logo

ҳуқуқ

СУД МАСКУН КАРД. АММО ОДИНАМО ДАР ХОНААШ ЗИНДАГӢ КАРДА НАМЕТАВОНАД. ЧАРО?

Бисёр мушкил аст, вақте ки тақдир ба рӯи инсон лоақал як лабханд намезанад. Баъзан, инсонҳое низ ҳастанд, ки дар баробари қисмати сангини худ боз аз дасти наздиктарин нафаронашон, аз ҷумла модар, хоҳар, бародар, зани бародар ё бародарзода, ранҷ мекашанд, ки, ба қавле, «болои сӯхта намакоб» аст. Вақте ки баъди марги падар муносибати модар бо духтар тағйир меёбад ва, ҳатто, ӯро аз хона бадар месозад, ки дигар сарпаноҳе надорад, бисёр дарднок аст. Духтари ҳанӯз муҷаррад бо сад мушкилӣ дар хонаи хешу табор бо шунидани миннати дигарон сарсон мегардад.
Одинамо Муҳиддинова, сокини деҳаи Гулкорон - 2, деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки модару хоҳар, зани бародар ва ҷиянҳояш ӯро аз хона пеш кардаанд. Одинамо баъди сарсониҳои зиёд меҳмони мо – рӯзномаи «Ҷумҳурият» шуд.
- Ҳанӯз аз соли 2011 то инҷониб борҳо бародарам ва зану фарзандонаш маро латукӯб карданд, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштам. Бо вуҷуди дар қайди ҳаёт набудани бародарам, имрӯз модару хоҳарам ва зану фарзандони ӯ маро борҳо латукӯб намуда, аз хонаи марҳум падарам пеш карданд. Соли 2011 ба суди ноҳияи Рӯдакӣ бо даъво нисбат ба модарам Иззатмо Аминова оид ба эътироф намудани аъзои оилаи соҳибмулк ва маскун намудан дар манзили истиқоматии марҳум падарам муроҷиат намудам. Суд даъвои маро қонеъ карда, ҳамчун аъзои оилаи молик Иззатмо Аминова эътироф шуда, ба манзили истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳоти Гулистон, деҳаи Гулкорон – 2, ки ба падарам Чақал Муҳиддинов тааллуқ дорад, бо истифодабарии хоҷагии ёрирасон маскун кард. Ҳарчанд иҷрочиёни суд (ҳозира Хадамоти иҷро) борҳо омада маро маскун карданд, аммо аҳли оила чашми дидан надоштанд ва доим фишор меоварданд, то аз хона баромада равам, - гуфт Одинамо.
Ӯ боз ба суд оид ба бартараф намудани монеагӣ муроҷиат намуд. Бо ҳалномаи суд аз 29 ноябри соли 2018 даъво қонеъ шуда, монеагии эҷодшуда оид ба истифодабарии ҳуҷраи маскуншудаи даъвогар, ки пеш зиндагӣ мекард, бартараф шуд. Ҳамчунин, Одинамо Муҳиддинова ба суд бо даъво ба ҷавобгарии модараш Иззатмо Аминова ва хоҳараш Файзинисо Муҳиддинова дар бораи муайян намудани тартиби истифодабарии манзили истиқоматӣ муроҷиат кардааст. Бо ҳалномаи суд 11 сентябри соли 2019 парвандаи оилавӣ бо даъвои ӯ дар бораи муайян намудани тартиби истифодабарии манзили истиқоматӣ қонеъ шуда, ҷои истиқомати ӯ дар ҳуҷраи масоҳаташ 17 метри мураббаъ дар манзили истиқоматии мазкур  муқаррар шуд.
Ҳарчанд ҳуқуқҳои конститутсионии ӯ  ба инобат гирифта шуда, суд ӯро маскун карда бошад ҳам, мутаассифона, модар, хоҳар ва зану фарзандони бародараш аз фишор болои ӯ даст накашида, пофишорӣ доранд, то ӯро аз хона берун кунанд.
- Беш аз ду сол мешавад, ки ман дар хонаи хешовандони дуру наздик зиндагӣ мекунам. Зеро ҳар боре ки ба хонаи маскуннамудаи падариам равам аз дашному таҳқири хонавода, хусусан писарони марҳум бародарам, рӯзи хуше надорам. Инчунин, ҳуҷрае, ки суд маро маскун кардааст, аслан барои зиндагӣ муносиб нест. Он қаблан як анҷомхона буду имрӯз ҳам як кулбаи вайронаест. Хусусан, дар фасли сармо зиндагӣ дар он имкон надорад, - нақл мекунад бо ашки қатор Одинамо.  
Ӯ мегӯяд борҳо ба мақомоти дахлдори соҳа муроҷиат кардам, то нисбат ба модару хоҳар, янга ва писарони бародараму ҳамсарони онҳо барои пешгирии муносибати зишташон ва пеш кардани ман аз хона ҷораҷӯӣ намоянд, аммо талошҳои мақомот низ ягон натиҷа надод.
- Акнун ман дар хонаи хешу таборам низ дигар рӯзгори хуш надорам. Онҳо бисёр вақт маро аз манзили истиқоматиашон пеш мекунанд. Айни ҳол ҷойи хоби муайян надорам, гарчанде ки бо ҳалномаи суд ҷои истиқоматиам 17 метри мураббаъ дар хонаи марҳум падарам муайян шудааст, - афзуд ӯ.
М. Оймаҳмадов, раиси маҳаллаи деҳаи Гулкорон - 2, деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, дар суҳбат ба мо гуфт, ки тақрибан моҳе се маротиба раиси ҷамоат, муовинҳояш, нозирони минтақавӣ, намояндагони бахши занони ноҳияву ҷамоат ба хонаи онҳо рафта, вобаста ба маскун кардани Одинамо Муҳиддинова суҳбат мекунанд. Аммо аз чӣ бошад, ки дар ин оила якдигарфаҳмӣ нест.
Ягона хоҳиши Одинамо Муҳиддинова аз мақомот ин аст, ки пеши роҳи фишорҳои хонаводаашро гиранд, то ӯ ҳам мисли фарзандони дигари ҳамин оила зиндагии осуда дошта бошад.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2019    №: 237    Мутолиа карданд: 623
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед