logo

туризм

ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ – МИНТАҚАИ СОЛ БАРОИ САЁҲАТ

Дар натиҷаи назарсанҷии нашрияи амрикоӣ-австралиягии Lonely Planet, миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи бузурги Абрешими Осиёи Марказӣ мақоми аввалро  гирифт ва, ба ҳамин хотир, он ба сифати минтақаи сол барои сайругашт эълом гардид.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бо низоми содагардондаи раводид барои аксар шаҳрвандони мамолики дунё ва бо пешсафӣ дар ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ дар сархати ахбори нашрия қарор дорад. «…Қаторкӯҳҳои Фон, Помир, Олой ва Тиёншонро убур карда, ба кӯлҳое, ки дар баландкӯҳҳои дастнорас ҷойгиранд, мерасед, аз меҳмоннавозиву саховатмандии мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ болидарӯҳ мегардед ва аз манзараҳои дилфиреби кӯҳҳо ба ваҷд меоед»,- нигоштааст нашрия.
Барҳақ, тайи солҳои ахир кишвари биҳиштосои тоҷикон дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷониби  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018) ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019) ба равнақу ривоҷи соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Бартар аз ин, Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, бояд гуфт, ки феълан, ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ таҳия шуда истодаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷаҳонгардон зимни саёҳат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз се кишвари дорои пайроҳаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидан намоянд.
Бешак, сафар тариқи шоҳроҳи Помир ба сайёҳон  имкон хоҳад дод, ки  бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва зебоиҳои табиати афсонавии тоҷикон   шинос шаванд. Дар баробари ин, аз тамошои кӯҳҳои Ҳиндукуш (тавассути убури долони Вахон) ва қалъаи Ямчун, ки замоне қароргоҳи муҳим дар Шоҳроҳи бузурги Абрешим буд, ҷаҳонгардон таассуроти фаромӯшношуданӣ  хоҳанд бардошт.

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2020    №: 25    Мутолиа карданд: 2520
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед