logo

иқтисод

ДАСТРАСӢ БА ОБ МАСЪАЛАИ КАЛИДИИ ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛА

Бояд гуфт, ки норасоии об ва истифодаи босамари захираҳои он дар миқёси ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои ҳалталабу мубрам табдил ёфтааст. Ҳарчанд аз масоҳати умумии сайёраи Замин тахминан 70 дарсади онро об ташкил медиҳад, вале қисми хеле ками он нӯшоист. Миқдори зиёди обҳо шӯр ва барои ошомидану зироаткорӣ мувофиқ нестанд. Обҳои шӯрро танҳо тавассути сармоягузориҳои азиму коркарди зиёд ба обҳои қобили истифода табдил додан имконпазир мегардад.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, истеъмоли оби тоза дар давоми 50 соли охир 3 баробар афзудааст. То соли 2050 аҳолии сайёра қариб ба 10 миллиард мерасад ва ҳамасола талабот ба оби тоза меафзояд. Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз дар ҷаҳон технологияи поксозанда ва коркарди оби истифодашуда хеле кам аст. Агар чораҳои саривақтӣ андешида нашавад, то соли 2030 тақрибан 5 миллиард сокини сайёра ба вазъи норасоии оби ошомиданӣ рӯ ба рӯ мегардад.
Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ боис мегардад. Вазъи ногувори норасоии оби нӯшоӣ ҳатто метавонад сабабгори даргириҳо ва нооромиҳо дар байни давлатҳои сайёра гашта, дар ҷаҳони муосир майдони навбатии рақобати сиёсиро ба миён орад. Аз ин лиҳоз, тамоми кишварҳои ҷаҳонро мебояд барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дастҷамъона чораҳои муассири саривақтӣ андешанд.
Кишвари мо, ҳарчанд дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии норасоии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Бинобар ин, ҳанӯз соли 1999 Сарвари давлат дар иҷлосияи 54 - уми Маҷмаи умумии СММ изҳор намуда буданд: “Вақти он расидааст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад”.
21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қатъномаи навро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо ҳамовозии 177 кишвари узви созмон қабул намуда, барои ҳамкории устувори давлатҳо ҷиҳати рафъи мушкилоти вобаста ба об заминаи воқеӣ гузошт. Барномаи мазкур садсолаҳо ба ҷомеи ҷаҳонӣ дар кори фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба об ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ манфиат мебахшад ва эътибори кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ торафт баландтар менамояд.
Мутобиқи Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ ҳадафи асосии даҳсола ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ мебошад. Дар асоси санади мазкур оид ба ҳифзи захираҳои обӣ, коҳиш додани суръати обшавии пиряхҳо, тоза нигоҳ доштану оқилона истифода бурдани об ва беҳбудӣ бахшидани вазъи обёрии заминҳои кишт барномаю лоиҳаҳои дахлдор роҳандозӣ шуда, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ вусъат мегиранд.
Натиҷаҳои татбиқи қатънома дар муддати кӯтоҳ номи Тоҷикистонро зимни конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ ҳамвора дар сархати гуфтугузорҳо қарор дод. Пешвои миллат дар доираи даҳсолаи номбурда ба масъалаи беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, оид ба пешгирии оқибатҳои харобиовари тағйирёбии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳон чунин таъкид доштаанд: “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори 6 мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 дарсади барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад».
Мавриди зикр аст, ки дар доираи тадбирҳои татбиқи Ҳадафҳои даҳсолаи мазкур ба анҷом расондани корҳои зиёде барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатҳо пешбинӣ шудааст. Мувофиқи иттилои расмӣ, аллакай дар чанд давлати дунё вобаста ба татбиқи ин барнома нақшаи чорабиниҳо омода шуда, мавриди амал қарор гирифта истодаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалисозии ҳадафҳои даҳсола талош намуда, бо дастури Сарвари давлат дар кишвар нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия гардид.
Ҳамин тариқ, барои Тоҷикистон, ки дар саргаҳи захираҳои бузурги об қарор дорад, даҳсолаи мазкур аҳамияти бештар касб менамояд. Беҳдошти муҳити зист ва ҳифзи захираҳои об аз омилҳои асосии рушди устувор буда, дар доираи даҳсолаи нав тақвият хоҳанд ёфт. Ҳамчунин, он барои рушди устувори аксари мамлакатҳо, бартарафсозии мушкилоти камобӣ ва ҳифзи экосистемаҳои нодири табиӣ дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Уғулбӣ НАИМОВА,
мураббии кӯдакистони № 117,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 572
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед