logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 2014, №7, қ. 2, мод. 404; с. 2015, №3, мод. 216; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 293) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
 - ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «ғайритиҷоратие, ки» калимаҳои «бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои «фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал» ва «бақайдгирифташудае» мувофиқан ба калимаҳои «фаъолияти мустақили ба таваккал» ва «ба қайди давлатӣ гирифташудае» иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои 3, 5 ва 6 моддаи 5 адад ва калимаҳои «500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ», «15000000 (понздаҳ миллион) сомонӣ» мувофиқан ба адад ва калимаҳои «1000000 (як миллион) сомонӣ» ва «25000000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати чоруми моддаи 7 калимаи «аз»  хориҷ ва калимаи «бешаҳрванд» ба калимаи «бешаҳрвандро» иваз карда шавад.
4. Ба қисми 2 моддаи 11 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- суғуртакунӣ;».
5. Ба сархати сеюм моддаи 14 пас аз калимаи «омӯзиш» калимаи «, мониторинг» илова карда шавад.
6. Дар сархати панҷуми моддаи 17 аломати нуқта  ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.».
7. Дар моддаи 20:
- ба номи модда пас аз калимаи «Барномаҳои» калимаи «мақсадноки» илова карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Барномаҳои мақсадноки дастгирии давлатии соҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва  тасдиқ карда мешаванд.».
8.  Дар матни моддаи 24 калимаҳои «воқеӣ, ҳуқуқӣ» ба калимаҳои «воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 январи соли 2020, № 1684
 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 11 декабри соли 2019, № 1543
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2019, № 744

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2020    №: 4-7    Мутолиа карданд: 595
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед