logo

номаҳо

МОДАР. ВАҚТЕ КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАНД...

Чанде  пеш  шоҳиди  воқеаи  фараҳбахше шудем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Модар бо занони фаъолу ҳушманди кишвар вохӯрӣ ва суҳбати самимӣ ороста, ба дилҳо фараҳ ва барои фардо хушбиниву умед бахшиданд.
Бо садоқат ва ҷавонмардӣ зикр карданд, ки «Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорем».
Аз суханони самимиву таҳлилии Сарвари давлат маълум буд, ки эшон ба Модари худ чӣ қадар меҳру муҳаббат доранд. Ёди неки Модари меҳрубони худро дар ниҳонхонаи дил ҳифз карда, ҳар замон барояш дили бузургашон месӯзад.
Ҳанӯз аз ёд нарафта, ки ҳини сафари Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Сангвор сокинони меҳнатқарини он диёр акси Модари Пешворо  тасвир карда, ба Сарвари давлат туҳфа намуданд. Он замон ашки худро дошта натавониста, ба сурат бӯса заданд. Воқеан, лаҳзае буд, ки ҳазорон дилро ба ларза овард. Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи Президент ба тамоми гӯшаву канори ҷаҳон паҳн шуд ва бори дигар муқаддас будани Модар барои миллати тоҷик собит гардид. Бо чунин дили бузург Сарвари давлат гуфтанд: “Зан - Модар бо сад мушкилӣ, вале бо нияти неку умеди зиёд инсонро ба дунё меорад, ӯро тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо меҳрубониву бахшояндагии хоси худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад”.
Вақти табрики ҳамаи занону модарон Пешвои миллат ба гузаштаҳои дур руҷӯъ карда, бо ҳарорату эҳсоси баланд ҳарф мезананд. Модарро ситоиш мекунанд ва тавассути суханони ҳикматбор на танҳо мо – калонсолонро, балки насли наврасро низ тарбия мекунанд, ба дӯстдории модар ҳидоят менамоянд: “Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад”.
Мо бо чунин Сарвари ғамхору дурандеш ифтихор мекунем. Бовар дорам, ки занону модарони тоҷик ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои рушди миллат фарзандони солиму солеҳ ва донишманду содиқ тарбия  мекунанд.

Муяссара НУЪМОНОВА,
ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2020    №: 72    Мутолиа карданд: 3151
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед