logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«ҶУМҲУРИЯТ» - МОДАРИ 95 - СОЛАИ МАТБУОТИ ТОҶИК
«Ҷумҳурият», ки имсол, порсол ва борҳо аз ҷониби коршиносони созмонҳои касбӣ «Нашрияи сол»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, тӯли 95 соли фаъолият рисолати таърихии хеш - дифоъ аз обрӯву манфиатҳои давлату миллати тоҷикро содиқона анҷом медиҳад. Бо вуҷуди рақобати шадид, адади нашри он сол ба сол бештар гашта, маҳбубияташ дар ҷомеаи кишвар меафзояд. 
Нахустшумораи«Ҷумҳурият»  15 марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад. Баъдан бо номҳои «Бедории тоҷик» (солҳои 1925 – 1928), «Тоҷикистони сурх» (1928 - 1955), «Тоҷикистони советӣ» (1955 - 1990), «Тоҷикистони шӯравӣ» (1990 -1991) нашр шудааст. Аз 19 сентябри соли 1991 то ин дам бо номи «Ҷумҳурият» интишор мегардад. Аввалин сармуҳаррири он Аббос Алиев буд.  Нависандаи маъруфи тоҷик Садриддин Айнӣ рӯзномаро «модари матбуоти тоҷик номидааст». 
Ба «Ҷумҳурият» бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 мақоми Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 14 марти соли 2000 мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Алҳол рӯзнома ҳафтае 5 маротиба бо теъдоди 49025 нусха нашр мешавад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
...Ва Азизмурод дар андеша буд, ки бо кадом рӯзнома ҳамкорӣ бикунад – бо «Туркистанские ведомости» ё бо «Самарқанд»? Ҳардуяш ҳам моли русҳо буд, ҳардуяш ҳам ба забони русӣ нашр мешуд ва ҳардуяш ҳам дар Осиёи Миёна як ҳодисаи нав буд, ки собиқа надошт. Ва дар ҳалқаи дӯстон аз ҳамин мавзӯъ гап кушод:
- Рости гапро гӯям, ба ман ҳардуяш ҳам маъқул. Ҳардуяш аз рӯзгори воқеӣ менависад.
 
* * *
Ҷӯй, Офтоб, манзили хеш аз диёри ман,
Ҷои арӯси лаълрухат аз канори ман.
Ҳарчанд асрҳо ба ҷаҳон нур додаӣ,
Аммо ту дидаӣ самарат дар баҳори ман.
 
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 6 марти соли 2020
Сотим Улуғзода
Озар
 
Масъули  рубрика  ЗУЛОЛА  БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
Саволҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик
1.Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ чӣ ном дошт ва кай нашр шуд?
2.Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуотро кай ҷашн мегирифтанд?
3.Рӯзномаи № 1 дар Тоҷикистон?
4.Маънои калимаи «Газета» чист?
5.25 августи соли 1924 кадом рӯзнома таъсис ёфтааст?
6.Табсира чист?
7.Муассиси рӯзномаи «Бухорои Шариф» кӣ буд? 
 
Таҳияи УМЕДҶОН ЮНУСАЛИЕВ, донишҷӯи Донишкадаи фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода
 
 
ТАБЪУ НАШР 
ЧАНД ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ 
1. Коғаз соли 153 пеш аз милод кашф гардид. Онро аз бамбук ва мағзи чӯб тайёр намуданд, ки пора карданаш ғайриимкон буд. 
2. Соли 1810 ба Фридрих Кениг муяссар шуд, ки дастгоҳи чопиро мукаммал намояд. Мошинаи ӯ ҳамон вақт дар як соат 400 варақ, соли  1814-ум 1000 варақ чоп мекард. 
3. Соли 1864 олими амрикоӣ Вилям Балок мошинаи наве ихтироъ намуд, ки дар як вақт ду тарафи коғазро чоп карда метавонист. Он 1 километр коғазро дар 3 дақиқа нашр менамуд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 
 
РЕКЛАМАИ АВВАЛИН: САГИ ШОҲ ГУМ ШУДААСТ!
Нахустин реклама (эълон) дар саҳифаи рӯзномаи англисӣ соли 1657 пайдо шуд. Рекламаи хусусии нахустин дар бораи гум шудани саги шоҳ Карли II буд.
Таҳияи С. ФАРЗОНА
 
 
КИТОБҲОИ БАЧАГОНАЕ, КИ БАРОИ КАЛОНСОЛОН НАВИШТА ШУДААНД.
Китобҳои хуби бачагонаро танҳо барои хурдсолон наменависанд. Дар ин китобҳо ҳама чиз: муҳаббат, дӯстӣ ва муъҷизаҳо ҳақиқатанд. Аз ин сабаб, хондани чунин асарҳо барои калонсолон низ муфид аст. Инак, 15 китоби бачагонае, ки ҳар кас онҳоро дар синну соли худ ба тариқи дигар мехонад.
*Ҷеймс Крюс - «Тим Талер ё хандаи фурӯхташуда»;
*Астрид Лингрен - «Саргузашти Эмил аз Лённеберг»; 
*Ҷералд Даррел - «Тугунчаи гӯё»; 
*Виктор Драгунский - «Ҳикояҳои Дениска»; 
*Жюл Верн - «Фарзандони капитан Грант»;
*Элинор Портер - «Поллианна»;
*Вилгелм Гауф - «Дили сард»;
*Александр Бруштейн - «Роҳи дур»;
*Алан Маршал - «Ман аз кӯлмакҳо ҷаҳида метавонам»;
*Александр Грин - «Бодбонҳои арғувонӣ»;
*Вениамин Каверин - «Ду капитан»;
*Ирмгард Койн - «Духтараке, ки суҳбат бо ӯ манъ шудааст»;
*Туве Янссон - «Ҳама чиз дар бораи мумитроллҳо»;
*Эрнест Сетон – Томпсон - «Ҳикояҳо оид ба ҳайвонот»;
*Рудолф Эрих Распе - «Саргузаштҳои барон Мюнҳаузен».
Таҳияи Умар АЛӢ
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Белл ва кашфи телефон
Дӯстон ва шоҳидони ҳол нақл мекунанд, ки Александр Белл – кашшофи машҳури шотландӣ аз ҷавонӣ табиати шӯх дошт.  Барои мисол, ҳар латифаи наве, ки мешунид, то ба ҳамаи ошноҳояш расондан, ором намегирифт. Вале бо гузашти солҳо ҳарчанд табиаташ тағйир наёфт, монда шуда буд ва тавони ба ҳама расондани хушхабарҳоро надошт. Ниҳоят «аз ноилоҷӣ» сари мизи ихтироъ нишаст ва телефонро кашф кард.  
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ПЁТРИ БУЗУРГ – МУҲАРРИРИ РӮЗНОМА
Дар Россия нахустин рӯзномаи чопӣ соли 1702 пайдо шуд. Бо вуҷуди дар матбаа нашр шудан, он ба рӯзномаи имрӯза кам шабоҳат дошт: бо ҳуруфи нохонои славянии калисоӣ, бе ҷудо кардани саҳифа ба мақолаҳо чоп шуда, ҳамаи мақолаҳоро шахсан император Пётри I (Пётри бузург) таҳрир карда буд.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА
 
 
ЛАЗЗАТИ САҲИФАГАРДОНӢ
Ҳарчанд Интернет рӯз ба рӯз маъруфияти бештар касб мекунад, аҳамияти рӯзнома заррае кам намешавад, зеро дар хона, ҷои кор, нақлиёт, ҷои истироҳат… саҳифагардон кардани он басо хушоянд аст. Ба ҳар ҳол, аксарияти рӯзномахонон чунин андеша доранд.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО
 
 
ГАЗЕТА
«Газета» аз калимаи италявӣ гирифта шуда, маънои пули майдаро дорад. Беш аз 400 сол қабл шаҳрвандони Италия барои хондани варақаи хабарҳо, ки дар ҷойҳои муайян овехта мешуданд, як газета медоданд.
Таҳияи Ш. МАНЗУРА
 
 
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ 
«Э, ШУМО ХУДИ ҲИЛЛАРИ КЛИНТОН БАРИНЕ…»
Завҷаи Президенти Амрико Ҳиллари Клинтон тани танҳо ба тамошои осорхонаи шаҳри Вашингтон омад, ҳатто ба шахсони наздик ва муҳофизонаш ҳам хабар надод. Вақте ки дар назди ҳайкале истода, аз диданаш завқ мебурд, зане дар паҳлуяш қарор гирифта, синчакорона ба ӯ чашм давонд ва баъд гуфт: «Э, шумо худи Ҳиллари Клинтон барине. Як себи дукафон». Ба ин ҳарфи зан нахустбону бо лабханд: «Ташаккур, шумо бисёр лутф кардед. Дар ин бора ба ман бисёр мегӯянд», - гуфту оромона тамошояшро идома дод. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
Боре рассоми маъруф Ҳолбейн лордеро, ки нописандона ба утоқи корияш зада даромада буд, дар сари қаҳр тела дода, аз зинапоя поён меандозад. Мансабдори олирутба худро таҳқиршуда ҳисобида, ба шоҳ арз менамояд ва, ҳатто, таҳдид мекунад, ки агар чораи зарурӣ набинанд, ӯ худаш Ҳолбейнро буғӣ карда, мекушад. 
- Милорд, - оромона мегӯяд шоҳ,- ман худи ҳозир метавонам интихобан ҳафт мардро гирам ва аз онҳо ҳамин миқдор лорд созам, вале аз ҳафт лорде чун шумо як рассом ҳам сохта намешавад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
КОҒАЗ
Ҳар қадар мамлакат пешрафта бошад, ҳамон қадар зиёдтар коғаз сарф мекунад. Япония, ИМА, Чин, Шветсия, Финляндия, Канада бузургтарин исрофкунандаҳои коғазанд. Барои муқоиса, дар як сол Финляндия ба ҳар сари аҳолӣ 1400 грамм, Афғонистон 100 грамм коғаз сарф мекунанд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА, донишҷӯ
 
 
АВВАЛИН ВА МАШҲУРТАРИН
Аввалин рӯзнома (ба маънии ҳақиқии имрӯза)  бо номи «Навиди пойтахт» 1200 сол қабл дар Чин пайдо шудааст. Хабарҳои онро  дар тахта бо иероглифҳо менигоштанд. Ҳоло машҳуртарин рӯзномаи ҷаҳон «Guardian»-и Британия аст, ки 200 сол боз нашр мешавад.
Таҳияи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
 
 
10 КИШВАРИ ХУРДТАРИН ДАР ҶАҲОН
Дар рӯи Замин 193 мамлакат мавҷуд аст, ки бо масоҳати худ аз ҳам ба куллӣ тавофут доранд. Агар Россия бузаргтарин давлати олам бошад,  кишварҳое ҳастанд, ки аз шаҳрҳои баъзе кишварҳо кӯчактаранд. Ин навбат тасмим гирифтем, ки ба хонандагон дар бораи мамлакатҳои хурдтарини олам маълумоти мухтасар манзур намоем.
 
7. ҶАЗИРАҲОИ МАРШАЛЛ
Ин давлат дар Уқёнуси Ором ҷойгир буда, асосан аз ҷазираҳои марҷонӣ иборат аст. Масоҳати кишвар 181 км2  ва аҳолиаш 62 ҳазор нафар мебошад.
Кишвар дорои захираҳои табиӣ нест ва воридоти мол аз содирот аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
НОМАИ ХОНАНДА
Нахустин номаи хонанда соли 1786 дар як рӯзномаи олмонӣ нашр гардид. Дертар маълум шуд, ки нома сохта аст: муаллифи он корманди ҳамон рӯзнома буд. Ин ҳила то ҳол дар байни журналистон маъруф аст: агар номаҳои хонандагон камӣ кунанд, онҳо «бе ягон зарра азоби виҷдон» нома «ихтироъ» мекунанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ШОҲ – ХАБАРНИГОР
Дар асри XVII рӯзномаи «Laa Gazette» дар Франсия он қадар машҳур шуда буд, ки баъзе хабарҳоро дар он худи шоҳ менавишт.
Таҳияи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ОДАМОНИ МАЪРУФЕ, КИ ИСТЕЪДОДИ ОНҲО ПАС АЗ ФАВТАШОН ЭЪТИРОФ ГАРДИДААСТ
Бисёр одамони маъруфе ҳастанд, ки дар ҷомеа дар доираи кори хеш фаъолияту зиндагӣ доранд. Сарфи назар аз оне, ки оё онҳо барои маъруфу машҳур шудан кӯшиш ба харҷ додаанд ё на ягон нафаре аз эшон наметавонанд бидонанд то кадом ҳад пас аз фавташон машҳур хоҳанд шуд. Ва инак чанд нафареро, ки ба ҷомеа ва, ҳамчунин, фарҳанг ҳатто пас аз маргашон таъсири бузурге гузоштаанд, манзур мегардад. 
 
7. Ҷон Китс
Ашъори шоири англис Ҷон Китс тамоми умр зери танқиди адабиётшиносон қарор дошт. Танҳо дар асри XIX бо дарки заҳматҳои зиёди ӯ Китс яке аз шоирони дӯстдоштаи Англия эътироф гашта, асарҳои бо сабку услуби хоса ва эҳсоси баланди зебопарастӣ эҷод намудааш ҳаводорони зиёде пайдо намуд. Ҷон ҳамагӣ 25 сол умр дида бошад ҳам, шеърҳояш давомдиҳандаи умраш гашта, ӯро машҳур гардондааст.   
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАР НАФАҚА НАМЕГИРАНД
Барномаҳои нафақа дар шаклҳои гуногун анқариб дар тамоми кишвари дунё мавҷуданд. Вале, баъзан талаботи реформаи нафақа амалан иҷронашаванда мегардад ва имкони дарёфти нафақаро ба сифр мерасонад. Бинобар ин, таассуроте ба вуҷуд меояд, ки нафақа дар бархе кишварҳо танҳо дар рӯи коғаз аст. 
 
БОТСВАНА
Системаи нафақаи Ботсвана соли 1966 арзи вуҷуд кард. Дар пиронсолӣ сокинони ин кишвар довталаби ду категорияи пардохт мешаванд: 1) Пардохти нафақа барои ҳамаи шаҳрвандон аз буҷети давлатӣ; 2) Нафақа дар асоси пардохти корфармо.
Созмонҳо муваззафанд молияи иҷтимоиро барои кормандони худ 1 маротиба дар 5 сол пардохт намоянд, аммо дар амал ками дар кам ин талаботро иҷро мекунанд.
Ба сатҳи рушди баланди нисбии иқтисоди Ботсвана нигоҳ накарда, системаи нафақа босамар кор мекунад. 84 фоизи кормандони созмонҳои хусусӣ дар пиронсолӣ танҳо ба пардохти ҳадди ақал 220 пул метавонанд умед бубанданд.
Дар зимн, синни ҳадди ақалли ба нафақа баромадан 6 моҳ аз ҳисоби миёнаи умр бештар мебошад. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
100 ФАКТИ ТАЪРИХӢ
1.Христофор Колумб ба соҳилҳои Амрикои Марказӣ танҳо дар вақти экспедитсияи чоруми худ расид, дар се экспедитсияи пешин ӯ ҳатто аз Куба онтарафтар нарафта буд. Бо вуҷуди ин, ӯ то дами марг бовар дошт, ки Ҳиндустони Fарбиро кашф кардааст. Ҳатто халқи кашфнамудаи Колумбро дар Аврупо ҳиндуҳо ном мебурданд. 
2.Император Николайи I он қадар мусиқиро бад медид, ки ба афсарони гунаҳгор ду шакли ҷазо муайян карда буд: маҳкум кардан дар губа ё пурра гӯш кардани ду опера.
3.Қувваҳои ҳарбӣ – баҳрии ИМА соли 1775, як сол пештар аз худи 
давлат таъсис ёфтаанд. 
4.Малика Виктория аз 20 июни соли 1837 Британияи Кабирро 63 сол, яъне бештар аз ҳама шоҳони бритонӣ идора кардааст.
Маликаи Англия Ҷейн Грей бошад, моҳи июли соли 1553 дар тахт ҳамагӣ 9 рӯз монд ва бо ҷурми ғасби ҳокимият ба қатл расонда шуд. 
Аз русӣ тарҷумаи М. СӮФИЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2020    №: 53    Мутолиа карданд: 595
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед