logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Тақдири волои мо - ҷавонон аст, ки ҷангро надидем, вале наворҳои телевизиону матолиби нашршуда дар матбуотро вобаста ба даргириҳои солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мебинему ба худ меандешем, ки ин неъмати бебаҳои даврони истиқлолият - сулҳу ваҳдати миллиро ба қимати ҷони худ бояд ҳифз кард.

Имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст. Боиси ифтихору сарфарозист, ки Президенти маҳбуби кишвар аз рӯзҳои аввал, дар замони ҷанг ҳам татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари таваҷҷуҳи худ қарор медоданд, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар идома дорад. Ҳанӯз 2 феврали соли 1993 Сарвари давлат бо ҷавонони мамлакат мулоқоти хосе доир намуданд, ки аҳамияти таърихӣ касб кард. Он вақт оташи ҷанг ҳанӯз ҳам хомӯш нагардида, дар баъзе ноҳияҳо садои тиру туфанг ба гӯш мерасид. Пешвои миллат дар суханронии худ дар ин дидор иброз намуда буданд: “Имрӯз дар ин толор ман чеҳраҳои кушоди  шумо, гармии чеҳраи ҷавонони кишварро эҳсос мекунам. Мақсад доштам қаблан бо падарону пирону барнодилони рӯзгордида мулоқоте доир намоям, чунки онҳо зиндагиву ҳастии худро барои обод намудани ҷумҳурӣ сарф кардаанд. Аммо ҷавонии шумо  ақидаамро дигар кард, маро водор сохт, ки аввал бо шумоён вохӯрӣ намоям. Мехоҳам, ки дар ин суҳбати рӯёрӯй андешаҳои худро иброз дошта, ҳадафҳоямро фаҳмонам. Дар ин толор ҷавононе ҳастанд, ки барои пешравии ҷомеаи мо маслиҳату пешниҳодоти муфид медиҳанд...”
Ин суханҳои пурмуҳтавои Сарвари давлат ишора ба он  дорад, ки, воқеан, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа такя мекунанд. Ҳоло сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, дар ростои ин амр ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат ва ба умури давлатдорӣ ҷалб намудани шумораи бештари онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар ёд дорем, ки вобаста ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон Пешвои муаззами миллат ҳанӯз 22 сол қабл, аниқтараш 16 майи соли 1998 ҳангоми вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар таъкид намуда буданд: “Мо бояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар ҳисобида, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, афзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриди таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем”.
Ин гуна таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва гузашта аз ин, боварию эътимоди Пешвои миллат мо - насли ҷавони кишварро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватан дар эъмори давлати пешрафтаю мутараққӣ ёварони ҳақиқии Сарвари бунёдгару созандаи хеш бошем.

Манучеҳр ЛАТИФОВ,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 217
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед