logo

иҷтимоиёт

ОЯТУЛЛО МАШРАБОВ. ТОҶИКПИСАРЕ, КИ ДАЛЕР АСТ

Ин бор сухан дар бораи варзишгари ҷавон Оятулло Машрабов меравад, ки соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба гӯштии тарзи озод чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардааст. 
Охирин бор Оятулло дар Мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 20 то 25 октябр дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор шуда буд, соҳиби медали тилло гашт.
- Дар се давр паҳлавонони қазоқро шикаст додам. Дар марҳилаи баъдӣ бо гӯштигирӣ қирғиз рӯи татами баромадам ва он барои ҳардуямон муҳим ба ҳисоб мерафт, чунки нафари ғолиб ба нимфинал роҳхат мегирифт. Рақибамро бо ҳисоби 12-2 дучори бохт намуда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтам. Дар ин давр маро паҳлавони Ӯзбекистон интизор буд. Ҳарифи ӯзбекистониямро бошад, пеш аз анҷоми вақт мағлуб намудам. Қувваозмоии финалӣ бо Муҳаммад Валӣ аз Қирғизистон  бароям душвор афтод. Хушбахтона, тавсияҳои додаи мураббиам Абдураззоқ Олимовро ба кор бурда, ӯро ноком намудам, - гуфт Оятулло Машрабов.
Ӯ афзуд, ки ба ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дид ва то оғози мусобиқа тайи 15 рӯз дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷамъомади машқӣ-таълимӣ гузашт.
Қаҳрамони мо аз соли 2012 инҷониб ба гӯштии тарзи озод машғул аст. Аввал ӯ зери роҳбарии Зоиршоҳ Қаландаров тамрин мекард ва баъди шомил шудан ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 2017 то ҳол нозукиҳои риштаи гӯштиро аз Абдураззоқ Олимов, сармураббии тими мунтахаби кишвар, омӯхта истодааст.
Ҳоло Оятулло дар курси чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳсил дорад. Паҳлавони ҷавон бо изҳори қаноатмандию миннатдорӣ аз ректори донишкада Шодӣ Сафаров мегӯяд, ки зимни ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ ва мусобиқаҳо ӯро бе ягон мамоният аз дарсҳо озод мекунад то ба мусобиқаҳо омодагӣ бинад.
Оятулло дар оила, писари сеюм мебошад. Онҳо дар оила чор писаранд ва ӯ ягона ҷигарбанди хонадон мебошад, ки роҳи варзишро интихоб кардааст.
- Падари бузургворам Муродулло ва бародари калониям Абдураҳмон барои сафарбар гардидан ба ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ ва иштирок дар мусобиқаҳо маро дастгирӣ мекунанд, ки ба ман тавон мебахшанд, - иброз медорад Оятулло.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 585
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед