logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар ноҳияи Рӯшон васфи ин оила вирди забонҳост. На танҳо аз он хотир, ки сарвари он Завқибек Худоёров солҳои зиёд раиси ҷамоат буду баъдан чун муовини раиси ноҳия низ ба мардуми маҳал софдилона хизмат кардааст. Боз аз он ҷиҳат, ки фарзандони нек обрӯю эътибори падар афзунтар намуданд. Хизмати онҳо буд, ки оилаи Худоёровҳо бо самимият “оилаи педагогҳо” ном гирифт.

Аз ҳафт фарзандаш панҷ нафар омӯзгор шуд, яке тақдири хеш бо тиб пайвасту писар пешаи муҳандисиро ихтиёр намуд. Сабаби “оилаи педагогҳо” шудан ибрати Ҳаётбегим буд, ки нахустин шуда ба Душанбе рафт ва дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳи педагогӣ таҳсил кард. Аз паси вай Беҷода муаллимаи фанни биология, Ҷонбегим забону адабиёт, Азизхотуну Гуляман омӯзгори забони русӣ шуданд. Ягона додараш Худоёр чанд сол инҷониб вазири нақлиёти ҷумҳурист.
Ҳаётбегим чил соли умр нисори тарбияи шогирдон кардааст. “Аслан меҳри ин касби пуршараф дар қалби ман дар мактаби миёна аз дарсҳои аҷоиби устоди азизам Қиматшо Укуматшоев маъво гирифт, - ба хотир меорад ӯ, - зеро мавзӯъҳоро ончунон шавқовар мегуфту мефаҳмонд, ки гӯшу ҳуш шуда вақтро фаромӯш мекардем ва танҳо бо садои занг анҷоми дарсро мефаҳмидем”. Ба гуфти худаш, дар овони донишҷӯӣ ҳам дар масъалаи устодони закӣ бахташ омад кард. Омӯзгорони варзида Абдулғанӣ Мирзоев, А. Эшонҷонов, Назаршо Бозидов, Холиқ Мирзозода, Асомиддин Насриддинов, Тилло Пулодӣ, Юрий Бобоев, Собирҷон Мирзоев, Ҷонон Бобокалонова ва дигарон баҳри бекарони илму дониш буданду ба шогирдон ғаввос шудану аз он дурдона чиданро бо маҳорати хосса меомӯзонданд.
Зебодухтари помирӣ баъди хатми донишгоҳ соли 1976 фаъолияти педагогиро дар ноҳияи Рӯшон дар мактаби рақами 18 шурӯъ кард. Соле пас бо омӯзгори ҷавони фанни кимиё Юсуф Маҳмадиев риштаи ҳаёташро пайваст, ба мактаби рақами ҳашти зодгоҳаш - деҳаи Дерзуд баргашт.
Кор дар мактаби зодгоҳ барои Ҳаётбегим мушкиле пеш наовард. Аз як тараф, дилаш пур буд, ки устодаш дар паҳлу ва беҳтарин маслиҳатгараш аст. Аз ҷониби дигар дониши қавӣ, муомилаи хуб, маданияти баланд калиде шуданд барои раҳ ёфтан ба қалби шогирдон. Мекӯшид, тарзе дарс диҳад, ки хонандаҳо на дилгир шуда ба тиреза нигаранд ё бо кори дигаре андармон шаванд, балки гӯшу ҳуш шуда, вақтро фаромӯш созанд.
Ҳар вақте Ҳаётбегим ба дарс омодагӣ мегирифт, ҷавҳари педагогика водораш мекард, ки роҳи осон наҷӯяд, пайваста дар фикри бо истифодаи усулҳои гуногун ҷолиб сохтани дарс бошад, ончунон мавзӯъро шавқовару сода фаҳмонад, ки нақши хотираи хонанда шавад.
Ва ҳамин тавр ҳам мешуд. Дар дарсҳояш қариб тамоми синф фаъол буд.
Ҳикояти мухтасари хешро мехоҳам бо иқтибосе аз номаи яке аз шогирдонаш - Робия ҳусни мақтаъ бахшам: “Вақтҳои аввал дар дарсам ҳамагӣ ду - се нафар даст мебардошт. Ман зиқ мешудам, ки шояд дуруст фаҳмонда наметавонам. Ин лаҳзаҳо дарсҳои шумо ёдам меомаданд, ки чун саволе медодед, дасти қариб тамоми синф боло мешуд. Ҳоло бошад, дар дарсҳои ман низ чунин манзара доимӣ гаштааст. Шумо бароям беҳтарин намунаед...”

Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 617
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед