logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ПЕШГИРӢ АЗ ЗАРАРИ ҲАЙВОНОТИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ҲОРӢ

Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии зарари ҳайвоноти гирифтори бемории ҳорӣ (девонашавии ҳайвон) корхонаҳои давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 2 ҳазору 467 сагу гурба ва дигар ҳайвонҳои бесоҳибро безарар гардонданд.
Фахриддин Аслиддинзода, роҳбари намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон, бо зикри ин матлаб афзуд, ки ин ва дигар хидматрасониҳои онҳо танҳо дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешаванду халос. Номбурда сабаби дар дигар манотиқи атроф таҳти назорат қарор нагирифтани ин масъаларо ба мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ марбут донист.
- Азбаски имкониятҳои маҳдуди молиявӣ дорем, ҳанӯз аз кори худ қаноатманд нестем. Барои безараргардонии ҳайвоноти гирифтори бемории ҳорӣ ба баъзе мавод ва василаҳои корӣ эҳтиёҷ дорем, ки мутаассифона, барои дастраси ба он аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ сурат намегирад,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Бо вуҷуди тадбирҳои татбиқгардида, ба иттилои Икром Барфаков, муовини сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, дар 10 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳазору 512 ҳодисаи одамонро газидани ҳайвонот ва ду фоҷиаи фавти осебдидаҳо сабт шудааст. Дар натиҷаи ташхис муайян гардидааст, ки ҳайвоноти ба одамон дарафтода аксаран дорои бемории ҳорӣ буданд. - Агар инсонро ягон ҳайвон газид, фавран бояд ҷойи осебдидаро дар ҷойи ҳодиса бо собун дар оби равон шуст. Баъдан, ба духтур ва хадамоти байторӣ муроҷиат кунад, - тавсия медиҳад И. Барфаков.
Барои рӯй надодани чунин ҳодисаҳо ё пешгирӣ аз он мувофиқи қонунгузорӣ, соҳибони сагҳо вазифадоранд, ки барои сагҳояшон шиноснома бигиранд ва бо истифода аз хидмати духтурони байторӣ эми зидди бемориҳоро сари вақт гузаронанд. Лекин, чуноне мутахассисон мегӯянд, ин ҷиҳати масъала аз мадди назари ҳамагон дур мондааст.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 1087
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед