logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТАДБИРҲОИ ҲУКУМАТӢ САМАР МЕДИҲАНД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон тасмим гирифтааст, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи бисёркарата дода, муҳлати онро то 60 рӯз дароз намояд. Вале худи тиҷорати сайёҳӣ ба ҷаҳонгардон чӣ пешниҳод дорад?

Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Шурӯъ аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор пешравиҳо ба назар расида, таҷдиду сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ махсусан дар деҳот идома дорад.

ДАСТГИРИИ ТИҶОРАТИ САЙЁҲӢ ВА РАВОДИДИ БИСЁРКАРАТА
Намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ иброз медоранд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии тиҷорати сайёҳӣ ёрии муҳим барои ширкатҳои навтаъсис гардид. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, танҳо дар соли 2019 зиёда аз 40 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия ва роҳандозӣ гашт.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод доштанд, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.
Инчунин, шаҳрвандони давлатҳои хори-ҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, имкони гирифтани раводиди навъи сайёҳии бисёркарата пайдо мекунанд ва муҳлати он то 60 рӯз дароз мегардад. Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода мешавад. Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида муваззаф гаштааст, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.

ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ
Мутахассисони соҳаи сайёҳӣ бар он назаранд, ки Шоҳроҳи бузурги абрешим омили хуби ҷалби сайёҳон ба минтақа мебошад ва онро бояд мақсаднок истифода бурд. Дар Тоҷикистон осори ин шоҳроҳи таърихӣ зиёд аст ва ниҳодҳои дахлдор талоши онро доранд, ки бо таблиғу ташвиқи бештар ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзояд. 
Follow  Tajikistan  ширкати навтаъсис мебошад, ки хатсайри нав ба самти Боғи таърихӣ - табиии «Ширкент» таҳия намуд.  Гуфтан ба маврид аст, ки то кунун нақши пойи динозаврҳо дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ширкент боқӣ мондаанд. Тибқи маълумоти дастрас миқдори умумии пайи динозаврҳо беш аз 400 – то буда, таърихи пайдоишашон ба умқи миллионсолаҳо рост меояд.  
Хатсайр рангин ва, ҳам-замон, қулай аст. Он се-чор соатро дар бар мегирад, вале дар ин вақт сайёҳон метавонанд аз боқимондаи изи динозаврҳо ва, ҳамчунин, зебоиҳои маҳал дидан намоянд. Албатта, сайёҳон танҳо барои сайри сесоата ба Тоҷикистон сафар намекунанд, роҳпаймоӣ ба сӯйи пайи динозаврҳо танҳо қисми саёҳати пиёдагардии аз дараи Қаратоғ ба самти Панҷакент тавассути қисмати масири Шоҳроҳи Абрешим мебошад. Ин хатсайр аз замонҳои шӯравӣ ба сайёҳон писанд буд ва ҳоло ширкатҳо дар ин масир хатсайрҳо ташкил карда, ҳамроҳи сайёҳон роҳ мепаймоянд.

БАДАХШОН ВА РАНГОРАНГИИ ОН
Аз ҳама қадами муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди сайёҳӣ ҷорисозии раводиди электронӣ гардид. Ин воридшавии шаҳрвандони хориҷиро ба кишвар осон гардонд. Ва муҳим он ки алҳол онҳо метавонанд иҷозатнома ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дарҳол дар шакли электронӣ ба расмият дароранд. Қаблан иҷозатномагирӣ ба самти ВМКБ дар шаҳри Душанбе сурат мегирифт ва раванди мушкилу манфиро мемонд.
Тавре намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ зикр мекунанд, содагардонии воридшавӣ ба ҷумҳурӣ пешрафти самти аз ҳама мароқангези сайёҳӣ – шоҳроҳи машҳури Бадахшон (М 41)-ро такон дод. Дар Бадахшон шумораи сайёҳон бештар гашт. Сол ба сол шумораи хоҳишмандони дидани шоҳроҳи қадима меафзояд, зеро он яке аз зеботарин хатсайрҳои баландкӯҳи ҷаҳон мебошад. Вале дар давраи ҷаҳонишавӣ, бештари ҷаҳонгардон мехоҳанд аз фарҳанг, одат, анъана ва тарзи зисти мардуми Боми ҷаҳон дидан намоянд. Дар Бадахшон фарҳанги бой ва қадима ҳукмрон аст, ёдгориҳои таърихӣ зиёданд. Он ҷо ҳам шуғнониҳо, ҳам вахониҳо, ҳам дарвозиҳо ба сар мебаранд, ки ҳар кадоме урфу одатҳои ба худ хос ва, ҳамзамон, монанду фарқкунанда доранд. Ба сайёҳон ин писанд аст ва ширкатҳои сайёҳӣ бо камоли майл ин дороиҳои сарзамини аҷдодиро ба сайёҳон пешниҳод медоранд. 

ТОҶИКИСТОН БАЙНИ ҶАҲОНГАРДОН МАЪРУФИЯТ ПАЙДО МЕКУНАД
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва кӯшишҳои дастаҷамъонаи ширкатҳои сайёҳӣ ташрифи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон зиёд гардида, тибқи маълумоти оморӣ соли гузашта 1 миллиону 257 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кард, ки нисбат ба соли пеш 21,5 фоиз зиёд мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо вуҷуди камбуди маълумот дар бораи Тоҷикистон ва гаронии чиптаҳои ҳавопаймоӣ солҳои охир маъруфияти Тоҷикистон байни ҷаҳонгардон бештар мегардад. Чунончи дар рӯзҳои аввали соли 2019 рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия  медиҳад. Тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии «DestinationRecomended.com» Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дониста шуда,  маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» Тоҷикистонро дар раддабандии худ ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил намуд.

Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.02.2020    №: 43    Мутолиа карданд: 2493
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед