logo

номаҳо

ҲИФЗ АЗ COVID-19. БИЁЕД, БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ман аз ҷумлаи ҳазорон сокини кишвар будам, ки аз телевизион суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо диққат шунидам. Сарвари давлат ба бисёр масъалаҳои барои имрӯзу фардои давлат ва ҷомеа муҳим дахл карданд. Аз ин миён мехоҳам он қисмати суханрониашонро махсус зикр созам, ки ба вазъи буҳронии ҷаҳон аз хуруҷи коронавирус бахшида шуд.

Аз расонаҳо мебинему мешунавем ва қалбҳо фишурда мешаванд, ки дар соири кишварҳо садҳо ҳазор мубталои вируси нав мегарданд, гузашта аз ин, даҳҳо ҳазор аз ин беморӣ мефавтанд. Ҷараёни муқаррарии кору рӯзгори одамон латма хӯрда, айни замон беш аз 4 миллиард нафар ночор узлатнишин шудаанд. Яке аз муқтадиртарин давлатҳои дунё – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба гуфтаи президенташ Доналд Трамп аз дасти Covid-19 гирифтори «фоҷиа ё бадбахтии бузург» гаштааст. Мардум дар Италия, Испания, Франсия, Олмон, Туркия, Эрон ва дигар кишварҳо дар ғояти азобанд.
Хушбахтона, чуноне аз маълумоти вақтҳои охир бармеояд, дар бисёр кишварҳо вазъият тадриҷан беҳтар шуда, ҳукуматдорон карантинро сабуктар месозанд. Албатта, кори як рӯзу ду рӯз нест комилан рафъ сохтани коронавирус, барои ин ҳам вақт даркор ва ҳам ҷидду ҷаҳди бештар.
Дар манзари ин офати глобалӣ сарзамини биҳиштиамон аз ҷумлаи он кишварҳои ангуштшумор аст, ки ҳодисаю фоҷиаи коронавирус рӯй надодааст. Тавре намояндаи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Галина Перфилева расман тасдиқ намуд, ба Тоҷикистон вируси нав роҳ ёфта натавонист. Ин, албатта, натиҷаи маҷмӯи чораҳоест, ки бо роҳбарии Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳо роҳандозӣ карданд.  
Дар мисоли ин ҳама Пешвои муаззам он фикрро барои ҳамаи мо аҳли кишвар бори дигар талқину таъкид намуданд, ки дар иҳотаи кишварҳои вирусзада то имрӯз минтақаи амн мондани Тоҷикистон дастоварди бузург аст, лекин аз ин набояд фориғбол шуд. Яъне, ҳар кадомамон минбаъд ҳам дар ҷойи кору ҳам дар хона озодаю озодакор бошем, саломатии аҳли оиларо ҳифз кунем, ба фарзандон тарзи дурусти рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятиро омӯзонем. Зеро ҳанӯз ҳам ин хатари азим аз байн нарафтааст.
Бубинед, вақте Covid - 19 хуруҷ карда, дунёро гирифт, ҳар кишвар марзашро баста дар фикри худ шуд. Имрӯз мушоҳида мекунем, ки сарони давлатҳо ҳарчи бештар дар фикри ёрию дастгирии ҳамдигар мешаванд. Чунки миёни ин вабои навро ба танҳоӣ шикастан маҳол аст. Пас мо ҳам бояд муттаҳид шуда, ба ҳар гуна овозаю дарвоза ва дасисаҳо дода нашуда, ба таҳлука наафтем. Бояд аҳлона бо риояи дастурҳои табибон коре кунем, ки ҳеҷ гоҳ дар диёри азизамон нишони он пайдо нашавад. Инро мо бояд ба хотири осудагию ободии худ ва аҳли оила, ба хотири Ватани азизамон баҷо орем. 

Бобоҷони ХАЙРИДДИН, устоди ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.04.2020    №: 81    Мутолиа карданд: 3549
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед