logo

туризм

САЙЁҲИИ КОРӢ - ВОСИТАИ ПЕШБУРДИ САНОАТИ САЙЁҲӢ

Сайёҳии корӣ яке аз навъҳои сердаромад ва доимии соҳа буда, қариб дар тамоми ҷаҳон босуръат афзоиш меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дурнамои муайян дошта, мавқеи геополитикӣ ва захираҳои табиии мамлакат ба афзоиши шумораи сафарҳои вобаста ба тиҷорат ва омӯзиш, конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

ДУШАНБЕ – МАКОНИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ САТҲИ БАЛАНД
Солҳои охир Тоҷикистон, бахусус Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст ва зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон– шаҳри Душанбе панҷумин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гашт, ки дар баробари тақвият додани обрӯ ва эътибори мамлакат ба рушди сайёҳӣ такони тоза бахшид. Ин аввалин нишасти МҲТБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ сохт.  Аз ҷониби дигар саммит ба афзудани робитаҳои  сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Меҳмонони зиёди хориҷӣ дар ҳошияи саммит аз табиат, зебогиҳои пойтахти мамлакат, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, зимни тамошо аз Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғи “Куруши Кабир” меҳмонон таассуроти рангин бардоштанд.
Бозтоби саммит ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфи дунё, монанди “Синхуа”, ССТВ, ИТАР ТАСС, “Ал- Ҷазира”, “Евронюс”, BBC (Би-би-си) бешубҳа дар афкори умумии байналмилалӣ тасаввуроти аҷибро аз Тоҷикистон эҷод кард. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю чандҷониба гардид.
Дигар чорабинии сатҳи баланд, ки дар он намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ҳамшарик, аз ҷумла намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва намоядагони дигар созмонҳои байналмилалӣ, ширкат варзиданд, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон – 2019 буд. Чорабинӣ барои пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ дар сатҳу сифати нав ва рушди сайёҳӣ мусоидат кард.

9 МЕҲМОНХОНАИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
- Ҷойгир кардани меҳмонони сатҳи баланд мавҷудияти инфрасохторро дар шаҳрҳо, бахусус дар пойтахт тақозо мекунад, - гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода зимни нишасти матбуотӣ. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳадафҳои асосии гуногунтаркиб намудани сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин диққати аввалиндараҷа додан ба саёҳати корӣ ё ин ки бизнес - сафарҳо мебошад. Нафароне, ки бо мақсади корӣ ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд, ҳеҷ гоҳ аз хизматрасонии меҳмонхонаи одӣ ё ҳостел истифода намебаранд. Бинобар ин, тибқи анъана ва талабот барои ҷойгир кардани меҳмонон бояд ҷой дошта бошем. Гоҳо чорабиниҳои байналмилалӣ ҳудуди то 2 ҳазор ҳуҷраҳои хоби сатҳи баландро тақозо мекунанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани 9 меҳмонхона, ки сохтмонашон дар пойтахти мамлакат ба нақша гирифта шудааст, барои қонеъгардонии талаботи афзоянда мусоидат хоҳад кард. Меҳмонхонаҳои ҳозиразамон ва тарҳи миллӣ аз ҷониби соҳибкорон ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд мешаванд. Ҳамаи меҳмонхонаҳо бо назардошти талаботи байналмилалии соҳа бо дараҷаи 3, 4 ва 5 - ситорадор, аз ҳуҷраҳои стандарт, люкс, нимлюкс ва апартамент иборат ва бо марказҳои савдову хизматрасонӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ, маҷлисгоҳ, марказҳои варзишиву дилхушӣ, тиббӣ, ҳаммом, толори синамо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ муҷаҳҳазонда мешаванд.

САЁҲАТИ ЯКРӮЗА ВА ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЛОГИСТИКӢ
- Вақте меҳмон барои гузарондани чорабинӣ, ки қисми фаъолияти ӯ аст ба ин ё он минтақа меравад, барои ӯ саёҳатҳои кӯтоҳмуддат лозим аст, - мегӯяд Суҳроб Қурбонов, директори иҷроияи ширкати сайёҳии «Бунёд Тур». - Зеро мақсади аслии ӯ фаъолияти меҳнатӣ аст, яъне кор, на саёҳат. Дар баробари ин, онҳо мехоҳанд, ки каме истироҳат ва дар бораи ҷойе, ки мераванд маълумот пайдо кунанд. Мувофиқан ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» дар ин ҷода чунин талаботи меҳмонони хориҷиро ба инобат гирифта, саёҳати якрӯза пешниҳод мекунад. Ин ҳамон саёҳатест, ки 80 дарсади меҳмонон имкони онро доранд. Душанбеи рӯзона, шоми Душанбе, Қалъаи Ҳисор, саёҳати саргузаштдор – Сафед – Дара, Норак – кӯли кӯҳӣ, Аҷинатеппа – Бохтар, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Искандаркӯл– қиссаи воқеӣ, «Чилдухтарон» -  ин гурӯҳи хатсайрҳое, ки ширкати сайёҳӣ маҳз бо ҳамин мақсад тарҳрезӣ кардааст ва байни сайёҳони хориҷӣ машҳуру мақбуланд. Иловатан, хизматрасониҳои логистикӣ пешбинӣ шудаанд, ки ширкати сайёҳӣ пешниҳод медорад.
Ширкатҳои сайёҳии ватании дигар низ дар ин самт хизматрасониҳои худро пешниҳод медоранд ва дар ин самт ду тарафи масъаларо баррасӣ мекунанд.

ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СОҲА
Мувофиқи таҳлилу омӯзишҳои мутахассисон, нишондиҳандаҳои сайёҳии корӣ дар миқёси ҷаҳон босуръат афзоиш ёфта, ба саноати сайёҳии корӣ 60 дарсади тамоми сайёҳии ҷаҳонӣ рост меояд. 55-60 дарсади ҷойҳо дар меҳмонхонаҳо аз ҳисоби сафарҳои корӣ пур мешаванд.
Қаблан миқдори сафарҳои кории байналмилалӣ дар як сол тақрибан ним миллион буда, тибқи пешгӯиҳо соли 2020 ин рақам се баробар афзуда, ба 1,6 миллиард сафар хоҳад расид. Таносубан, гардиши асъор ҳам афзоиш ёфта, ба андешаи коршиносон, ҳудудан 2 триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии корӣ ҳудуди 40 дарсади сафарҳои корӣ дар ҷаҳон ба минтақаи Аврупо рост меояд. Хароҷоти ҳаррӯзаи тоҷир ҳангоми сафари корӣ аз хароҷоти ҳаррӯзаи сайёҳи одӣ ба ҳисоби миёна се маротиба зиёдтар аст. Аз ин рӯ, Россия ба мисоли бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳамасола ҳамоишҳои зиёди байналмилалиро мегузаронад. Ғайр аз ин, ташкилкунандагон ҳангоми баргузории барномаҳои иловагии саёҳат, минтақаро чун макони сайёҳӣ реклама мекунанд, то меҳмонон хоҳиши баргаштан ба ин ҷоро намоянд. Аз ин ҷост, ки сайёҳии корӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ маҳсуб меёбад.

МУТТАҲИДСОЗИИ ШИРКАТҲО ВА ТАШКИЛИ МАҲСУЛОТИ НАВ
Нақшаи баргузории ҳамоиш ва чорабиниҳои расмӣ ҳамвора вусъат меёбад. Ин тамоюлро метавон ба осонӣ шарҳ дод – солҳои охир сайёҳии корӣ ба яке аз бахшҳои сердаромади саноати ҷаҳонии сайёҳӣ табдил ёфта истодааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ин навъи сайёҳӣ нав ташаккул ёфта истодааст. Вале, талабот ба гузарондани конфронсу намоишгоҳҳо меафзояд ва нафароне, ки дар бозори сайёҳии корӣ аз ин мақсаднок истифода мебаранд, ниҳоят каманд. Байни ширкатҳои саноати сайёҳӣ, ки дар бахши сайёҳии корӣ фаъолият мебаранд қариб ки алоқаҳои шарикӣ мавҷуд нест. Муттаҳидсозии ширкатҳо барои қонеъгардонии талаботи истеъмолгарони сайёҳии корӣ, ҳамчунин, ташкили маҳсулоти нав дар бахши сайёҳии корӣ масъалаи навбатие мебошад, ки бо ёрии таъсиси иттиҳодияҳои сохторҳои сайёҳӣ, шарикии давлат ба бахши хусусӣ метавон ҳал кард. Зеро сайёҳии корӣ воситаи пешбурди саноати сайёҳӣ буда, муваффақияти фаъолияти тиҷоратӣ дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии корӣ, дар навбати аввал бо маҳсулоти ҷолиби сайёҳӣ муайян карда мешавад.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.04.2020    №: 63    Мутолиа карданд: 2608
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед