logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ИНШООТИ ҶАШНӢ ВИЛОЯТРО ЗИНАТ МЕБАХШАНД

Давоми се соли омодагиҳо ба Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мувофиқи нақша 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, аллакай 53 адади он ба истифода дода шудааст, ки 26,5 дарсади нақшаро дарбар мегирад.
Аз ҷумла, дар деҳоти Узун маҷмааи чойхона, мағоза ва толори ҳусн аз тарафи соҳибкор Ҳ. Қаюмов мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар ҳудуди мактаби № 30 бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона, ҳуҷраи омӯзгорон ва толори варзиш ба истифода дода шуд.
Дар деҳаи Фрунзеи деҳоти Фрунзе ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ ва тариқи ҳашар 300 метр роҳи автомобилгард аз тарафи аҳолӣ  мумфарш гардид. Дар ҳамин деҳот, ҳамчунин, бо ибтикори мардум  чойхонаи замонавӣ сохта шуд. Дар шаҳраки Гулистон бинои нави маркази хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории  «Амонатбонк», маркази савдою хизматрасонӣ, мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бунёд ва ба истифода дода шуд, ки дар  иншооти номбурда сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. 
Дар дурдасттарин деҳаи ноҳия - Баҳор бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ дари худро ба рӯи мардум боз намуд, ки он аз коргоҳи дӯзандагӣ, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, мағоза ва ҳаммом  иборат аст.
Сохтмони маҷмааи истеҳсолию хизматрасонии «Маъсума» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадшариф Асадуллозода низ бо харҷи як миллиону 300 ҳазор сомонӣ ба анҷом расидааст. Сокинони деҳа аз ифтитоҳи чунин маҷмааи савдою хизматрасонӣ, ки дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд, изҳори шодмонӣ карданд.
Дар деҳаи Суюнободи деҳоти Фрунзе маркази нави саломатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Сохтмони маркази саломатии мазкур соли гузашта оғоз ёфта, аз ҷониби гурӯҳи ҳамоҳангсози назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Лоиҳаи беҳтаркунонии хизматрасонии тиббӣ бо сарфи як миллиону 350 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.
- Сокинони меҳнатқарину фаъолманди хатлонзамин дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ сармашқи кор қарор дода,  бо рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ барои саҳм гузоштан дар бунёди мактабу кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ,  тиббӣ, биноҳои маъмурию истиқоматӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, хатҳои обгузар ва ғайра талош доранд. Ин ободкориҳо, бешубҳа, моро ба ояндаи дурахшоне мебаранд.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 785
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед