logo

туризм

ХУҶАНД. ТАШРИФИ БЕШ АЗ 6,5 ҲАЗОР САЙЁҲИ ХОРИҶӢ

Дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар шаҳри Хуҷанд корҳои мушаххаси амалӣ иҷро мешаванд.

- Ҳоло 62 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 14 меҳмонхона, 16 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангу металлҳои қимматбаҳо, туҳфа-ҳои хотиравӣ, наму-наҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон,  инчунин, нуҳ  муассисаи  сайёҳӣ - «Спутник», «Саёҳати олӣ», «Олами саёҳат», «Ҷаҳонгард»,  «Алп Сомон - тур», филиали ҶДММ «Вояжпур», филиали ҶДММ «Шоҳинтур», Ассотсиатсияи тараққиёти туризми «Зарафшон» ва Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дар хизмати сайёҳонанд, - гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳр.
Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда беш аз 6500 нафар сайёҳи хориҷӣ ба шаҳр ташриф оварда, аз мавзеъҳои табиии сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангию истироҳатӣ боздид намуданд.
Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар лавҳаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои сайёҳӣ насб шудаанд.
Тибқи иттилои М. Юсуфзода, танҳо соли гузашта баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр тарабхонаи «Темурмалик», роҳи танобӣ, шиногоҳи нав бо майдончаҳои бозии футболу волейболу теннис, пайроҳа, нуқтаҳои фурӯши обҳои ташнашикан, яхмос, дастгоҳҳои машқу тамрин, меҳмонхона барои 324 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ сохта ба истифода супурда шуданд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2020    №: 24    Мутолиа карданд: 2841
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед