logo

иҷтимоиёт

ЛАХШ. ТАТБИҚИ БАРНОМА САМАРОВАР ХОҲАД БУД

Нигоҳе ба раванди амалишавии Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020 ва сохтмони як қатор иншоот ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо мақсади таъмини иҷрои ҳадаф ва самтҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 -  2020 қабул гардид. Барнома иҷрои  136 лоиҳаи афзалиятнокро барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар бар мегирад, ки аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва кишоварзӣ пешниҳод шудаанд.
Маблағи умумии лоиҳаҳо 82,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳо ба соҳаи иқтисодӣ 46 адад  бо маблағи 17,5 миллион сомонӣ, ба иҷтимоиёт 48 - то ба маблағи 32,7 миллион сомонӣ, ба ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода 6 лоиҳа ба маблағи 1,0 миллион сомонӣ, ба инфрасохтор  35  адад  ба маблағи 30,2 миллион сомонӣ,  ба бахши таъминоти захиравӣ 5 - то ба маблағи 0,7 миллион сомонӣ рост меоянд. Аммо иҷрои барнома ба маблағи 7 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ ё баробари 9,6 фоиз таъмин гаштааст. Тибқи дурнамо дар соли 2019 бояд 112 лоиҳаи иҷтимоию иқтисодӣ амалӣ мегардид.
Зикр бояд намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020 дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидааст. Аммо, амалисозии лоиҳаҳои пешбинишудаи барномаи мазкур аз тарафи вазоратҳои кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол дастгирии худро наёфтааст. Чунончи, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд намудани маблағгузории солонаи сохтмони бинои нотамоми мактаби № 9 дар деҳаи Ҷиргатол, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия, ташкил намудани лабораторияҳои фаннӣ дар панҷ мактаб, бунёди биноҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 7, 13 ва 56, коллеҷи омӯзгорӣ оғоз наёфтаанд. Инчунин, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба таъмири бинои таълимии литсейи касбӣ – техникӣ даст назадааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ сохтмони бинои шуъбаи бемориҳои сироятиро, кашол медиҳад. Вазорати фарҳанг, сохтмони қасри фарҳангро дар маркази шаҳраки Ваҳдат фаромӯш кардааст. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири роҳи автомобилгарди деҳаи Сугат ба масофаи 10 километр ва роҳи автомобилгарди деҳаи Қашот, Қарасой, Оқсой ба масофаи 11 километр, барқарор сохтани заводи истеҳсоли асфалт бо иқтидори 350 тонна дар як шабонарӯз дар деҳаи Домбрачиро аз моҳе ба моҳе ҳавола медиҳад.
Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Икромов дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059АП  ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати  истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2021 таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони  34 иншооти таъйиноти гуногун ба  нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 1 иншоот, аз Иттифоқи “Тоҷикматлубот” таъмири 1 иншоот, аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ 6 иншоот, аз соҳибкорон ва аҳолӣ 18 иншоот ва  аз ҳисоби ташкилотҳои хориҷӣ 8 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки айни ҳол 10 адади онҳо мавриди истифода қарор ёфту корҳои сохтмонӣ дар  иншооти дигар идома доранд.          
Бояд гуфт, ки ба муносибати истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумори 136 иншооти нақшавӣ то 40 – тои он дар соли 2018 ба анҷом расонда шуд, 50 адад дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1346
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед