logo

порлумон

НОМГУЗОРӢ. ИҚДОМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ ХУДШИНОСӢ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро баррасӣ ва тасвиб кард, ки он шеваи номгузорӣ дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикиро танзим хоҳад кард.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»  дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки он дар иртибот ба иҷрои банди 14 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё – маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 сентябри  соли 2019 баён доштаанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мавсуф ёдрас шуд, ки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, эҳё кардани номҳои миллии тоҷикӣ ва ба танзим даровардани онҳо яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии мо мебошад. Дар хотир бояд дошт, ки асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерумандии ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳию хештаншиносии ӯ ба шумор меравад.
Тибқи  лоиҳа минбаъд насаби кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бо насаби падар ё модар ва ё насаби аз номи падар ё номи падари падар ташаккулёфта бе истифодаи пасвандҳои – ов, - ова, - ев, - ева сабт карда мешавад. Мутобиқи  тағйироти мазкур ҳангоми ташаккул ёфтани насаби шахс пасвандҳои –пур, -дӯхт, низ дар баробари пасвандҳои –ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -иё, -фар истифода мешаванд.  Номи падар бо иловаи пасвандҳои ташаккулдиҳандаи –зод, -зода, -ёр, -иё, -фар, -фур, -дӯхт ва ё бе иловаи чунин пасвандҳо ташаккул меёбад. Дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич манъ карда мешавад. Дар сурати гуногун будани миллати падару модар насаби кӯдак бо мувофиқаи онҳо бо насаби падар ё модар тибқи талаботи қисми 11 – и моддаи 20 сабт  мешавад.
Вазири адлия зикр кард, ки моддаи 20 – и қонуни мазкур аз 11 қисм иборат буда, 10 қисми он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки миллаташон тоҷик мебошад, тааллуқ дошта, қисми 11 – ум ва 12 – уми иловашаванда тартиби номгузории кӯдак ва ташаккули насаби ӯро дар сурати гуногун будани миллати падару модар ба танзим медарорад ва, ҳамчунин, меъёри истисноӣ ва кафолатӣ нисбат ба намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.05.2020    №: 86    Мутолиа карданд: 2602
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед