logo

фарҳанг

95 СОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ". ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

15 марти соли равон аз таъсис ва нашри нахустин рӯзномаи кишвар «Ҷумҳурият» 95 сол пур мешавад. Таҷлили санаи мазкур ва ҳамаи санаҳои дигари ин воситаи ахбори омма як навъ ид буд, ид ҳаст ва ҳам дар рӯзгори баъдӣ ид хоҳад монд. Воқеан, дар зарфи 95 сол бо рухдоди ҳодисаҳои ногувору фоҷиабор маҳв нагардидан ва барои пойдории миллату давлату сарзамини аҷдодӣ содиқона хидмат кардан арзандаи таҷлилу ид намудан ҳаст. Дар баробари ин, инъикоси дастовардҳо ва таърихи пурифтихор, инчунин, ҳидояти аҳли ҷомеа барои боло бурдани сатҳи маърифат, ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон аз ҷумлаи рисолати  рӯзнома буд, ки дар ин муддат бо сарбаландӣ аз уҳдаи он аз интизор бештар ба ҷо овард.
Он на танҳо ҳамчун як рӯзнома, балки мактаби худшиносӣ ва тарбияи рӯзноманигорон дар сатҳи баланди касбият буд. Ҷойи шодиву масаррат ва қаноатмандист, ки ин мактаби бузург ҳанӯз ҳам пойдор аст ва анъанаи неки пешиниёни барӯмандамонро идома медиҳад.
Нахустин шумораи ин рӯзномаи миллат ва кишвар 15 марти соли 1925 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе 16 саҳифа бо номи «Иди тоҷик» аз чоп баромад. Ин рӯйдоди бисёр муҳими таърихӣ ба шумор мерафт. Дар ҳақиқат, дар рӯзгоре, ки мавҷудияти миллатеро бо номи тоҷик душманони он ба ҳар васила мехостанд инкор бикунанд, ба пуррагӣ аз миён бибаранд ва равшанфикронашонро бо иғвову туҳматҳо маҳв бисозанд, нашри ин рӯзнома ид буд, иди тоҷик.
Аз шумораи дувум рӯзнома бо номи «Бедории тоҷик» ба табъ расид. Ин ном мақсаду мароми онро акнун равшану возеҳ ифода мекард. Дарк ва иҷрои ин рисолат дар он рӯзгор ҳаргиз кори осон набуд ва ба дӯш гирифтани он низ. Тоҷик бояд алорағми ҳама бадхоҳону душманони сиёсияш ниёз ба бедории сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва шинохти бештару беҳтари неку бад дошт. Баъдҳо бо номи «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» табдили ном ва алифбо кард, аммо мавқеъву мақсаду марому рисолаташ ҳамчунон монд.  Дар оғоз дар роҳбарӣ, нашр ва таҳрири ин рӯзнома профессор Аббос Алиев, Алӣ Исмоилзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Саидбоғир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қосим Дайламӣ, Дяков, Абдулов, Ғуломризо Ализода бо ҳама мушкилоти мавҷуда саҳми асосиро гирифтанд. Шахсиятҳои барҷаста  ва  маъруфу  маҳбуби  кишвар, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Ҳаким Карим, Ҷалол Икромӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Ризо, Шарифҷон Ҳусейнзода бо ин рӯзнома робитаи қавӣ доштанд. Бо матолиби муҳиму хонданӣ дар равнақи илму маърифат, пешрафти кишвар ва худшиносии аҳли ҷомеа дар саҳифаҳои рӯзнома баромад мекарданд. Ба ин васила, ҳамзамон, дар равнақу такмили жанрҳои адабиву рӯзноманигорӣ саҳми чашмрас мегирифтанд.
Тавре Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров ёдовар шуданд: «Дар солҳои сиюм ман мухбири фаъоли ин газета будам. Дар он вақт штати коркунони он хеле кам буд. Аммо онҳо аксар шабҳои дароз кор карда, нашри мураттаби газетаро таъмин мекарданд.
Дар он вақт газета на танҳо ташкилотчӣ ва пропагандисти коллективӣ, балки макони ҳақиқии тайёрии кадрҳои партиявӣ, журналистӣ, адабӣ, маданӣ ва илмӣ буд. Аз насли калони нависандагон, кормандони илм ва маданият шояд касе набошад, ки дар газетаи «Тоҷикистони советӣ» кор ва ё бо вай ҳамкорӣ накарда бошад».
Таъсису фаъолияти пурсамари маҳфилҳои адабиву рӯзноманигорӣ дар назди рӯзнома дар тарбияи наслҳои гуногуни адибону рӯзноманигорон таъсири мусбат мегузошт.
Чеҳраҳои шинохтаву маҳбуби кишвар, аз қабили Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов ва Муҳаммад Ғоиб дар солҳои гуногун сарварии рӯзномаро ба уҳда доштанд.
Бисёре аз адибони маъруф, аз ҷумла Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғоиб Сафарзода, Абдулҳамид Самад, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Салимшо Ҳалимшо, Мутеулло Наҷмиддинов, Кароматуллоҳи Мирзо, Зиё Абдулло ва дигарон дар баробари фаъолият дар ин рӯзномаи пурнуфуз дар тарбияи як қатор адибону рӯзноманигорони ҷавон саҳм мегирифтанд.
«Ҷумҳурият» соли 1995 Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат соҳиб шуд.
Ҳамин тавр, муассисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Бо ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷумҳурият» ҳафтае  5 маротиба бо теъдоди беш аз 49 ҳазор нусха ба табъ мерасад ва дастраси хонандагон мешавад.
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷумҳурият» имрӯз дар иҷрои амру фармону дастурҳои муассис дар тарбияи  насли наврас ва ҷавон, боло бурдани маърифати сиёсӣ, хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба диёри маҳбубамон бо нашри матолиби таҳлилӣ, хубу хонданӣ, таъсиси муҳимтарин гӯшаҳо, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
«Ҷумҳурият» ҳамзамон, беҳтарин анъанаҳои пешиниёнро бо шинохти масъулияти баланди касбӣ ва шаҳрвандӣ идома медиҳад ва ҳамчунон, бо ташаббусу иқдомоти наҷиб барои ҳамқадами ҳаёт, балки пештар аз он будан баромад мекунад.
95-солагии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»-ро ба ҳамаи дӯстдорон, ҳаводорон, хонандагони сершумораш табрику таҳният мегӯем. Ҳамзамон, бо муҳаббату самимияти хосу беандоза таманно мекунем, ки ҳамчунин, садсолаҳо ба миллат, давлат ва аҳли ҷомеа бо садоқати хосса хидмати арзандаву бесобиқа намояд.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2020    №: 52    Мутолиа карданд: 424
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед