logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.

КРОССВОРДИ «КАЛИМАҲО»
Аз боло ба поён:
1. Навъи ширинӣ. 2. Паранда. 3. Уқёнус. 4. Капитал, дороӣ. 5. Актёри тоҷик, ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ.
6. Истилоҳи илми биология. 10. «Фақат мекард бар дунё  нигаҳ  бо чашми … » . 13. Ню … . 14. Айни замон, инак. 15. Навъи нӯшокӣ.  
Аз чап ба рост:
7. Саркарда, роҳбар. 8. Сарояндаи эронитабори Амрико. 9. Воҳиди забон. 11. Таъриф, ситоишкардашуда. 12. Дарё дар Россия.
14. « …  хабар надорад, зи  ҷаҳони  одамият». 16. Истилоҳи динӣ. 17. Ромен … , адиби оламшумули фаронсавӣ. 
Мураттиб  Ҳотами ҲОМИД,сокини ноҳияи Рӯдакӣ


ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҲУҚУҚӢ», АЗ 5 ИЮНИ СОЛИ 2020
1. Конститутсия.  2. Ҷиноят.  3. Оила.  4. Уҳдадорӣ.  5. Ҷазо. 6. Шартнома. 7. Соҳибкор. 8. Биржа. 9. Андоз. 10. Буҷет. 11. Алимент. 12. Васӣ. 13. Суд. 14. Президент. 15. Милитсия. 16. Прокуратура. 17. Моликият. 18. Кредитор. 19. Кафолат. 20. Фюҷерсӣ.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҲОҶИМУРОД
ТОҶИКПИСАРЕ, КИ БАР ИВАЗИ ҶОНИ ХУД КӮДАКРО АЗ МАРГ РАҲОНД
Дар «Шоми шанбе» борҳо доир ба қаҳрамонии тоҷикбачаҳое, ки  дар Россия кор ё таҳсил мекунанду ҳангоми ҳодисаҳои фавқулода ҷони худро нисор намуда, русҳоро аз марг наҷот додаанд, нақл карда будем.
Ин навбат Ҳоҷимурод Қаландарови тоҷикистонӣ, донишҷӯи курси аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон (Россия), ҷони худро барои наҷоти кӯдаки дар дарё ғарқшуда нисор намуд. Ин ҳодисаи нохуш 7 июн рух додааст. Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола ҳамроҳи дӯстонаш ҳангоми истироҳат дар соҳили дарёи Белая диданд, ки кӯдаке ғарқ шуда истодааст. Ҳоҷимурод худро ба об андохта, кӯдакро ба соҳил кашид ва аз марг раҳонд, вале гирдоб худи ӯро ба комаш фурӯ бурд. Наҷотбахшон ҷасадашро баъди чанд соат пайдо карданд.
Дар  робита  ба  ин  ҳодисаи фоҷиабор муовини нахуствазири Бошқирдистон Фанур Ягафаров 9 июн ба аҳли оилаи Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори тасаллият намуда, гуфт: «Инсони диловар ва раҳмдилеро аз даст додем, ки нисбат ба тақдири дигарон бефарқ набуд».
Дар баробари ин, Ҷаҳонгир Абдулхайров низ қаҳрамонӣ нишон дода, ҳамроҳ бо Ҳоҷимурод ду кӯдаки ғарқшударо наҷот бахшид. Бино ба нақли ӯ, фарёди «Наҷот диҳед!»-и ду кӯдаки тақрибан 10 – 12 – соларо дар соҳил тақрибан 250 нафар шунид, вале касе ҷуръат накард, ки ба дарёи пуртуғён дарояд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ДАРСГУРЕЗЕ, КИ IQ-АШ АЗ ЭЙНШТЕЙН БАЛАНДТАР АСТ
Барр Никол, духтараки сездаҳсола аз Британияро, ки натиҷаи санҷиши IQ - аш баландтар аз Алберт Эйнштейн ва Стивен Ҳокинг аст, барои таҳсил ба Донишгоҳи Оксфорд даъват карданд.
Никол нақша дорад, ки ба омӯзиши тиб машғул шавад. «Ӯ ҳисобро дар  дусолагӣ омӯхта, дар 10 - солагӣ, аллакай, масъалаҳои мураккаби алгебравиро ҳал мекард», - менависад «The Mail Daily».
Нашрия зикр менамояд, ки бо вуҷуди ин, Барр дар мактаб на ҳама вақт ба машғулиятҳо ҳозир мешуд.  «Ман давомоти на он қадар хуб доштам, модарам маро маҷбур мекард, ки ба мактаб равам», - нақл кард духтарак.
Коэффитсиенти зеҳнии (IQ - и) духтарак аз рӯи  натиҷаҳои санҷиши «Mensa» 162 холро  ташкил медиҳад, ки ин нишондод ду хол беш аз Эйнштейн ва Ҳокинг мебошад. Ҳисоби миёнаи  IQ - и калонсолон  100 хол аст.
Таҳияи Кароматулло АТО


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Дар кабинаи автомобили боркаш ду кас менишаст: шофёр ва тоҷикдухтаре дар либоси духтари шаҳрӣ. Муддате пеш дар он занаке ҳам савор буд. Ҳамон зан буд, ки дар канори Душанбе, дар истгоҳи автобусҳо сар аз даричаи мошин бароварда, ба чанд нафаре, ки дар сояи шипанг меистоданд, хитоб карда пурсид:
- Кӣ ба Фархор равона?
* * *
Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош!
Ҳарифи хонаву гармобаву гулистон бош!
Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ,
Магӯ, ки хотири ушшоқ, гӯ, парешон бош!

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 5 ИЮНИ СОЛИ 2020
Муаззама
А. Лоҳутӣ

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


ДЕВОРИ ТАНҲОӢ
Гоҳо бояд ба даври худ девори танҳоӣ кашид, на ба он хотир, ки дигаронро аз худ дур намоӣ, балки бубинӣ, то кӣ барои диданат деворро хароб мекунад.
 Жан Пол Сартр (файласуфи фаронсавӣ)
Таҳияи Нигина РАҲМОН


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
«Доҳии нисбияти бузург»
Алберт Эйнштейн, муаллифи назарияи нисбият, ҳангоми дар штати Аризона қарор доштанаш, аз як қабилаи ҳиндуҳо низ дидан кард. Вақте ба сокинони қабила фаҳмонданд, ки меҳмони онҳо алломаи бузург аст, аз шодӣ ба ӯ унвони «доҳӣ» доданд ва сарулибоси ба ин мувофиқ тақдимаш намуданд, ки бисёр аҷиб буд. Ва аз ҳама асосӣ, ба меҳмон номи ҳиндуӣ доданд, ки тарҷумааш чунин аст: «Доҳии нисбияти бузург».   
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ПАЙДОИШИ ХАЛТАЧАҲОИ ЧОЙ
Соли 1904 Томас Салливан, соҳиби як мағозаи чой дар Амрико, бо мақсади ҷалби мизоҷон ба навъҳои гуногун навоварӣ кард. Ӯ халтачаҳои хурди абрешимиро ба бастаҳои чой пайваст, то мизоҷон онҳоро чашида тавонанд. Савдогарони дигар дарк намуданд, ки метавонанд дар чунин халтачаҳои абрешимӣ ҳатто хокаи чойро (онро қаблан мепартофтанд) гузошта, аз ин ҳисоб пул кор кунанд. Бо мурури замон абрешими гаронбаҳо, ки ба чой низ таъми аҷибе медод, бо докаи ҳамвор иваз карда шуд.
Корманди ширкати коғаз Фай Осборн қариб 15 солро ба таҳияи намуду сохти халтачаҳои коғазӣ бахшид ва танҳо соли 1935 муваффақ шуд. Ҳоло 50 дарсади (дар ИМА 90 дарсади) чойи ҷаҳон дар чунин халтачаҳои коғазӣ фурӯхта мешаванд.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА


ШАРҲИ ИҚТИСОД
БО ЯК ҶУМЛА
Вақте иқтисоддон Милтон Фридман, барандаи Ҷоизаи Нобел, мушовири Сарвазири Исроил буд, аз ӯ пурсиданд: 
- Тамоми таълимоти “Таврот” ва дини яҳудиро бо як ҷумла баён кардан мумкин аст: раво мадор ба ҳамсояат он чиро, ки ба худ раво намебинӣ.
Шумо метавонед моҳияти иқтисодро низ бо як ҷумла шарҳ диҳед? 
Фридман ҷавоб дод:
 - Бале. Панири ройгонро танҳо дар мушгирак меёбӣ.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ҲАВОПАЙМОИ КАЛОНТАРИНИ ҶАҲОН
Дар осмони иёлати Калифорнияи Амрико ҳавопаймои калонтарини ҷаҳон - Stratolaunch парвоз кард.
Дарозии болҳои он 117 метрро ташкил медиҳад, ки ин аз рекорди ҳавопаймои пешина - Ан-225 «Мрия»-и шӯравӣ (88 метр) зиёд мебошад. Дарозии ҳавопаймо  73 метр аст. Ҳавопаймо бо шаш муҳаррики Pratt & Whitney, ки дар Boeing 747 насб карда мешавад,  таҷҳизонда шудааст ва тавоноии ба ҳаво бардоштани 226 тонна борро дорад. Вазифаи асосии он интиқоли дастгоҳҳои ба кайҳон парвозкунанда мебошад.
Ҳоло дар ҷаҳон ҳавопаймои калонтарин ба ҳисоб меравад.
Таҳияи Сарвиноз ШОДМОНОВА


АМАЛИ КӮЧАК, АММО НАҶОТБАХШ
Рӯзҳои аввали ошкор шудани бемории коронавирус деҳқони музофоти Морон – Сантягои Эквадор Алваро Роман дар саҳифаи иҷтимоиаш хоҳиши ба ниёзмандон, махсусан модарону тифлони ширхор, расондани шири ройгонро баён дошта, бо дархости онҳо аз субҳи содиқ ба тақсим намудани маҳсулот пардохт.
Ин амали як деҳқони одӣ дар муқобили амалҳои хайри афроди саховатпешаи олам ҳеҷ, вале ҳама чиз аст. Зеро бар асари карантин ва манъи рафтуомади нақлиёт аҳолии ин минтақа на танҳо барои пайдо намудани маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла ширу тухм ва гӯшт, танқисӣ мекашиданд, балки ба оби нӯшоӣ низ дастрасӣ надоштанд. Бо ин амал Алваро ҷони чандин нафарро аз қабзаи марг раҳонд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


10 ИҚТИСОДДОНИ БУЗУРГТАРИНИ ҶАҲОН
6. Фридрих Ҳайек (1899-1992)
Иқтисоддони Австрия, намояндаи мактаби нави иқтисодӣ, ҷонибдори либерализми иқтисодӣ ва бозори озод, барандаи Ҷоизаи Нобел дар соҳаи иқтисод (1974).
Унвонҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносиро дар 22-солагӣ ва доктори илмҳои иқтисодро дар 24-солагӣ ба даст оварда, соли 1927 ҳамроҳ бо Л. Мизес  Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Австрияро таъсис дод. Бо ба сари қудрат омадани Гитлер Австрияро тарк карда, қариб то поёни умр дар донишгоҳҳои муътабартарини ҷаҳон дарс гуфтааст.
Ҳайек исбот намуд, ки табодулу истифодаи босамари захираҳо танҳо ба воситаи механизми нарх дар бозори озод имконпазир мегардад.
Назарияҳои асосии иқтисодии худро дар китобҳои «Фоида, фоиз ва сармоя», «Роҳ ба сӯи ғуломӣ», «Худписандии ҳалокатбор. Иштибоҳҳои сотсиализм», «Назарияи пул ва қарз», «Нарх ва истеҳсолот» баён кардааст.
Душмани мудохилаи давлат ба иқтисод ва аз интиқодгарони ашаддии сотсиализм буд. Нахус-тин шуда шикасти ногузири иқтисоди нақшавиро пешгӯӣ кард. Дар тафриқа аз бисёр муътақидони ҳалокати сотсиализм, тайи умри 93-сола ӯ тавлид ва пошхӯрии Давлати Шӯравию иқтисоди нақшавии онро дид.
Соли 1991 ба  гирифтани ҷоизаи олии ИМА – Нишони президентии "Озодӣ" мушарраф гашт.
Таҳияи А. ҚУДРАТУЛЛО


ИН ҲАМ МЕГУЗАРАД
200 сол муқаддам дар Ирландия беморие хуруҷ карда, ҳамагонро ба таҳлука оварда буд. Ин вабо дар таърих бо номи «гуруснагии картошкагин» ёдовар мешавад. Бемории мудҳиш қабилаи ҳиндуҳои Амрикоро бетараф нагузошт. Онҳо барои раҳоӣ аз гуруснагӣ ба ирландиҳо ба маблағи 170 доллар кумак расонданд. Ин маблағ дар он замон ёрии калон шумурда мешуд. Ва инак, бо гузашти ду аср таърих такрор гардид. Дар минтақаи Навахо ва Хопиро, ки мавзеи сукунати ҳиндуҳои амрикоӣ мебошад, бемории сироятии коронавирус нуфуз кард. Дар ин ду минтақа 2474 ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории навъи COVID – 19  ба қайд гирифта шуд. Акнун  ирландиҳо бо донистани таърихи гузаштаи хеш дар ин  лаҳзаҳои ҳассос яке аз аввалинҳо шуда, ба кумаки мардуми мусибатзада шитофтанд ва ба ҳиндуҳо ба маблағи 2,5 миллион доллар барои мубориза бар зидди ин вабои  аср ёрӣ расонданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲЕДИ ЛАМАРР
Ҳеди Ламарри австриягӣ, ҳунарманди  шинохтаи  кинои Амрико, замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ  физика ва  имконоти нави сигнали кодгириро омӯхт. Вай барои  интиқоли маълумот усулеро коркард намуд, ки ба воситаи монеа пахш кардани он имконнопазир аст.  Патенти ихтироъкориро  ӯ  ҳамроҳи дӯсташ - оҳангсоз   Ҷорҷ Антейл ҷиҳати саҳмгирӣ  дар мубориза бо фашизм  ройгон ба Ҳукумати ИМА дод. Патентеро, ки метавонист ҳаёти инсониятро ҳифз намояд,  нодида гирифтанд ва танҳо пас аз гузашти 50  сол аз он ёдовар шуданд. Усуле, ки Ламарр пешниҳод намуд, барои технологияи муосири Wi - Fi ва Bluetooth асос гардид.  Ҳоло зодрӯзи хонуми ихтироъкор - 9 ноябр Рӯзи ихтироъкорони  кишварҳои  олмонизабон аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ИШТИБОҲҲОИ ЗАБОНИИ  ПРЕЗИДЕНТҲО
Ман фарқи байни ҳокимияти қонунгузор ва иҷроияро ёд дорам. Онҳо қонун мебароранд ва ман иҷро мекунам.
* * *
Мо олиҳимматарин кишвари ҷаҳонем. Мо хеле олиҳимматем. Ман фахр мекунам, ки мо кишвари олиҳимматем. Бо вуҷуди олиҳимматӣ, мо набояд худситоӣ кунем, ки олиҳимматем.
Ҷорҷ Буш, Президенти собиқи ИМА
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА, донишҷӯ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
26.  Навад миллион доллар зарари майдони «Ҳартфорд Колизей»
18 январи соли 1978 бахт ба рӯи мухлисони футбол дар майдони «Ҳартфорд Колизей» хандиду ба таври муъҷизавӣ аз марг раҳоӣ ёфтанд. Ҳамагӣ баъди чанд соати поён ёфтани бозӣ – вақте мардум аллакай дар хонаҳояшон буданд, боми оҳанини майдон болои нишастгоҳҳояш фурӯ рафт. Тавре баъдтар маълум карданд, ҳодисаи мазкур аз хатои меъморон сар зада будааст. Аниқтараш мутахассисе, ки сохтори майдонро барномасозӣ кардааст, пояҳои асосиро ба вазни тозаи бом мувофиқ кунонда, таъсири боду борон ва хусусан вазни барфи тарро ба инобат нагирифта будааст. Ҳамон рӯзи даҳшат яке аз пояҳои асосии бино маҳз аз таъсири вазни барфи тар каҷ ва сипас, боиси фурӯравии  тамоми бом шудааст.

27.  Калиде, ки метавонист «Титаник» - ро наҷот диҳад
Бисёриҳо медонанд, ки дар рӯзи фалокати «Титаник» экипажи киштӣ дар ихтиёри худ ягон дурбин надошт. Аммо сабабаш шояд барои кам касоне рӯшан бошад. Асли воқеа ин аст, ки ёрдамчии капитан Дэвид Блэр аз саросемагӣ ба посбонони дидбонгоҳҳои пеши киштӣ додани калиди сандуқчаеро, ки дар он дурбинҳо нигоҳ дошта мешуданд, фаромӯш карда буд.  Маҳз барои ҳамин гуноҳаш дар лаҳзаҳои охир аз вазифа озод шуда будааст. Албатта, бовари кас намеояд, вале ҳамин як пораи металл метавонист ҷони садҳо нафарро аз ғарқшавӣ наҷот диҳад. Бино ба гуфтаи муҳаққиқон, агар ҳамин як хатои кӯчаки Дэвид намешуд, маллоҳони посбон бо дурбинҳо кӯҳи яхинро медиданд ва эҳтимол фалокатро низ пешгирӣ менамуданд.
Зимнан, баъдтар ҳамин як калиди хурд дар музояда ба қимати 90 000
фунт стерлинг  фурӯхта шудааст.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


НАҚШИ ГУБЕРНАТОРРО НАБОЗИДААМ
Журналисте аз Роналд Рейган (минбаъд 8 сол Президенти ИМА буд), ҳунарпешаи касбии театру кино, ки чанд рӯз пеш дар интихобот барои мансаби волии иёлати Калифорния пирӯз шуда буд, пурсид:
- Шумо чӣ гуна волӣ (губернатор) хоҳед буд?
- Намедонам, ҳанӯз нақши волиро набозидаам, - посух дод Рейган.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН


КУЛОҲИ ЭЙНШТЕЙН
Аллома Алберт Эйнштейнро дар хонаи яке аз дӯстонаш зиёфати шоҳона доданд. Вақти гусели меҳмон, ки борон, ба қавле, ба лаби табақ мерехт, соҳибхона пешниҳод  кард, ки устод кулоҳи яке аз дӯстонро пӯшад, то  тар нашавад. Эйнштейн гуфт:
- Ман медонистам, ки шаб борони сел меборад, барои ҳамин кулоҳамро нагирифтам.
- Барои чӣ?  - ҳайрон шуда, пурсид соҳибхона.
-- Охир, кулоҳ аз мӯйи сари ман дида, дертар хушк мешавад-ку, - бо табассуми ба худ хос гуфт физик.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


МЕҲМОННАВОЗИИ ЯПОНӢ
Президенти 39-уми Амрико Ҷимми Картер ҳини сафар дар Япония хост шӯхӣ кунад, аммо қисмати ҳазли омодакардаашро фаромӯш намуд ва он номуваффақ баромад. Бо вуҷуди ин, мушоҳида намуд, ки ҳозирон аз таҳти дил механданд. Ҳайрон шуда, аз тарҷумон пурсид:
- Ба онҳо чӣ гуфтӣ?
- Ҳазлатонро дуруст нафаҳмидам, аз ин рӯ, ба онҳо гуфтам, ки «Президент шӯхӣ кард, ҳама бояд биханданд».
Таҳияи Манижаи НАЗРУЛЛОҲ, донишҷӯ


ШОҲЗОДА ФИЛИПП
Ҳамин ки шоҳзода Филипп аз ҳудуди Британия берун мешуд, сиёсатмадорони кишвар «доруи дарди дил» мекофтанд: шоҳзода ҳатман ягон гапи носанҷидае мегуфт ё беназокатие содир мекард, ки боиси ҷанҷоли байналмилалӣ мегардид. Масалан, соли 1986 дар Чин ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯёни британӣ «ғамхорона» гуфт:
- Агар дар ин кишвар муддати зиёд бимонед, чашмони шумо ҳам танг мешаванд.
Таҳияи С. НИЛУФАР


МИКРОФОНРО АЗ ЁД НАБАРОРЕД!
Соли 1984 Роналд Рейган, Президенти 40-уми ИМА, дар назди микрофон (баландгӯяк) нутқи радиоиро машқ кардан хост. Надонист, ки микрофон пайваст аст ва худ ба худ истеҳзоомезона берун аз нутқи асосӣ гуфт:
- Ҳамватанон! Ман барои ғайриқонунӣ эълон кардани Иттиҳоди Шӯравӣ фармон имзо кардам, 5 дақиқа пас бомбаборон сар мешавад.
Ҳамон лаҳза ҳазорҳо амрикоӣ ба паноҳгоҳҳо давиданд. Ба онҳо фаҳмондани асли гап (иштибоҳ) хеле мушкил омад. Дар СССР бошад, ба ин гап ҳатто аҳамият надоданд.
Таҳияи Ш. МАНЗУРА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2020    №: 108    Мутолиа карданд: 837
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед