logo

фарҳанг

АХЛОҚ.ТО ҲИРС ҒОЛИБ НАОЯД…

Тандурустӣ ё худ сиҳатӣ аз беҳтарин неъматҳоест, ки бар одамӣ ройгон дода шудааст. Ин қадар ҳаст, ки кас бояд шукргузори ин неъмат бошад. Ба ҷуз ин дар пайи пойдории он бияндешад. Агар ба ин масъалаҳо эътибор надиҳем, ба яқин ин неъмат дар ивази носипосӣ аз дастамон хоҳад рафт. Ҳенрих Ҳейне, адиби олмонӣ, ки дар ҷаҳон маъруфият дорад, барҳақ таъкид доштааст: «Одамӣ ба қадри ду чиз замоне мерасад, ки онҳоро аз даст додааст: ҷавонӣ ва тандурустӣ».
Ҳирс яке аз душманони мо ё худ тандурустии мо маҳсуб мешавад. Он гоҳ аёну гоҳ ноаён якбора ва ҳам батадриҷ сиҳатии моро мебарад. Он кореро метавонад ба фарҷом бирасонад, ки ҳазорон душман дар ин маврид оҷиз мемонад. Ҳирсҳо гуногун мешаванд. Яке аз онҳо ҳирси хӯрдан аст. Агар ин ҳирс бар мо ғолиб биёяд, бешак, зуд маҳв мешавем. Як мисоли қадимӣ мегӯяд: «Агар бар рӯи гӯри мурдаҳо сабаби маргашонро менавиштанд, он гоҳ бе душворӣ ба ин хулосаи дуруст меомаданд, аксари одамон дар натиҷаи пурхӯрӣ оламро тарк гуфтаанд». Пурхӯрӣ на танҳо моро ба дами марг мекашонад, балки ҷисмамонро дар шакли баду нохушоянд дар чашмҳо ба ҷилва медиҳад. Он сабаби пайдоиши дардҳои гуногун мегардад.
Ҳарчанд дар китобҳояшон пешиниёнамон аз ин боб бисёр навиштаанд, то моро ҳирс аз роҳ назанад ва тандурусту сиҳатманд бошем, вале ҷойи таассуф  аст, ки аксар аз ин навиштаҳо дар ин рӯзгор ё огоҳ нестанд ва ё бар он амал намекунанд. Дар хӯрдан бояд аз меъёр истифодаи дуруст бикунем. Ба ин маънӣ таъкид медоранд, ки ақл бояд бар ҷисм ҳоким бошаду фармонраво. Агар акси он сурат мегирад, одамӣ аз ҳайвон фарқ намекунад. Охир бо чӣ бояд тафовут дошта бошад?
«Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд», - фармудаанд бузургонамон. Мабодо ба меъёр замоне таваҷҷуҳ бикунему диққат бидиҳем, ки тандурустиро аз даст дода бошем. Иҷрои он дар чунин ҳолат аз рӯи зарурат аст. Ҳама саъй бар он равона мегардад, ки тандурустиро барқарор бикунем.
Табибон барҳақ, яъне дуруст гуфтаанд, ки пешгирии дард аз илоҷи он осонтар мебошад.
Ҳамин тавр, баъзе аз дардҳоро мо худ ба сӯи худ фаро мехонем, балки боиси тавлидашон мешавем. Барои хӯрдани беш агар андак маблағ сарф намоем, барои табобати беморие, ки бар асари он пайдо мешавад, чандин баробар маблағамонро аз даст медиҳем. Инчунин, як умр ранҷи онро мекашем.
Ҷойи таассуф боз дар он аст, ки мо тартибу меъёри истифодаи ғизоҳоро низ намедонем. Ҳол он ки ин ҳама муайян гардидаанду пешиниён дар ин маврид зиёд таъкид мекарданд. Ҳатто тарзи нӯшидани обро бароямон таълим доданд. Яъне, обро набояд, ки рост истода бинӯшем. Ба ҷуз ин  набояд, ки ба як дам онро бинӯшем. Яъне, онро ба се маротиба бояд бинӯшем.
Вобастаи фаслҳо низ аз ғизо дурусту сари вақт бояд истифода бурд. Ин ҳамаро лозим аст, ки донем. Оре, агар хоҳони он бошем, ки тандуруст бимонем. Бе тандурустӣ дар ҳаёт шодиву хуррамӣ нест. Ва низ дурусту пандомӯз фармудаанд, ки ақли солим дар бадани солим аст. Мебояд ҳоло, ки тандурустем, аз ақли солим кор гирем ва худрову дигаронро аз ҳуҷуму хавфу хатарҳои беморӣ наҷот бидиҳем.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 351
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед