logo

фарҳанг

“ҶУМҲУРИЯТ” – ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ ТОҶИКИСТОН

Олимону муҳаққиқони соҳа матбуотро минбари миллионҳо ва ифодакунандаи мақсаду мароми омма гуфтаанд, ки барҳақ чунин аст. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ бо шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад”.
Ҳар рӯз дар кишварамон садҳо воқеаи фараҳбахшу навгониҳои муҳим ба амал меояд, ки тавассути рӯзномаҳо хонандагон аз онҳо сари вақт огаҳӣ пайдо менамоянд. Ва нақши расонаҳои хабарӣ дар ҳаёти ҷомеаи муосир ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ то рафт муассир мегардад. Зеро он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсир расонда, бо беҳтар намудани сатҳи маърифатнокӣ ба ҷараёни огаҳии мардум мусоидат мекунад.
Нақши воситаҳои ахбори оммаро метавон дар бунёди иншооти муҳими хоҷагии халқ, алалхусус бунёди роҳҳо, нақбу пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ, каналҳо, ҷараёни ободонии шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар хеле назаррас арзёбӣ кард. Заҳматкашони ин ҷода таърихи ҷашнҳои миллию давлатдорӣ, заҳмату ҷасорат, миллатдӯстию ҷонфидоии фарзонафарзандони халқро ба риштаи таҳрир кашида, дар амалӣ гаштани ҳадафҳои сиёсию фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ саҳм мегиранд.
Аз ҷумла, нашрияи бонуфузи ҷумҳурӣ - рӯзномаи «Ҷумҳурият» 95 сол аст, ки баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, рушди фарҳангу ҳунар, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, ҳидояти мардум ба ободгариву созандагӣ ва таҳкими сулҳу амнияти миллӣ талош меварзад. Иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан яке аз ҳадафҳои аслии рӯзнома ба ҳисоб меравад. Ин рӯзнома дар амалӣ сохтани рисолати бузургу муқаддаси хеш ҳамеша устувор буду ҳаст.
Ҳоло “Ҷумҳурият” ҳафтае 5 маротиба ҳар нашри он бо теъдоди қариб 50 ҳазор нусха ва сифати хуб мунташир гардида, сари вақт дастраси хонандагон мегардад. Дар саҳифаҳои он на танҳо рӯзноманигорон, балки олимону муҳаққиқон, адибону ҳунармандон ва шахсиятҳои барӯманди давлатӣ ба нафъи ҷомеа матолиби гуногуни хонданбоб ба табъ мерасонанд.
Имрӯз ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи нави таърихии худ қадам гузошта, дар роҳи дурусти интихобнамудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дилпурона пеш меравад. Бинобар ин, ҳайати эҷодии рӯзнома масъулияти дучанд доранд. Ва итминони комил дорем, ин минбари розу ниёз, арзу сипос, андешаҳои созгор, афкори ояндабину ояндасоз ва неруи зеҳнии он аз ин пас ҳам баҳри пойдории сулҳу субот, пешрафти ҳаёти ҷомеа ва тарбияи ватандӯстии насли наврас нақши бориз мегузорад.

Холназар КАСИРОВ,собиқадори соҳаи матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2020    №: 52    Мутолиа карданд: 288
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед