logo

иқтисод

"ҶУНТАЙ – ДАНҒАРА СИН СИЛУ ТЕКСТИЛ". БЕШ АЗ 12 ҲАЗОР ТОННА РИШТАИ ПАХТАГИН ИСТЕҲСОЛ ШУД

Корхонаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» - и ноҳияи Данғара дар 10 моҳи соли равон 12120,1 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 2690 тонна зиёд аст. Суръати афзоиши  истеҳсоли маҳсулот 128,5 дарсадро ташкил намуд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки саҳми корхона дар тавлиди маҷмӯи риштаи пахтагини ҷумҳурӣ дар ин давра 67,5 дарсадро ташкил дод. Дар корхона ташхисгоҳ бо дастгоҳҳои USTER фаъолият дорад.
Гуфта шуд, ки ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи ИМА, Швейтсария, Олмон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали ҶСП «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 ва навбати дуюми он 5 ноябри соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1578
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед