logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ КИ КУМИТАИ ИНҚИЛОБӢ БА ДУШАНБЕ МЕКӮЧИД...

Аввалин нафаре, ки аз байни аъзои Кумитаи инқилобии  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба таври  расмӣ ба Душанбе омадааст,  Шириншоҳ Шоҳтемур буд. Ба ин бисёр  далелҳои таърихи кишварамон далолат мекунанд.

Тавре Қурбониддин Аламшозода, муҳаққиқи рӯзгор ва фаъолияти сиёсӣ - давлатии Шириншоҳ Шоҳтемур, муаллифи монографияи “Шириншоҳ Шоҳтемур” зикр мекунад, 7 декабри соли  1924 маҷлиси аввалини Кумитаи инқилобии навташкилёфтаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он даҳ масъалаи ҳаётан муҳими ояндаи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор мегирифт. Кӯчондани Кумитаи  инқилобӣ ба маркази ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе яке аз масъалаҳои  меҳварии маҷлис маҳсуб ёфта, баъди муҳокимарониҳо дар атрофи  он Кумитаи инқилобӣ, аз ҷумла чунин қарор қабул кард:
“Узви Кумитаи инқилобӣ рафиқ Шоҳтемур барои омодасозии биноҳо барои Ҳукумат ва муассисаҳои марказӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар карда шавад, барои кӯчондани дастгоҳи марказӣ ва  ташкили пойтахт ӯ бо маблағи 10000  рубл таъмин карда шавад.
Дар вақти набудани ӯ иҷрои вазифаҳояш дар ҷои кор ба зиммаи   рафиқон Қурбӣ ва Нисор Муҳаммадов гузошта шавад...”
Ба гуфтаи Қурбон Аламшозода, ҳарчанд дар суратҷаласаи маҷлиси Кумитаи инқилобӣ Душанбе шаҳр зикр шуда бошад ҳам, он солҳо Душанбе ҳанӯз шаҳр набуд. Дар ин ҷо деҳае мавҷуд буду халос. Деҳаи Душанбе танҳо ҷиҳати наздик буданаш ба водиҳои  Варзобу Ромит ва дар ҳамин замина чун мавзеи мувофиқ барои истироҳати пешу баъд аз шикор ба Амири Бухоро хизмат мекард. Ба  ғайр аз ин, деҳаи Душанбе  дар арафаи  Инқилоби Бухоро чун маркази  тиҷорат байни минтақаҳои Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин ва Қӯрғонтеппа шуҳрат ёфта  буд. Дар  ин  ҷо ҳар  ҳафта  рӯзи  душанбе  бозор амал мекард, ки дар он сокинони навоҳии гирду атроф маҳсулоти гуногунро ба фурӯш мебароварданд ва шояд номи ин мавзеъ аз ҳамин гирифта шуда бошад.
Ғалабаи Инқилоб дар Бухоро, ки ба солҳои 20 - уми асри гузашта  рост омад, ба номи Душанбе шуҳрати нав бахшид. Амири охирини  сулолаи манғитиёни Бухоро – Олимхон баъди ғалабаи Инқилоб дар Бухорои Шарқӣ ва сарнагун гаштану роҳи гурезро ба тарафи  Афғонистон пеш гирифтанаш, чанд муддат ин мавзеъро паноҳгоҳи  худ қарор дода буд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама “шуҳратёрӣ” Душанбе  як деҳаи хурдакаки назарногир боқӣ монда буд. Вақте ки Шоҳтемур чун намояндаи Ҳукумати шӯроҳо бори нахуст ба Душанбе омада буд, дар ин ҷо ба ҷуз бинои гарнизони 13 - уми полки тирандозии кӯҳӣ (дар ҷои ҳозираи бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон) дигар ягон иморати хиштину деворҳояш сафедкардашуда ба  назар намерасид. Умуман, инфрасохтори Душанбе ба талаботи  шаҳрсозӣ мутобиқат  намекард.
Вале Шириншоҳ Шоҳтемур тавонист  Душанберо дар муддати кӯтоҳ барои қабули Ҳукумати миллӣ омода намояд. Аввали баҳори соли 1925 роҳбарияти Кумитаи инқилобӣ ва  вазоратҳо ба Душанбе омаданд. Бо ҳамин номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар   таърихи нави Тоҷикистон чун шахсе, ки Душанбе – пойтахти давлати тоҷиконро чун деҳа қабул карда, ҳамчун шаҳр ба роҳбарияти Кумитаи  инқилобӣ супурд, абадан сабт гардид.
15 марти соли 1925 дар Душанбе воқеаи дигари таърихӣ – ботантана эълон гардидани ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ба Душанбе ҳайати  намояндагон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон омада расиданд. Ҳайати намояндагони Помир бо роҳбарии раиси комиҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони навтаъсис Сайфулло  Абдуллоев дар муддати 2 моҳ худро ба пойтахт расонд. Барои намояндагон аз Панҷакент лозим омад, ки бо ин мақсад 1,5 моҳ, аз  минтақаҳои наздиктар бошад, дар ним моҳ ва аз он ҳам камтар роҳ  паймоянд. Дар назди ҳозирон барқияи табрикии Котиби  генералии КМ ҲК И. В. Сталин қироат шуд: ”Салом ба   меҳнаткашони Тоҷикистон – ҷумҳурии нави шӯравӣ дар назди  дарвозаи Ҳиндустон... Шумо ворисони арзандаи ниёгони худ ҳастед, ки парчами  озодиро дар дасти худ мустаҳкам нигоҳ медоред...”
Баъди 12 сол, 28 феврали соли 1937, Шириншоҳ Шоҳтемур, ки он  вақт ба  ҳайси раиси КИМ - и Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  ифои вазифа мекард, дар Анҷумани  фавқулодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ  аз он солҳо ёдовар шуда, зикр кард, ки чӣ тавр тоҷикон тавонистанд  дар як муддати кӯтоҳ дар ҷои холӣ пойтахти давлаташонро бунёд кунанд. Ӯ бо фараҳмандӣ ва ифтихор гуфт, ки акнун пойтахти  мамлакаташон дорои фурудгоҳ, роҳи оҳан, роҳҳои  автомобилии асфалтпӯш, кӯчаву хиёбонҳои зебо, хонаҳои  бисёрошёна, мағозаҳо, бозорҳо, фабрикаву заводҳо буда, сохтмони  иншооти калон, мисли комбинати бофандагӣ ва заводи семент оғоз ёфтааст... Дар ин ҷо мактабҳои  бисёр, беморхонаҳо, мактабҳои олӣ фаъолият дошта, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун нашр  мешаванд...
Ин тақрибан 82 сол пеш буд. Имрӯз Душанбе хеле  пешрафта аст. Насли имрӯз барҳақ аз он ифтихор дорад, ки пойтахти ҷавони   кишвари азизамон бо суръат тараққӣ карда, ба шаҳри зебое табдил ёфтааст. Он воқеан, зебандаи маркази ҷумҳурӣ мебошад. Пойтахти мамлакати мо – шаҳри Душанбе бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои нав ба нави раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ рӯз ба рӯз гулгулшукуфон гардида, ҳусни нав мегирад, ки боиси ифтихори ҳар яки мост. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 380
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед