logo

иҷтимоиёт

ХИЗМАТИ ПУЛАКИИ ТИББӢ. ЧАРО ОН ДАР ВМКБ ВУСЪАТ НАМЕЁБАД?

Дар се соли охир 26 муассисаи тандурустии вилоят ба Феҳристи хизматрасонии тиббии пулакии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, ба аҳолӣ дар самтҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат хизмат расонда истодаанд. Соли равон аз ин ҳисоб ба суратҳисоби муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят 2 949 287 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба  нақша бештар аз 2 миллион сомонӣ ва дар таносуб ба соли 2018 - ум  849 286 сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра ба 10 071 нафар шахси дорои имтиёз ба маблағи 262 566 сомонӣ хизматрасониҳои тиббию санитарии ройгон расонда шуд. Ин матлабро Фарид Музаффаров, сардори раёсати тандурустии Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” зикр намуда, ҳамзамон, изҳори нигаронӣ кард, ки ҷиҳати ҷавобгӯ набудани базаи моддию техникии аксарияти муассисаҳои табобатии хадамоти госпиталии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва гаронарзиш будани доруворӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин муассисаҳо то ҳол роҳандозӣ нашудааст.
Мутобиқи  Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали  соли  2017   «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2019» ба  тариқи пилотӣ дар беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, шабакаҳои кумаки аввалияи ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон хизматрасонии тиббии ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт (пардохтҳо аз тарафи беморон ва  маблағҳои буҷавӣ) ҷорӣ гардида бошад ҳам, аз ин ҳисоб ба  суратҳисоби муассисаҳои номбурда ҳамагӣ 634524 сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи пешбининамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159875 сомонӣ камтар мебошад. Гаронарзиш будани нархи доруворӣ ва маводи бандубаст, ҳанӯз ҳам ҷой доштани ҳолатҳои камбизоатии аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят, нокифоя будани маблағҳои буҷетӣ барои таъмин бо доруворӣ ва хӯрокворӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ барои амалисозии барнома монеа эҷод мекунанд. Ин  аст, ки  дар беморхонаҳои  минтақавию ноҳиявӣ  нақшаи  пардохти  ҳаққи хизмати  пулакӣ ҳамагӣ ба  андозаи 30 - 50 дарсад иҷро  гардидааст. Фарид Музаффаров зикр кард, ки азбаски ин  муассисаҳо то ҳол бо таҷҳизоти зарурии ташхис ва мутахассисон пурра таъмин нашудаанд, сокинони навоҳии вилоят бештар ба беморхонаи вилоятӣ муроҷиат менамоянд, ё барои ташхису табобат  ба шаҳри Душанбе ва хориҷи мамлакат мераванд. Ҳарчанд солҳои  охир бо кумаки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар ва мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд  дар самти таъмини муассисаҳои табобатии вилоят бо таҷҳизоти муосир ва бозомӯзии мутахассисон қадамҳои устувор гузошта шуда   бошанд ҳам, вале натиҷаҳо то ҳол на дар ҳамаи муассисаҳо  қонеъкунандаанд. Масалан, дар касалхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ, ки ба масоили беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, баланд  бардоштани шароити кории кормандон таваҷҷуҳи бештар равона  гардидааст, нақшаи қабули беморон беш аз 6 баробар иҷро шуда, даромад ба суратҳисоб ҳам хеле афзудааст. Ин имкон дод, ки муассиса ба кормандони маркази ташхисии назди касалхонаи  вилоятӣ ба ғайр аз маоши асосӣ ба таври илова ҳар моҳ 1500 сомонӣ пардохт намояд. Баланд бардоштани маоши кормандон бошад, ба  беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ, дастрасии бештар ба  таҷҳизоти муосири тиббӣ мусоидат мекунад. Мутаассифона, ин ҳолат  дар дигар муассисаҳои табобатии вилоят камтар ба мушоҳида мерасад.
Аммо Ёдгор Файзов, раиси вилоят, зикр кард, ки сабаби асосии пешрафт накардани кор дар самти ҷорӣ кардани хизмати пулакӣ дар  муассисаҳои табобатии вилоят - ин муносибати саҳлангоронаи масъулин  ба масъала мебошад. Ба таъкиди раиси вилоят, ҳар як ислоҳот кори  нимколаро намепазирад. Азбаски қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт дар муассисаҳо пурра ва бо назардошти имконоти воқеӣ амалӣ нагардидаанд, таҷриба ба пешравиҳо муваффақ нашудааст. Ҳангоми  қабули барнома бисёр коршиносони дохиливу хориҷӣ дар баробари зикри ҷиҳатҳои мусбати он ба баъзе норасоиҳои он эрод гирифта  буданд. Яке аз он эродҳо ба он рабт дошт, ки дар барнома ба  қишрҳои гуногуни ҷомеа қатъи назар аз шароити феълиашон имтиёзҳо  дода шудаанд. Ва ин дуруст ҳам аст, зеро нисбат ба шахсе, ки  мубталои касалии қанд асту шароити зиндагониаш хуб мебошад, зарурати пешниҳоди имтиёз нест, вале тибқи барнома ба чунин нафарон имтиёз дода мешавад. Чунин  мисолҳо дар вилоят кам нестанд. Бинобар ин, ба муассисаҳои  табобатӣ зарур аст, ки дар татбиқи қарорҳои номбурда маҳз шароити  воқеии зисту зиндагии маризонро ба инобат гиранд.
Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир омили муҳими сифати хизматрасонӣ мебошад. Қатъи назар аз ин, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ қадамҳои  устувор гузошта шуда бошанд ҳам, дар ин самт ҳанӯз норасоиҳо ҷой  доранд. Норасоии кадрҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ бо ин   таҷҳизот қобилияти кор  кардан доранд, монеаи дигари пешрафти кор дар самти хизматрасонии пулакӣ унвон гардид.

Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 1574
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед