logo

паёмҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада, шаҳри Душанбе, 25 январи соли 2020

Ҳамватанони азиз!
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд.
Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон, бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.
Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд. Яъне, мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну оинҳои хос доштаанд.
Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин оинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд.
Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, он, пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба киштукор, яъне, тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад. Ин ҷашни бостонӣ фардо фаро мерасад, ки ба ин муносибат ҳамаи ҳамватанони азизро табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Ба нақли ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Садаро бори нахуст шоҳ Ҳушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст.
Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣ, ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд. Баробари ба поён расидани он, аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд. Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.
Ҷашни Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг доир мегардид. Танҳо ба шарофати озодиву Истиқлоли давлатӣ мо онро эҳё кардем ва соли панҷум аст, ки дар кишвари мо ин оини мардумӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар рӯзҳои баргузории он намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази диққати мардум гузошта мешавад.
Ҳамзамон бо ин, бозиҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд. Ин маъракаи воқеан халқӣ моро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намоем, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунем, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонем ва тухмии серҳосил интихоб кунем. Дар баробари ин, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёндани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардондани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа замина гузорем.
Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.
Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон сулҳу сафо, файзу баракат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.
Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2020    №: 19    Мутолиа карданд: 4387
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед