logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Давлатҷон Комилзода аввалин доктори илм  ва академики соҳаи парандапарварӣ  доир ба коркард ва  такмили  технологияи саноатии истеҳсоли  тухм  ва гӯшти паранда  дар  Тоҷикистон ва  Осиёи  Марказӣ   мебошад.
Ӯ соли 1950 дар ноҳияи Деваштич ба дунё омада, Донишгоҳи аграрии  Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва баъдан аспирантураи Академияи кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви шаҳри Москваро  хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро  дар Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) оғоз намуда, дар вазифаҳои озмоишгар, ходими илмӣ,  мудири озмоишгоҳу шуъба, муовини директор оид ба корҳои илмӣ кор кард. Солҳо содиқона дар  вазифаҳои  котиби илмӣ,  сардори  раёсати илмию ташкилии  АИКТ  ва саркотиби илмии ин муассиса фаъолият бурд.
Фаъолияти илмии Давлатҷон Комилзода доманадор буда, ба селексия ва технология бахшида шудааст. Доир ба усулҳои сердаромад намудани истеҳсоли тухм дар шароити Тоҷикистон  рисолаи докториро дар Москва   дифоъ намуда, узви вобастаи АИКТ ва соли 2015 академики АИКТ интихоб гардид. Ӯ асосгузори мактаби илмӣ ва таълимии  соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон аст. Бо ташаббусу роҳбарии ӯ бори аввал дар Институти чорводорӣ озмоишгоҳу шуъбаи илмӣ доир ба парандапарварӣ,  дар факултети зооинженерии ДАТ бахши «зоотехник-парандапарвар»,  инчунин, кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи таҳқиқоти бисёрсола  ва ҷомеъ бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ се дурагаи мурғони сертухм офарида шуда, панҷ  кроссҳои  сермаҳсули мурғон,  мурғобию мурғи марҷон  ва  се зоти бедона муайян гардид ва дар истеҳсолоти хоҷагиҳои парандапарварии ҷумҳурӣ татбиқ шуд. Инчунин, технологияи самараноки парвариши чӯҷаҳои мурғу мурғобӣ, реҷаҳои нигаҳдории мурғони сертухм  ва беҳтар намудани  сифати тухми онҳо  тарҳрезӣ гардидааст. Бори аввал хӯрокиҳои ғайрианъанавии серсафедаи маҳаллӣ (чойҷуворӣ, третикали) ва иловаҳои минералдор (бентонит, палигорскит, оҳаксанг)  омӯхта шуда, меъёрҳои самараноки истифодаи онҳо дар вояи чӯҷаю мурғон ва бедонаҳо кор карда шуд, ки аз он хоҷагидорон васеъ истифода менамоянд.
Натиҷаи корҳои илмии ӯ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ, деҳқонию инфиродии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар амал васеъ татбиқ гардида, барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо,  бештар гардидани  истеҳсоли   тухму гӯшти паранда ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамоянд. Давлатҷон Комилзода дар пешбурди фаъолияти КВД  «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» мунтазам ёрии машваратию амалӣ мерасонад. Бо ташаббус ва иштироки мавсуф Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ, Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ тарҳрезӣ гардидааст. Инчунин, бо раҳбарии  ӯ лоиҳаи Стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тухми озуқавии мурғ»  таҳия  ва тасдиқ шуд.
Комилзода муаллифи дусаду ҳафтод асари илмӣ, аз ҷумла чордаҳ китобу рисола, тавсиянома ва дастурамали таълимию методӣ, таклифҳои беҳсозию навоварӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ ёздаҳ номзаду доктор рисолаи илмӣ дифоъ кардаанд. 
Номбурда барои хадамоти илмиву амалии хеш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нишони фахрӣ»-и Ҷамъияти «Дониш»,  ҷоизаи АМИТ ба номи академик С.Умаров, унвони Олими беҳтарини илми кишоварзӣ ва  Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ қадр шудааст.

Н. АСОЗОДА,
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,
С. САИДЗОДА, ноиби президенти АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12..06.2020    №: 108    Мутолиа карданд: 2404
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед