logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. АЗ ПЕШРАФТИ САНОАТ ТО ХИЗМАТИ РОЙГОНИ ТИББӢ

Шаҳри Турсунзода бо табиати рӯҳнавозу обҳои мусаффои рӯду дарёҳои хурӯшон,  ҳайвоноту  набототи нодир ва  кӯҳҳои осмонбӯс барои рушди сайёҳӣ минтақаи ояндадор маҳсуб меёбад. Сокинони заҳматкаши  шаҳр бо шукргузорӣ  аз файзи истиқлолият ва сулҳу ваҳдати мамлакат баҳри ноил шудан ба комёбиҳои баланди меҳнатӣ ва шукуфоии Ватани маҳбуб пайваста бо дили гарм талош менамоянд. Ҳамин аст  ки, тадриҷан, симои шаҳр  зеботар гашта, соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти он пеш мераванд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ ташрифи қариб 7000 сайёҳи дохилию хориҷӣ далели симои тоза гирифтани шаҳр маҳсуб меёбад.
Абдуқодир  Вализода, раиси шаҳр, изҳор дошт, ки  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома доранд. Хусусан, бунёди иншооти ҷавобгӯ ба талаботи муосир, фаъолияти босамари корхонаҳои соҳаи саноат дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қарор дорад.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни миллӣ  дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону афроди саховатпеша бунёд ва ба истифода додани беш аз 310 иншооти муҳими таъйиноти  гуногун дар гӯшаю канори шаҳр ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 123 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бунёди 15 сардхона бо ғунҷоиши 1190 тонна маҳсулот, мағозаи фурӯши тухмии зироат, нуриҳои минералӣ,  таҷҳизоти кишоварзӣ, нуқтаи таъмири мошинҳо, чойхонаи миллӣ,   мумфарш намудани роҳ, таъмири биноҳои МТМУ №№ 5, 8, дар деҳоти Навобод сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, кошонаи ҳусн, маркази саломатӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, сартарошхона, ошхона, дорухона,  азнавсозии мактабҳои рақамҳои 11, 26, роҳ ба масофаи 1,5 километр ба анҷом расиданд.
Дар маркази шаҳр низ бунёд ва навсозии иншооти гуногун бомаром идома доранд.  Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатӣ, биноҳои истиқоматии баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, 4 майдончаи варзиш, сартарошхона, 2 майдончаи бозии кӯдакона, маҷмааҳо бо фавораю  рамзи ТАЛКО, барқарор намудани роҳи даврашакл дар маҳаллаи 1 - ум, барқарорсозии муҷассамаи Модари қаҳрамон аз натиҷаҳои корҳои созандагӣ  мебошанд, ки ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр  ба масъалаи таъмиру тармими роҳҳо низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Соли ҷорӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 11,3 километр  роҳ мумфарш гардида, 71 километри дигар  аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, сокинони деҳот бо ҳисси баланди ватандӯстӣ тариқи ҳашар ба  ободонию бунёдкорӣ рӯ оварда, дар корҳои тоза намудани роҳ, ҷӯю заҳбур, ниҳолшинонӣ, сафед кардани дарахтони шафати роҳҳо, насби шиору овезаҳо, рангубор намудани девору биноҳо дар маҳаллу канори роҳҳои марказӣ  саҳм мегузоранд. Бо мақсади гузарондани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, соли равон дар шаҳр 32 ҳазору 908 бех ниҳоли сояафкану ороишӣ, дарахтони мевадиҳанда, гулҳои садбарг ва мавсимӣ шинонда шуд.
Бо назардошти саҳми соҳибкорон барои рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр дастрасии онҳо ба хизматрасонии бонкӣ беҳбудӣ ёфтааст. Дар натиҷаи фароҳам омадани шароитҳои зарурии фаъолияти соҳибкорӣ  шумораи онҳо ба 5811 нафар расидааст. Дар ҳамин давра дар шаҳр 758 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии аҳолӣ, аз тарафи филиалҳои бонку ташкилотҳои қарзии хурд  162,1 миллион сомонӣ қарз ҷудо шуд, ки назар ба даҳ моҳи соли гузашта 26 миллиону 31 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаҳои  саноат, сохтмон, энергетика ва нақлиёт бахшҳое мебошанд, ки  ба рушди иқтисоди шаҳр замина гузоштаанд. Саноат ҳамчун соҳаи воқеии иқтисодиёт дар мадди назари аввали роҳбарияти шаҳр  қарор дорад. Бо назардошти ин, дар шаҳр баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардидаанд. Алҳол беш аз 40 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, бунёди 7 корхонаи саноатии дигар дар нақша аст.
Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба маблағи  621 миллиону 229,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 миллиону 281,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик»  дар ҳаҷми 317 миллиону 835 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 931 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ низ  самти пешбарандаи иқтисодиёти шаҳр маҳсуб меёбад. Деҳқонони асилу пуртаҷриба ҳамасола дар роҳи  таъмини амнияти  ғизоии аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Онҳо  дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро роҳнамою сармашқи кор қарор додаанд. Дастовардҳои кишоварзони шаҳр рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 422,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса ба соли  гузашта 13,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида, хусусан дар самти рустанипарварӣ (329 миллион сомонӣ) ва чорводорӣ (39,1 миллион сомонӣ), барзиёд таъмин гардид. Дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо 45 гектар боғу токзор бунёд ёфт. Бо мақсади захираи  беталафи  меваю сабзавот ҳоло дар шаҳр 24 сардхонаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир бо ғунҷоиши 5400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  равона намуда, саъй дорад, ки  соли ҷориро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст намояд. Ҳамчунин, барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳама тадбирҳои заруриро меандешад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 1453
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед