logo

туризм

САЙЁҲӢ. СОҲАЕ, КИ МОРО НОМ ВА НОН МЕДИҲАД

Табиати Тоҷикистон ва ёдгориҳои табииву таърихии кишвари   азизи   мо барои ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ хеле мувофиқ мебошад. Бо назардошти ин, моҳи декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин иқдом барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бинобар ин, барои вусъат бахшидани ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳӣ, инкишофи   инфрасохтори деҳот, аз ҷумла беҳзистии мардуми деҳот ва маҳали аҳолинишин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Мақсади ин иқдоми Сарвари давлат боз ҳам тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии ҳунару фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Айни ҳол сайёҳӣ яке аз соҳаҳои бо суръат тараққикунандаи хоҷагии халқи Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди сайёҳӣ соҳаҳои дигари иқтисодиётро инкишоф дода, барои бунёди ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Инчунин, сайёҳӣ воридшавии асъори хориҷиро ба ҷумҳурӣ вусъат медиҳад, ки боиси ғанӣ гардидани буҷети мамлакат мегардад. Аҳамияти   дигари рушди соҳа дар он аст, ки барои пешрафти соҳаҳои хизматрасонӣ - нақлиёт, алоқа, савдо ва хӯроки умум таъсири мусбат мерасонад.
Ҳоло дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иншооти зиёди сайёҳӣ аз қабили муассисаҳои санаторию истироҳатӣ, меҳмонхонаҳо ва пойгоҳҳои сайёҳӣ мавҷуданд. Агар то соли 1992 дар Тоҷикистон ҳамагӣ ду ширкати сайёҳӣ фаъолият мекард, пас ин шумора ҳоло зиёда аз дусад адад буда, дар ҳоли зиёдшавӣ қарор дорад.
Сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайёҳии варзишӣ, сайёҳии таърихӣ ва этнографӣ, лижаронӣ, сайёҳии экологӣ, шиноварӣ дар дарёҳои кӯҳӣ, сайёҳии шикорӣ, тиббӣ, самтҳои ояндадори соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурии мо маҳсуб меёбанд.
Зиёда аз 93 фоизи сарзамини кишвари моро кӯҳсор ишғол кардааст, ки дар онҳо 85000 пирях мавҷуд аст. Манзараҳои зебои кӯҳӣ, дарёҳои пуртуғён, қуллаҳои баланди қаторкӯҳҳои кишвар ба сайёҳии кӯҳнавардӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Баландиҳои зиёда аз 3000 метр 6 фоизи масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва таъмини бехатарии сайёҳон дар ҷумҳурии мо мавзеъҳои муайяни сайёҳӣ интихоб шудаанд. Дар ин мавзеъҳо шахсони масъул мувофиқи реҷаи махсуси корӣ фаъолият мекунанд. Дар Тоҷикистон чашмаҳои зиёди маъданӣ мавҷуданд, ки дар аксари онҳо иншооти истироҳатӣ бунёд гардидаанд. Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Оби гарм, Зумрад, Ҳавотоғ, Явроз ва Хоҷаобигарм машҳуртарин иншооти табобативу истироҳатии кишвари мо ба шумор мераванд. Фарҳанги бою ғанӣ, урфу одат, таърихи қадими аҷдодон ба мо мероси гаронбаҳо боқӣ гузоштаанд. Дар ин шакли сайёҳӣ меҳмонон ба осорхонаҳо, шаҳракҳои бостонӣ ва тарзи зисту зиндагонии халқиятҳои гуногун шинос мешаванд. Ба ҳайвонҳои шикории кишвари мо, асосан хуки ваҳшӣ, харгӯш, рӯбоҳ, бузи кӯҳӣ, архар, оҳу ва ғайра дохил мешаванд. Мутахассисон ҳисоб карданд, ки агар имкониятҳои сайёҳии шикори Тоҷикистонро дуруст истифода   баранд, ҳар сол чандин миллион доллар ба хазинаи кишвари мо ворид   мешавад.
Сайёҳӣ омили беҳтарини баландшавии эътибори мамлакат, аҳамияти он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин ҷиҳат мутмаин месозад, ки сайёҳӣ рӯ ба беҳбудӣ мениҳад ва ҳар сайёҳи аз Тоҷикистон боздидкарда аз табиати зебову мардуми меҳмондӯсти он мутаассир мегардад.

Холмурод МУСОЕВ,
омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим
дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва
бозомӯзии кормандони соҳаи маориф


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 2777
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед