегарданд ва бо ёрии устодон барои худашон сабзавот мекоранд.”
Хотиррасон бояд шуд, ки дар муассиса як иқдоми навро роҳандозӣ намуданд, яъне чагдон насб карданд, то хонандагон ба нони болаззати танурӣ  таъмин шаванд.
И. ХУДОЙДОД, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.12.2019    №: 229    Мутолиа карданд: 768
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед