logo

фарҳанг

ФАСОД. ТО КУҶО ОНРО ШИНОХТАЕМ?

Имрӯз фасод дар тамоми дунё мавқеъ ва манзалати хос пайдо кардааст. Албатта, натиҷаи он табоҳӣ, харобӣ, нобудӣ мебошад, ки оламиён дар он камтар андешидаанд.

Ин вожа дар  тиб чун истилоҳ ба кор бурда мешавад ва ба маънии пӯсидагӣ ва чиркӣ шудани узв аст. Барҳақ, агар фасод дар ҷисму рӯҳи мо ва ҷомеа ҷойи шоиставу сазоворро касб бикунад, бар асари пӯсидагӣ ва чиркӣ гардидан умеди беҳ зистану пойдор монданро бояд аз ёд бибарем.
Баъзе аз фасодҳо бисёр ошкоранд ва дар шинохташон кас ранҷ намекашад. Ҳарчанд бархе аз аҳли фасод онҳоро дар пушти пардаҳо ниҳон намудан мехоҳанд, аммо офтобро наметавон бо доман пӯшид. Ин гурӯҳ бо нидо ва садои баланд ҳарчанд мегӯянд, ки мо аз фасод дурем ва бояд муслиҳамон бихонанду эътироф  бинамоянд, аммо дар асл чунин нест. Зуд ошкор ва маълуми аҳли ҷомеа мешаванд. Барои аз рӯи онҳо парда бардоштан ва пок сохтани ҷомеа ниҳодҳои махсус, қонунҳои интизомӣ  таъсис дода шудаанду амал мекунанд. Натиҷаи амали шоистаашон зуд эълом мегардад, то барои дигарон дарси ибрат бошаду аз он парҳез бинамоянд.
Фасодро ҳолиё бархе танҳо иборат аз ришва додану ришваситонӣ донистаанд. Ҳол он ки ба ин маҳдуд намешавад. Албатта, ҷойи таассуф аст, ки бо вуҷуди фаъолияти пурсамар ва густариши ниҳодҳои махсусу қонунҳои интизомӣ сол ба сол шумораи ин гурӯҳи фасодкорон меафзояд ва барои иҷрои амалҳои номатлубашон равишу усулҳои гуногун ихтироъ мекунанд.
Чанд сол  пеш аз рӯи натиҷагирӣ дар амали ришвадиҳиву ришваситонӣ соҳаи маорифи кишвар дар ҷойи аввал қарор дошт. Дар ин сурат чӣ гуна метавонистанд умед бубанданд, ки пеши роҳи ин амали номатлубро ба осонӣ метавон гирифт? Кас ҳатман ба ин хулоса меояд, ки тарбия он мавқеи пешини худро аз даст додааст. Агар «мураббӣ» худ ба ин гуна фасод рӯ меораду даст мезанад, войу сад вой бар ҳоли тарбиятгирандагонаш. Ин гурӯҳ худ барои равнақу густариши фасод имкон фароҳам меоранд.
Ҳолиё ин андешаи нодуруст роиҷ аст, ки агар ба фасод рӯй наорӣ, якат ду ва зиндагият беҳ намешавад. Мутаассифона, мисолҳои бисёр дар ин маврид меоранд ва аз шахсиятҳои барҷастаи ҷомеа ном мебаранд. Ба бахти мо ниҳодҳои махсус фаъолияти чашмрас доранд ва онҳо сарвати давлатро ҳимоя мекунанд. Аммо бисёр аз сарватҳои мардум, хосса сарватҳои маънавӣ аз назарҳо дур мемонанд ва ба табоҳиву харобӣ мувоҷеҳ мешаванд.
Ба яқин, агар фасод ин гуна домангири  ҳама бигардад ва онро як амали муқаррарӣ, безарару зарурӣ бишуморанд, чи мардуме қонунҳои интизомиро назорат мебаранду иҷро мекунанд. Дар ин маврид эътимод ба ниҳодҳои қудративу интизомӣ намемонад ва мавҷудияти қонунҳо эътиборашонро аз даст медиҳанд. Андешидаем, ки зиндагӣ дар ин гуна ҷамъият чӣ гуна хоҳад буд?
Агар бархе худро ба сохтакорӣ муслиҳ бихонанд ва эълом бидоранд, ки амалашон ба фасод ҳеҷ иртибот надорад, гурӯҳе дигар барҳақ намедонанд, ки амалашон ба фасод алоқаманд аст. Чаро? Чунки ба зоҳир амалҳояшон фасод нест. Яъне шинохти фасод дасташон надодааст. Батадриҷ он ба ахлоқашон таъсири манфӣ мегузорад. Ба ин васила барои фасод замина фароҳам меояд. Нифоқ, ҳасад, созиш ба мавқеъву амалҳои номатлуб аз ҷумлаи онҳост. Агар андак нек тааммул бикунем, ба осонӣ дармеёбем, ки фасодҳои бузург аз ин ҳама маншаъ гирифтаанд. Арзишҳои инсонӣ дар мавриди мазкур аз ин гурӯҳ салб мешавад, онҳоро тарк  мегӯянд. Вақте дар инсонҳо ин арзишҳо маҳв мегарданд, дар натиҷа ба аъмоле бо муҳаббат рӯ меоранду даст мезананд, ки аз инсонҳои солим онҳоро ҳеҷ кас, ҷуз худашон ва монандаашон, интизор нест. Дар ин сурат  ахлоқи инсониро аз даст медиҳанд ва фасодҳо бо зебу зинатҳои хосса дар зиндагияшон зуҳур мекунанд. Фасодҳо ба амалҳои муқаррарӣ ва зарурӣ табдил мегарданд. Воқеан, агар инсоният аз инсонҳо гирифта шавад, ӯро аз ҳайвонот низ пасттар мегардонад. Аз ин рӯ, динҳои ростин ва адабиётҳои асил дар ҳама давру замон тамоми саъю талошашон бар ин буданд, ки инсоният ё худ одамият аз миён наравад. Инчунин, инсон асли худ ва рисолати худро дар дунё бишиносаду онро иҷро бикунад.
Ҷойи бас таассуф аст, ки зиёӣ ҳам, адиб ҳам, албатта, на ҳама, ё тамошогар мебошанд ва ё ситоишгари аҳли фасод, ки ба ин роҳ сарват андӯхтаанд, зиндагияшонро гӯё беҳтар аз дигарон сохтаанд.
Дар асре, ки воқеан, тамаддун пеш рафта ва инсон ба кайҳон роҳ ёфтааст, ривоҷи фасод ҳеҷ нобахшиданист. Ин ҳама касро ба чунин хулоса меорад, ки дар тарбияи инсонҳо бисёр ғафлат варзидаем ва ҳақиқатро аз ёд бурдаем. Агар ҳам даъвӣ пеш меорем, ки ҳаргиз чунин нест ва барои тарбия дар мактаб соатҳову маблағҳои зиёд ҷудо гардидааст, амалҳои ошкоро бар асари фасод он ҳамаро ботил месозад. Тарбияи ахлоқи инсонӣ танҳо вазифаи мактабҳо нест, хонавода, муҳит, ҷомеа низ бояд дар он саҳми арзанда бигиранд. Нахуст лозим аст, ки худамон тарбиядида бошем, тарбияи дуруст, бо шинохти ҳақиқат, рисолату масъулияти бузурги инсонӣ. Агар мо битавонем, ки инсон, инсони ҳақиқиро бисозем, ҳама мушкилоти дигар ба осонӣ рафъ мегардад, аз миён меравад ва барои фасод дар ҷомеа андак ҷой ҳам намемонад. Агар ин  ҳақиқатро медонему мешиносем, бояд тадбирҳои дурусту муосирро сари вақт бо эҳсоси дилсӯзӣ барои оянда биандешему дар иҷрояш андак ҳам ғафлат наварзем. Мабодо ин гиреҳеро, ки ҳолиё метавон бо ангуштон кушод, бо дандон бикушоем ва аз ҳама бад - муваффақ нагардем.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2020    №: 110    Мутолиа карданд: 375
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед