logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бобосафоли Поён яке аз деҳаҳои калонтарини хоҷагии «Коммунизм» - и ноҳияи Фархор маҳсуб меёбад. Ин деҳа то соли 1962 ҳамчун хоҷагии алоҳида бо номи Москва амал мекард. Сокинони деҳа асосан аз муҳоҷирон, мардумони Балҷувон, Сари Хосор ва Кангурт иборат буданд. Ин ҷониб тӯли солҳои 1979 – 1995 ба сифати раиси ин колхоз фаъолият доштам.
Рӯзе ба ҳуҷраи кориам шахси меҳнатдӯсту қавиирода, оқилу доно ва сахтгиру серталаб акаи Ҳасан омада гуфт, ки: "бегоҳ хонаи мо биёед, Ҳомиддин омадааст". Баъди рӯзи корӣ сӯи ҳавлии амаки Ҳасан  роҳ гирифтам. Ҳомиддин Шариф, он замон раиси суди ноҳияи Ёвон, бо амакаш Шарифбек Шариф – сардори муассисаи ислоҳи меҳнатии Ёвон, менишаст. Аз суҳбат бо Ҳомиддин пай бурдам, ки ӯ мусоҳибро аз аввалин ҳарфу ҳиҷо чун оҳанрабо ба худ мекашад. Ман, ки аз файзи ин нишаст баҳра бурда будам, дар дил майли дувумбора бо ин марди донишманд ҳамсуҳбат шуданро мехостам.
Ҳар гоҳе ки Ҳомиддин ба аёдати волидон меомад, бо ҳам суҳбат меорос-тем. Эҳтиромам ба ин шахси донишманд ва масъулиятшинос даҳчанд афзуд. Ҳомиддини ҳуқуқшинос аз шоирони классик – Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ ва Умари Хайём шеърҳои зиёде медонист.
Ҳомиддин солҳои баъдӣ дар вазифаҳои раиси суди вилояти Кӯлоб ва Хатлон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фаъолият намуда, қариб 10 сол вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ буд. 
Ҳангоми раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, дар меҳмонхонаи «Авесто» мезист. Дӯстону ошноҳо доимо аз ҳолаш хабар мегирифтем.
Худо се чизро азиз медонад: якум хирад, дувум ростӣ ва савум мардумӣ буданро. Ин се хислат дар зоҳиру ботини дӯсту бародари мо Ҳомиддин Шариф ҳувайдо буд. Маҳорат, истеъдод, дониш ва қобилияти кордонӣ ӯро ба қуллаҳои мурод ва мансабҳои баланди давлатӣ расонд.
Маҳз сифатҳои наҷиби Ҳомиддин Шариф буд, ки аксари вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ӯро на танҳо ҳурмат, балки дӯсташ медоштанд. Замони дар ин ниҳод фаъолият бурданаш даҳҳо инфрасохторҳои вазорат дар шаҳру навоҳии мамлакат бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ӯ ба мисли кӯҳ якрӯй ва ба мисли чашма шаффоф буд. Ақлу фаросат ва фозиливу оқилиаш қалби дӯстонро тасхир месохт. Масъулияти баланди инсонӣ ҳамеша роҳнамои ӯ буд. Ҳомиддин Ватанро муқаддас дониста, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медошт. Ӯ шахси маҳфилоро буд.
Лаҳзае ҳич аз ёдам намеравад. Ҳамроҳи собиқ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Шариф хабаргирӣ рафтем. Бемор буд, маслиҳат додем, ки барои муоина ва табобат ба шаҳри Москва равад. Гуфт, ки барои чунин сафар маблағи кофӣ надорад. Дар ҳайрат мондам. Давлаталӣ Шариф даст пеши бар иброз дошт, ки ака, Шумо рӯзи рафтанро хабар диҳед, он тарафашро ман ҳал мекунам. Ин раду бадал гувоҳест аз чигунагии рӯзгори як шахси мансабдори воломақом, ки  чӣ гуна кору пайкор ва рӯзгор дошт.

Чилахон ИСОЕВ,
собиқадори меҳнат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 391
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед