logo

фарҳанг

РИЧАРД ФОЛТС: "ШЕЪР ВА НАВРӮЗ НАМОДИ ТОҶИКОНАНД"

Соли 2019 Ричард Фолтс, пажӯҳишгар ва шарқшиноси номвари амрикоӣ, китоби нави худро таҳти унвони «Таърихи тоҷикон» («А History of the Tajiks») дар муассисаи мутолеоти осиёӣ  ва африқоии Донишгоҳи Лондон рӯнамоӣ кард. Профессор Фолтс, ки то имрӯз китобҳои бисёре дар бораи Эрони бостон ва Маздаясно навиштааст, китоби тозаашро ба қадимтарин миллати Осиёи Марказӣ  – тоҷикон бахшид.
Суҳбати радиоӣ ва мусоҳибаҳои ин олими номвар, ҳамзамон, тақризу мақолаҳои пажӯҳишгарони тоҷик Камолиддин Абдуллоев (ба забони русӣ), Қодири Рустам ва дигар иттилооти хурд ба як чиз ишора доранд: дар ҷаҳони Ғарб чунин китоб дар бораи тоҷикон ва бо забони англисӣ  бори нахуст интишор ёфтааст, ки сазовор ба истиқболи гарм мебошад. Фолтс дар ин китоб, таърих, фарҳанг, забон ва нақши калидӣ доштани тоҷикон, ё ориёиҳои шарқӣ  дар сарзамини кишварҳои феълии Осиёи Миёна, вилояти Шинҷони Чин, Афғонистон ва шимолу ғарби Покистон ва Эрону Ироқи имрӯзаро қабл аз ҳуҷуми арабҳо баррасӣ  кардааст.
Шавқи пажӯҳиш, маърифати илмӣ  ва оташи меҳри тоҷиконро дар дили ӯ яке аз бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон Ричард Фрай бедор кардааст. Фрай аз ихлосмандону дилбохтагони садоқатманди фарҳанги тоҷик буд ва бо бештари адибону олимон ва рӯзноманигорони тоҷик равобити мустақим дошт.
Фолтс дар мавриди равобити дӯстонаи худ бо Фрай мегӯяд: «Айёми донишҷӯӣ  бо профессор Ричард Фрай, ки як тоҷикшиноси бисёр бузург буд, ошноӣ  пайдо кардам ва аз донишу малакаи ӯ баҳравар гардидам. Фрай муддате дар Тоҷикистон зиндагӣ  дошт ва пажӯҳиш бурд. Ман ҳам пас аз хатми донишгоҳ барои ба поён расондани рисолаи докторӣ хостам ба Тоҷикистон оям. Аммо сафарам ба соли 1992 рост омад, Душанбе ба коми ҷанг фурӯ рафта буд. Ба ин хотир, Ӯзбекистон рафтам, зеро шаҳрҳои таърихии тоҷикон имрӯз дар ҳайати ин кишвар аст. Дар Самарқанд бо тоҷикони зиёде шинос шудам, он ҷо муддате иқомат кардам ва пажӯҳишамро ба поён расондам. Ниҳоят, соли 2012 ба Тоҷикистон омадам ва равобитам то имрӯз идома дорад. Тӯли 30 сол, ки ба пажӯҳиш саргармам, роҷеъ ба таърихи мардуми эронӣ даҳҳо мақолаву рисола ба табъ расондам. Вақте ки мардуми эронӣ  ё сарзамини Эрон мегӯям, ба ҳеҷ ваҷҳ Эрони имрӯзаро дар назар надорам. Барои ман сарзамини Эрон аз Балкан то Чин идома мекунад, ки тоҷикон низ ҷузъи он ҳастанд».
Фолтс вақте дунболи тоҷикшиносӣ гашт, тадриҷан дарк кард, ки илми тоҷикшиносӣ  кони кашфношудаест, ки лаълу гавҳарҳои бешуморе нуҳуфта дорад. Аз ин хотир, баҳри иктишоф камари ҳиммат баст.
- Доктор Фрай нияти навиштани китоберо роҷеъ ба тоҷикон дар зеҳнаш мепарварид ва мани он замон донишҷӯ интизор будам, то ин китобро бихонам. Маҳз ба ҳамин хотир, ӯ солҳои 1991-1992 ба Тоҷикистон омад ва ин ҷо зиндагӣ  кард. Аммо баъди чанд муддат, ба ман гуфт, ки ин китоб ба масири дигар рафт. Пас аз ин ӯ китобе нанавишт. Яъне, ӯ натавонист ин орзуяшро ҷомаи амал пӯшонад. Соли 2014 Ричард Фрай дар 94 - солагӣ бо зиндагӣ  падруд гуфт. Аммо рӯҳан гӯё маро раҳнамоӣ мекард. Соли 2016 дар гиромидошти Ричард Фрай дар як конфронс иштирок ва сухан рондам. Азбаски Фрайро хуб мешинохтам, аз густурдаи фарохи пажӯҳишаш огоҳ будам, дар суханронӣ  самти тоҷикшиносии ӯро интихоб кардам. Дар рафти тадқиқ дарёфтам, ки тоҷикшиносӣ  дар фаъолияти ӯ нақши марказӣ  дорад. Ӯ дар мавриди «Таърихи Наршахӣ», ки манбаи муътамади таърихи тоҷикон аст, рисолаи докторӣ  навишта буд. Дар ҷаласаи бузургдошт Фрайро ҳамчун тоҷикшиноси мумтоз муаррифӣ  намудам. Дар ин маврид мақолае дар маҷаллаи «Бухоро» нашр кардам, ки ба ҳуруфи кириллӣ  дар Тоҷикистон ҳам ба нашр расид. Бубинед, то имрӯз дар Ғарб дар бораи халқи тоҷик китобе нест. Фрай мехост нависад, аммо, натавонист. Ин масъулиятро ман ба дӯш гирифтам ва давоми 2 сол доир ба тоҷикон китобе навиштам, - изҳор доштааст Ричард Фолтс.
Ин пажӯҳандаи дилсӯз дар суҳбати шонздаҳдақиқагии худ дар радио ва дигар суҳбатҳояш аз таърихи ростини тоҷикон дифоъ мекунад, муштаракоти забониву динии форсизабононро тазаккур медиҳад, аз нақши Сомониён дар ташаккули миллати тоҷик ҳарф мезанад.
Профессор Фолтс дар суҳбати радиоии худ мегӯяд: «Фикр мекунам, бо китоби «Таърихи тоҷикон» халое (холигоҳи иттилоотӣ  – Б. Б.), ки дар бораи тоҷикон ҳаст, пур нашудааст, аммо қадами аввал гузошта шуд». Ҳамчунин, зикр мекунад, ки ба ҳар ҳол қолаби афкору тасаввуроте, ки пеш аз ин дар бораи тоҷикон, ба сифати як халқияте вобастаи шӯравӣ  дар Аврупову Амрико ҳукмфармо буд, шикаста гардид.
Фолтс ба падидаҳои шаҳрсозӣ, фарҳанг, забон ва шахсиятҳои таърихиву адабии тоҷикон, ки пас аз ҷудо шудани марзҳои маъмурӣ баъзе аз афроди алоҳида ва олимони сустаносир моли ин ё он қавми дигар медонанд, посухи дандошикане медиҳад, ки чунин аст: «Дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз ин гуна даъвоҳо ҳаст, ки чӣ ё кӣ  моли кист? Дар дунёи илм ин масъалаҳо ҳал шудааст ва касе шак намекунад, ки фарҳанги Осиёи Марказӣ  аз тоҷикҳост».
Китоби пажӯҳишгари номвар Фолтс «Таърихи тоҷикон» китоби ҷомеъ роҷеъ ба тоҷикон аст. Аз огоҳӣ  бо баъзе аз қисматҳои китоб, ки пора-пора ба русиву форсӣ нашр шудаанд, ҳамзамон, аз тақризҳои олимони дигар пайдост, ки Фолтс дар иншои китоб аз асарҳои нодири «Таърихи Табарӣ», «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори устодон Садриддин Айниву Бартолд баҳраи фаровон доштааст.
Дар робита ба омилҳои муаррифии тоҷикон дар ҷаҳон чанд ҷумлаи омӯзанда мегӯяд, ки мушоҳидаҳои тӯлонӣ, мардумшиносӣ ва равонковии ӯро нишон медиҳанд: «Муаррифи шумо аввал шеър аст. Ба назари ман, нуктаи аввали фарҳанги эронӣ  шеър аст. Ман аз рӯзе, ки ба Тоҷикистон ворид шудам, то ҳол ҳатто як касро надидам, ки дар гуфтугӯ шеър наоварад. Яъне, шеър бунёди ҳувияти фарҳангу тамаддуни тоҷикон аст. Баъдан, Наврӯз. Ман дар донишгоҳамон як курси бузурге дорам бо номи муаррифии фарҳанги эронӣ. Ба донишҷӯён аввалин чизе, ки мегӯям, ин аст, ки агар мехоҳед тамаддуни эрониро бифаҳмед, ду чизро бояд донед: якум Наврӯз, дувум «Шоҳнома». Наврӯз ҷашни ҷаҳонии тамоми порсизабонон аст ва аслан ба ҳеч забону дин рабт надорад. «Шоҳнома» адабиёти миллии ҳамаи шумост. Ин намунаи фарҳанги бузурги шумост, ки дар ҳамаи ҷаҳон онро медонанду мешиносанд. Дар таърихи ҳунари дунё бузургтарин саҳнае, ки наққошӣ  шудааст, саҳнае аз «Шоҳнома» аст».
Ричард Фолтс барои имрӯзу ояндаи миллати тоҷик ва Тоҷикистони имрӯз, ки 29 сол боз соҳиби Истиқлолияти давлатист, дилсӯзӣ  дорад, аз сафарҳояш ба Тоҷикистон хушнуд, аз қадршиносии тоҷикон сипосгузор аст: «Дар Тоҷикистон чанд бор иқомат доштам. Ин кишварро бисёр-бисёр дӯст медорам. Басо кишвари зебо, мардуми дилпазир, фарҳанги ғанӣ, табиати хеле тааҷҷубовар. Бисёр мехостам ифтихороти миллии мардум боло гирад, Тоҷикистон рушд кунад».
Барои таҳкими худшиносӣ, таърихи фарҳанг ва донистани нуқсу камоли андешаҳои дигарон дар бораи миллати мо китоби «Таърихи тоҷикон» сазовори тарҷумаву тарғиб аст. Аз ин сабаб, бисёр  мехостем,  ки  Академияи илмҳо ва шуъбаи «Тоҷикшиносӣ» - и Китобхонаи миллӣ тарҷумаи онро омода карда, дар муаррифии он саҳм гиранд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2020    №: 61    Мутолиа карданд: 354
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед