logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ҳафтаи пор дар даҳлези  нашриёт  бо  ошнои дерин, раиси собиқадорони Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - и ноҳияи Восеъ Ҳасан Файзалиев вар  хӯрда аз ҳолу аҳволи аъзоёнаш ҷӯён гаштам. Гуфт: "Ҳама хуб асту соз".
Солҳои пеш қаҳрамонони арсаи меҳнатро ҳукумати давр шоиста таблиғ мекард ва кору пайкори ашхоси номвару меҳнатдӯст ба ҷавонон намунаи ибрат буданд. Аз ин рӯ, нахуст аз эшон дар бораи бону Бозоргул Алиаҳмадова – Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ пурсон гаштам. Гуфт, шукрона саломату бардаманд. Қатъи назар аз солмандиашон (83 - сола) ҳоло ҳам дар саҳро заҳмат мекашанд. Амаки Ҳасан, ҳамчунон, афзуданд, ки бонуе дигар, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Гавҳарбӣ Пиракова низ бардаму болидарӯҳ дар ҳалқаи пайвандон давлати пирӣ меронанд, ки аз ин навид хушҳол гаштем.
Бозоргул Алиаҳмадова соли 1936 дар деҳаи Араби ноҳияи Муъминобод ба дунё омада, соли 1947 мактаби ибтидоиро дар зодбум, мактаби миёнаро дар деҳаи Чанори Сафеди ноҳияи Восеъ поён бурдааст.
Солҳои 1950 - 1957 колхозчии колхози ба номи Сталини ноҳияи Колхозобод (ҳозира Восеъ), 1957 - 1989 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Аз соли 1990 нафақахӯри шахсӣ. Шурӯъ аз соли 2003 хоҷагии деҳқонии «Худойдод» - ро асос гузошт.
Хизматҳои шоёни Бозоргул Алиаҳмадоваро ҳукумати вақт бо ордени Ленин (1960), медалҳои «Барои меҳнати шоён» (1965), «Барои меҳнати шуҷоатнок». Ба муносибати 100 - солагии В.И.Ленин» (1970), ордени Револютсияи Октябр (1971), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат (1973) ва соли 1978 барои меҳнати шуҷоатнок ва иҷрои нақшаву уҳдадориҳо, инкишофи пахтакорӣ бо унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ бо гирифтани ордени Ленин ва медали тиллоии «Дос ва болға» қадр намудааст.
Имрӯзҳо ин бонуи асил аз хона дида, кори саҳроро меписандад. Бонуи солманд Бозоргул Алиаҳмадова дар майдони 5 гектар замини хоҷагии деҳқониаш бо аҳли хонавода заҳмат кашида аз ин ҳисоб рӯзгори хуш ба сар доранд.
Бонуи зафарёр бо ҳамсараш Раҷаб Туманов се фарзанд ба воя расонда, соҳиби набераву абераҳои зиёд гаштаанд. Фарзандҳояшон Худойдод, Зайнаб ва Руқия бо аҳли оилаҳои хеш зиндагии хушу хуррам доранд.
Устоди пахтаи Тоҷикистон Бозоргул Алиаҳмадоваи 83 - сола ба сифати роҳбари хоҷагии деҳқонии «Худойдод» имрӯз ҳам болои кор аст.

Умари ШЕРХОН, публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 589
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед