logo

фарҳанг

ХУДШИНОСӢ САРЧАШМАИ БАҚОИ МИЛЛАТ

Бояд зикр намуд, ки ду қутби ба ҳам мухолифи ҷаҳони муосир дар бозори геополитикӣ ва нооромиҳову даргириҳо дар давлатҳои Сурия, Ироқ  ва Афғонистон, кӯшиши аз нав тақсим кардани минтақаҳо ва зуҳуроти нави ҷанги сард моро ҳушдор медиҳанд, ки аз хатару таҳдидҳои нав бохабар бошем. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: “Мо набояд зери ниқоби ислом ба анъанаҳои башарӣ ва фарҳангии ислом зарба занем”. Пажӯҳиш ва муаррифии мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ аз ҷониби олимон ва пажӯҳишгарони гуногуни олам  аз арҷгузорӣ ба илму маърифат, таъриху тамаддун ва мероси пурғановати мо дарак медиҳад.  Аз ҷумла, нашр ва муаррифии осори “Тоҷикони водии Хуф” - и Михаил Андреев, “Ним асри  пажӯҳиши Осиёи Марказӣ” - и Андрей Мадҷӣ ва “Сафарнома” - и  Носири Хусрав. 

Аз ин хотир, се асари имрӯз дар Тоҷикистон нашршуда барои ҳар як шаҳрванди кишварамон муҳим ва омӯзандаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳар се асар ваҳдатсозию башарпарвариро таҷассум мекунанд. Насли наврас аз китоби “Тоҷикони водии Хуф”- и Михаил Андреев ба Хуфи Боло савора расидани як олими бузург ва ҷонфарсоиҳои ӯро дар омӯзиши этнографияи миллати мо дарк мекунад. Пажӯҳиши мазкур дар илми мардумшиносӣ беҳтарин асар шинохта шудааст. Ӯ ба ҷамъоварии маводи китоби “Тоҷикони водии Хуф” ҳанӯз аз соли 1902 сар карда буд. Маҳз дар ибтидои қарни бист олимон Андреев, Писарчик, Эделман,  Пахалина истилоҳи тоҷикони водиҳои Ишкошим ва Хуф, болооби Амударё ва соҳили Панҷро истифода бурдаанд.
Александр Шишов дар китоби “Тоҷикон” соли 1910 мардуми соҳили рӯди Панҷ, Шуғнон ва Рӯшонро тоҷикони қадим ном бурдааст. Мутаассифона, имрӯз як зумра ҷудоихоҳон, ки аз таърихи гузаштаи мо хабар надоранд, баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нофаҳмиву камогоҳӣ истилоҳи “мо тоҷик нестем” - ро паҳн мекунанд. Ба тоҷики асил будани мардуми Бадахшон дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим дар қарни ХIХ касе шубҳа надошту надорад. Ҳанӯз соли 1916 ҳангоми таҳия ва тарҷумаи китоби “Таърих” ин нуқта зикр шуда буд. Ба ин сабаб, нашри ин китобҳо, бахусус “Тоҷикони водии Хуф”, моҳияти бузурги ватанпарастӣ дошта, ба  таблиғи ғурури  миллӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, дастрасии васеъ ба ин китоб ду ҷанбаи муҳими иҷтимоӣ - сиёсӣ низ дорад. Пеш аз ҳама, мо аз анъанаҳои ориёиҳои қадим огоҳ гашта, аз зуҳуроти бегонапарастӣ даст мекашем. Дуюм, мо бояд ба насли наврас зиндагии пурмашаққат, фоҷиавӣ, тохтутози бегонагон, асорати мардум дар асри ХIХ - ро фаҳмонем. Омӯзиш ва мутолиаи  китоби “Тоҷикони водии Хуф” хеле муфид аст.
Шарқшиноси маъруф Андрей Мадҷӣ 50 соли умри худро ба пажӯҳиши Осиёи Марказӣ бахшида буд. Дар осори Мадҷӣ таърихи этнофарҳангии гузаштагони мо гирд омадааст. Мероси илмии мавсуф моро ҳушдор медиҳад, ки танҳо ҳаёти осоишта, сулҳу субот решаи илму фарҳангро шодоб мекунад.
Дар китоби олим ва меъмор Мунаввар Мамадназаров маълумоти нодир аз  меъморӣ, ҷуғрофия ва ҳам ҷаҳонгардӣ гирд омадааст. Хуштар аз он, ин маълумотҳо дар такя ба асари гаронарзиши Носири Хусрав – “Сафарнома” таҳия шудаанд. Воқеан ҳам, ин паҳлуи пажӯҳиши осори Носири Хусрав нав аст. Ин пажӯҳиш бори дигар диди нозук ва мӯшикофонаи файласуфи бузургро ба муҳити атроф  собит менамояд. Ҳамзамон, Мунаввар Мамадназаров сайёҳони имрӯзро ба хати сайри сафарҳои Носири Хусрав ҷалб мекунад.
Дар маҷмӯъ, пажӯҳишу омӯзиш ва  таҳқиқи таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ ҳамеша дар маркази асосии таваҷҷуҳи олимону файласуфон, таърихнигорону ҷомеашиносон ва сиёсатмадорону шарқшиносони ҷаҳон қарор дошт ва ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Чунин таваҷҷуҳи махсуси аҳли маърифат ва илм ба осори таърихиву фарҳангии Осиёи Марказӣ аз нақши калидӣ доштани он дар созандагии тамаддуни башарӣ ва пешбурди тафаккури инсонӣ шаҳодат медиҳад.

Қозидавлат ҚОИМДОДОВ,
намояндаи доимии Ташкилоти
Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2020    №: 61    Мутолиа карданд: 297
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед