logo

туризм

"САФЕД – ДАРА". БЕҲТАРИН МАКОНИ САЙЁҲӢ ВА ВАРЗИШИ ЗИМИСТОНА

Маҷмааи кӯҳию лижаронӣ ва сайёҳии «Сафед – Дара» соли 1975 дар мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб бунёд шуда, баъди таъмиру навсозӣ дар замони истиқлолият ба яке аз беҳтарин маконҳои истироҳатӣ ва машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиши зимистона мубаддал гашт. Ҳоло маҷмаа тамоми сол ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонад. Соли ҷорӣ аз ин макони дилфиреб зиёда аз 2500 сайёҳи ватаниву хориҷӣ дидан намуд.

Ҳанӯз соли 2016 Пешвои миллат зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи маҷмаа таъкид намуда буданд, ки мавзеи хушманзараи Сафедорак дорои имкониятҳои васеъ дар самти истироҳату фароғат,  рушди туризми сайёҳӣ ва варзишӣ буда, Сафед – Дара ягона машқгоҳи варзишии зимистонаи кишвар аст, ки ҳар сол ба он қариб се ҳазор сайёҳону варзишгарони дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд.
Барои ба мавзеи фароғатию варзишӣ табдил додани «Сафед – Дара», ҷалби бештари сайёҳон ва фароҳам овардани шароити созгор ба сайёҳу меҳмонон, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сафед - Дара» ҳамаҷониба талош дорад. Аз ҷумла, дар ин муддат роҳи автомобилгарди Пугус - Такоб – Сафед – Дара ва 17 километр роҳи дигари ин мавзеъ, ки солҳои пеш ҳолати ногувор дошт, дар муддати кӯтоҳ барқарор ва навсозӣ шуд. Инчунин, баъди навсозӣ дар маҷмаа ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 140 воситаи омадурафти одамон (бугел) мебошад. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз буда, барои истифодабарӣ шабонгоҳ низ созгоранд.
Бо мақсади васеъ намудани хизматрасониҳо ва ҷалби бештари мизоҷон маҷмаа истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакона боз намуд. Истироҳатгоҳ барои кӯдакону наврасони аз 7 то 17 - сола пешбинӣ шуда, аз тариқи шартномаи тарафайн амал мекунад.  Истироҳату машғулияти кӯдак дар асоси барномаи махсус бо ҷалби мураббиёни ботаҷриба гузаронда мешавад. Кӯдакону наврасон аз хизматрасониҳои роҳи танобӣ, зиплайн, парки арғамчинӣ, велосипедронӣ, кӯҳнавардии сунъӣ (скалодром), багги истифода бурда метавонанд.
Бояд гуфт, ки тарабхона, майдонҳои бозиҳои зимистонаи кӯдакона,   конкию хоккей, аспсаворӣ, лижаронӣ, сноуборд, парки арғамчинӣ, сноутюб, зиплайн, котеҷҳо, барбекю, пентбол, кинотеатр, иншооти роҳи танобӣ аз ҷумлаи чизҳои дидании ин макон ба ҳисоб мераванд.
Барои рушди варзиши лижаронӣ дар мамлакат маҷмаа барои гузарондани намудҳои варзиши зимистона, аз қабили лижаронӣ ва сноуборд шароит фароҳам овардааст. Майдони бозиҳои рӯйи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имкон медиҳад, ки ин намуд ба варзиши оммавӣ табдил ёбад. Баробари фаъол гаштани кори маҷмааи сайёҳию варзишӣ Ассотсиатсияи миллии намудҳои варзиши зимистонаи кишвар эҳё гардида, дар баргузории мусобиқаҳо саҳмгузор аст. Аз ҷумла, соли равон бо ташаббуси ассотсиатсияи мазкур ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 3 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 5 мусобиқаи мактаби кушода оид ба лижаронӣ гузаронда шуд. Инчунин, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз низ баргузории чунин навъи мусобиқаҳо дар назар аст. Боиси тазаккур аст, ки иқлими мусоиду мавқеи ҷуғрофии маҷмаа имкон медиҳад, ки варзиши лижаронӣ то охири моҳи май давом кунад.
Баҳри фароҳам овардани шароити мусоидтар ба сайёҳону мизоҷон ҶСП «Сафед – Дара» саъю талош дорад. Тавре Баҳодур Исҳоқов, директори маҷмаа,  зимни суҳбат  иброз дошт, дар ояндаи наздик маҷмаа зиёда аз 300 нафар сокини деҳоти гирду атрофро ба ҷои кори доимӣ фаро мегирад.
Мавриди зикр аст, ки маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ мавзеи лижаронӣ ва сайёҳӣ ба маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишии муосир табдил ёфта, дар пешрафти иқтисоди сайёҳӣ, варзиш ва солимии ҷомеаи кишвар нақши арзанда мегузорад.
Мафтуна НУРИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2020    №: 55    Мутолиа карданд: 2387
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед