logo

фарҳанг

ҲАМСОЛИ ТОҶИКИСТОН. АЗ "ИДИ ТОҶИК" ТО "ҶУМҲУРИЯТ"

Газета, рӯзнома, ормоннома. «Иди тоҷик», «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ», «Ҷумҳурият». Ин ҳама ному сифати нашрияи рақами яки кишвар аст, ки 95 сол инҷониб дар саромади матбуоти тоҷик устувор истода, бо каломи пурмеҳри фарзандӣ солнома, дилнома, ёдномаи таърихи рушди Тоҷикистони азизро иншо месохту месозад, бо «қалами бурандатар зи теғ» манофеи давлату миллатро дифоъ мекарду мекунад. Анқариб як аср аст, ки он муҳтавои матбуоти ватаниро фарогири аҳдофу ормонҳои миллӣ намуда, парчами каломи созандаро парафшон медорад. Ин идомаи ҳамон анъанаҳои неканд, ки аз қаҳрамонони миллат Садриддин Айнию Бобоҷон Ғафуров ва ҳаммаслакони минбаъдаашон мабдаъ ва маншаъ гирифта, то ба мо расидаанд ва аҳли эҷоди «Ҷумҳурият»-и феълӣ тавре хомаронӣ мекунад, ки вориси сазовори гузаштагони барӯманди худ бошад.
Имрӯз ба умри пурбаракати «Ҷумҳурият» боз як соли тақвимӣ зам мешавад. Боз як соли хизмати содиқона ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи шарифи тоҷик. Боз як соли такопӯю бозёфтҳо дар роҳи тарғибу ташвиқи аҳдофи созандаи муассисони хеш - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва бо дарки масъулияти ҳамин рисолати хеш роҳ ба водии дилҳо паймуданро идома дод. Бо каломи муассир аз ваҳдату ҳамбастагӣ, аз сулҳу субот, созандагию ободкорӣ. То ки аз сеҳри сухани рӯҳбахш қалбҳо саршори меҳру муҳаббати Меҳан гарданду ақлу заковат, донишу маҳорат ва қуввату ғайрати хурду калони кишвар нисори пешрафту ободии он. Ободиҳое, ки бо чашми ақл бояд дид. Ободӣ ва пешрафту комёбиҳое, ки бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайваставу мепайванданд ва Тоҷикистони маҳбубро дар марҳилаи ҳаётан муҳими гузариш обрӯву нуфузи бе марз мебахшанд. Ва табиист, ки «Ҷумҳурият» пайваста мекӯшад дар маркази ин ҳама ҷӯшу хурӯшу бунёдкориҳо бошад, то ки аз навиштаҳояш набзи ободкориҳои бесобиқа бармало эҳсос гардад. Ва муваффақ ҳам ҳаст дар ин ҷода. Ба далели эътироф метавон ёдрас шуд, ки солҳои 2017 ва 2018 дар ҷомеаи журналистии кишвар «Ҷумҳурият» сазовори унвони «Беҳтарин нашрияи Тоҷикистон» гашт. То 50 ҳазор нусха расидани теъдоди нашрашро, ки назар ба панҷ соли қабл қариб 40 дарсад зиёдтар мебошад, метавон чун шаҳодати рӯшани дар дилу дидаи мардум ҳарчи бештар маъво гирифтанаш рақам зад. Афзудан бамаврид аст, ки нашрия дар ташкили озмунҳо низ аз шаклҳои қолабӣ даст кашида, онҳоро аз доираи тадбири дохилиидорӣ то ба чорабинии густурдаи сиёсӣ, адабию фарҳангӣ ва фаромарзӣ ташаккул дод. Озмуни «Пайрави Пешво», озмунҳои якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Беҳтарин шеъри бачагона» воқеан таҳаввулот ба амал оварда, аз ҷониби сиёсатмадорон, адибону рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва аҳли ҷомеа баҳои баланд гирифтанд.
Дар ин рӯзҳои фархундаи ду ҷашн - ду омили муҳимтарини равокомии «Ҷумҳурият»-ро мехоҳем махсус таъкид созем. Аввалан, моро шарафи бузург насиб гаштааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарасти рӯзномаамон мебошанд ва маҳз ҳидоятҳои хирадмандона, дастгирию ғамхории пайвастаашон асоси ҳама барорамон гаштааст. Он масъулиятамонро низ ба ҳамон андоза афзудааст. Дувум, побарҷо будани пайванди наслҳои нашрия. Яъне, мо пайваста дар хотир дорем, ки пешиниёни мо кӣ буданд ва обрӯву эътибори рӯзномаро то кадом қуллаҳо расонданд. Ин ҳам масъулият аст.
Акнун доир ба ҷашни дуюмамон, ки хеле «ҷавонтар» аст. Гуворост ёдрас гаштан, ки расо 20 сол қабл, яъне 14 марти соли 2000, бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳамин тавр, ду даҳсола инҷониб нашрияи рақами яки ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки боиси сарфарозист.
Дар ниҳояти сухан бо сипос аз ин ҳама дастгириҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар кулли хонандагон ва алоқамандони «Ҷумҳурият»-ро бо ин ду санаи муборак таҳният мегӯем. Мо минбаъд низ мекӯшем, «Ҷумҳурият» барои ҳар яки шумо на рӯзномаи муқаррарӣ, балки ормоннома бошад.

«ҶУМҲУРИЯТ»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2020    №: 54    Мутолиа карданд: 346
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед