logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

13 декабр миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ омадааст:
«Аълоҳазрат!
Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати бисту панҷумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар самимона табрику муборакбод менамоям.
Пас аз ин рӯйдоди барои ҳар ду ҷониб мубораки таърихӣ кишварҳои мо робитаҳои байнидавлатии худро дар заминаи сифатан нав ба роҳ монда, ба эҳёи пайвандҳои чандинасра ва анъанаҳои муносибатҳои ҳасанаи байни ду мардуми бо ҳам бародар ҳусни оғоз бахшиданд.
Роҳандозии муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф, минҷумла дар сатҳи олӣ, ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин, ҳамёрии созанда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ самараҳои ин марҳилаи дурахшони робитаҳои байнидавлатии мо мебошанд.
Бо истифода аз фурсати фараҳбахш мехостам аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямонро ба манзури таъмини зиндагии осоиштаи мардумонамон муҷаддадан таъкид намоям.
Итминон дорам, ки боздиди Шумо аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид.
Бо ин умеди нек ба ояндаи дурахшони муносиботи гуногунҷанбаи байни кишварҳоямон аз даргоҳи Худованди мутаол ба Шумо, Аълоҳазрат, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Давлати Қатар рӯзгори ободу осоишта ва шукуфоии бардавом таманно дорам».

Дар барқияи табрикии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:
«Бародари азиз, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хурсандии ман аст, ки ба муносибати 25 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар, ки ба 13 - уми декабри соли ҷорӣ рост меояд, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, аз номи мардуми Давлати Қатар ва, шахсан, аз номи худ самимона табрику таҳният гӯям.
Мо дар робита ба муносибатҳои ду кишвар, ки ба шарофати талошҳои муштараки мо шоҳиди рушди бемайлон мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, азми худро ҷиҳати идомаи кору ҳамкорӣ бо Шумо ба хотири дастгирӣ ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф, ки ба нафъу суди мардумони бо ҳам бародари мо хоҳад буд, таъкид менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саодату саломатии бардавом ва ба мардуми бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии беш аз пешро орзу менамоям».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2019    №: 237    Мутолиа карданд: 4171
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед