logo

иҷтимоиёт

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: ИМКОНИЯТ Ё ХАТАР?

Тибқи омор, дар ҷаҳон беш аз 4,5 миллиард истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуданд. Шабакаҳои маъмултарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Facebook», «YouTube», «WhatsApp», «Мessenger» ва «Instagram» мебошанд. «Facebook» чун шабакаи маъмул, дар бештари мавридҳо барои фаъолияти сиёсӣ, масъалаҳои молиявӣ ва ғайра истифода шуда, тадриҷан дигар истифодабарандагон – иштирокчиёни шабакаҳои иҷтимоиро ба худ ҷалб кард. Системаи мубодилаи паёмнависии фаврии он барои доираи васеи истифодабарандагонаш имкониятҳои хосро фароҳам овардааст.

«ВКонтакте» ва «Одноклассники» шабакаҳои иҷтимоии русӣ буда, қобилияти эҷоди матнҳои дароз ва гузарондани мубоҳисаҳоро доро мебошанд. Онҳо барои мубодилаи иттилооти визуалӣ, ба монанди акс ва видео бештар мувофиқанд. Маҳз дар ин гуна шабакаҳои иҷтимоӣ қисми зиёди истифодабарандагон ба муоширати маҷозӣ сару кор доранд. Ин фазои маҷозӣ аз олами воқеӣ на танҳо бо миқдори иттилоот, суръати дастрасӣ ва шумораи тамосҳои имконпазир фарқ мекунанд, балки бо заиф будани сатҳи назорат аз ҷониби волидайн ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафовут доранд.
Боиси таассуф аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ баъзан барои амалисозии мақсаду ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро истифода мешаванд. Хатари шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин гурӯҳҳо асосан дар инкори арзишҳои умумибашарӣ  ва таблиғи амалҳои ношоиста, аз ҷумла нашъамандӣ, майзадагӣ, қонуншиканӣ, коррупсия, таблиғи зӯроварӣ, бадахлоқӣ ва  намудҳои дигари ҷиноят зоҳир мегардад.
Бояд гуфт, ки экстремизм бо ҳама шаклҳои мураккаби зоҳиршавиаш падидаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим инсоният ба он бархӯрд дошт. Хатару таҳдиди экстремизм ва оқибатҳои манфии он Юнону Руми қадим, ҳамзамон, ҷомеаҳои асримиёнагӣ ва замони муосирро думболагирӣ менамуданд, вале дар замони муосир шеваи амали онҳоро имкониятҳои воситаҳои иттилоотӣ куллан тағйир доданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шунаванда ва хонанда зиёд буда, барои навиштани эзоҳи кӯтоҳ ва муҳокимаву мулоҳиза шароити кофӣ мавҷуд аст. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, фазои интернет барои доираҳои идеологию ақидатӣ, хусусан ташкилотҳои экстремистӣ қулай мебошад. Дар дилхоҳ ҷой ва қаламрав, бароҳат ва бо хатари камтарин барои худ ба мағзшӯии ҷавонон даст мезананд. Интернет ва хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо чун «минбар»-и асосии паҳнкунандаи андеша ва назарҳои ифротӣ маҳсуб меёбанд. Албатта, ғайр аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои экстремистӣ сомонаҳои худро доранд ва пайваста суроғаҳои худро иваз менамоянд. Инчунин, шумораи зиёди сомонаҳое мавҷуданд, ки мустақиман ба терроризм алоқаманд нестанд, вале террористонро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд.
Воситаҳои таъсири иттилоотие, ки ҷалбкунандагон ва паҳнкунандагони ғояҳои ғайриқонунӣ онҳоро истифода мекунанд, нав нестанд. Инҳо воситаҳои куҳна ва маъруфанд, аз қабили таҳрири хабарҳои ғаразнок, истифодаи риторикии пуртаъсир ва ғайра. Аксари корбарон вақте сарлавҳаи ҷолибро мебинанд, бо пахши тугмаи «маъқул», «шарҳ» ё «мубодила» раванди паҳншавии овозаҳоро такон мебахшанд.
Усули ягонаи мубориза бо чунин мавҷи паҳншаванда ин дубора санҷидани маълумот мебошад. Албатта, мақомоти судӣ метавонанд ин ё он матнро ҳамчун маводи экстремистӣ эътироф кунад, аммо дарки  нишонаҳои экстремизм дар матн барои истифодабарандагон низ чандон душвор нест. Пас, агар матн дорои хусусияти зӯроварӣ, даъват ба тағйири системаи сиёсӣ, муроҷиатҳои оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ё асосноккунии терроризм, аз ҷумла барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ё мазҳабӣ, бартарӣ ё паст будани шахс дар асоси мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ё забонӣ бошад, бояд аз он эҳтиёт намуд.
Ҳамин тавр, дар шароити муосир истеҳсол, интиқол ва истифодаи иттилоот ба ҷузъи муҳими муносибатҳои иҷтимоӣ ва амнияти миллӣ мубаддал шуда, зарурати андешидани чораҳои муассири пешгирӣ аз хатарҳои онро боз ҳам дучанд менамояд.

Хусрав АЛИЗОДА,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2020    №: 111    Мутолиа карданд: 486
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед